Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Нигоҳи нав» бесарпараст монд


Ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрии ҷавонон «Нигоҳи нав», ки қарор буд, аз 16-ум то 22-уми май баргузор шавад, шояд ба далели худдории сарпарастон аз таъмини молии ин маърака ба таъхир афтад.

Ҷашнвораи театрии ҷавонон - "Нигоҳи нав" - ба далели набуди сарпараст метавонад ба таъхир биуфтад. Ин 3-юмин ҷашнвораи «Нигоҳи нав» аст, ки қаблан барои баргузориаш озмуни хосе ҳам эълон шуда буд ва зқарор буд, аз 16 то 22 май доир шавад.

Далери Имомалӣ, масъули фарҳангии ҷашнвора рӯзи 6-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарчанд то рӯзи баргузории ҷашнвораи «Нигоҳи нав» бештар аз 10 рӯз боқӣ мондааст, аммо ҳанӯз маблағи ҷашнвора аз сӯи сарпарастон ба буҷаи онҳо ворид нашудааст.

Далери Имомалӣ мегӯяд, ҷашнвораи имсолаи «Нигоҳи нав»-ро мебоист Сандуқи Сорос ва Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон сармогузорӣ мекарданд. Масъулони Сандуқи Сорос гуфтанд, ки омодаанд, маблағи ваъдагиро бипардозанд, аммо дар моҳҳои баъдӣ, зеро ба гуфтаи масъулони ин созмон, дар ҳоли ҳозир маблағи онҳо ба дигар лоиҳаҳо равона шудааст.

Сарпарасти дигари ин ҷашнвора ки Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон аст, гуфтааст, метавонад танҳо ҷашнвораи соли ояндаро сарпарастӣ кунад на «Нигоҳи нав»-2014-ро. Аммо Далер мегӯяд, онҳо мехоҳанд, ҷашнвора дар рӯзҳои муайяншуда, ки дар ҳафтаи ҷавонон рост меояд ва ҳам меҳмони худро аз Норвеҷ дар ҳамин рӯзҳо даъват кардаанд, доир шавад.

Далери Имомалӣ масъули фарҳангии ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрии ҷавонон «Нигоҳи нав» дар як сӯҳбати ихтисоси бо Озодӣ нахуст аз мушкилоти молии ҷашнвора гуфт:
Далери Имомалӣ: «Мушкили асосӣ ин аст, ки алакай ҳафтаи оянда, яъне аз 12 то 16-уми май бояд мастер-классҳо шурӯъ шаванд. Аммо ба ҳисоби ҷашнвора ягон дирам маблағ нагузаштааст. Танҳо вазорати фарҳанги Тоҷикистон талош дорад, бо супориши бевоситаи вазир барои баргузории фестивал театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидовро ҷудо кунад. Вале ҳоло ин ҳам аниқ нест, зеро дар як сӯҳбати рӯ ба рӯ бо ман директори театри ҷавонон гуфт, ки наметавонам бепул толори театрро ба шумо диҳам».

Озодӣ: Маблағе ки бояд сарпарастон мегузаронданд, то куҷо барои баргузории ҷашнвора зарур аст?

Далери Имомалӣ: «Маблағ асосан барои иштирокчиёни фестивал сарф мешавад. Барои онҳо бояд пули ҷои хобу хӯрокро дод. Баъдан истифодаи телефону интернет, ва нақлиёте, ки барои корҳои ташкилии фестивал лозим анҷом мешавад сарф хоҳад шуд. Ҳамчунин дар сатҳи зарурӣ гузаронидани чорабинӣ чароғҳои муосир, рассому дизайнер даъват кардан даркор. Барои ҳамаи ин маблағ лозим аст. Инчунин барои ҳавасмандсозии гурӯҳҳои иштирокчӣ дар ҷашнвора, ки намоишномаи худро пешкаш мекунанд».

Озодӣ: Метавонед бигӯед, ки барои баргузории ин ҷашнвора чӣ миқдор маблағ лозим аст?

Далери Имомалӣ: «Маблағе, ки мо имсол дар буҷаи фестивал пешбинӣ карда будем, ҳудуди 39 ҳазор долларро дарбар мегирифт, ки мутаассифона, то ҳол дираме ҳам ба даст наомадааст.»

Озодӣ: Қарор буд, дар ҷашнвора панҷ гурӯҳи театрӣ намоишномаҳои худро пешкаши тамошобинон кунанд, аммо ҳоло як гурӯҳ аз иштирок дар фестивал даст кашид, чаро?

Далери Имомалӣ: «Бале, аз 18 намоишномаи театрӣ 5 намоишнома аз назари ҳайати ҳакамон гузашт ва ба фестивал роҳ дода шуд. Вале аз сабаби он ки ҷашнвора бемаблағ монд, як гурӯҳи ҷавонон аз ширкат дар ин чорабинӣ даст кашиданд. Шояд онҳо дуруст ҳам карданд, зеро ҷавонанд ва онҳоро ноумед карданд».

Озодӣ: Агар дар як ҳафтаи оянда сарпарасте пайдо нашуд, пас ҷашнвора лағв мешавад?

Далери Имомалӣ: «Шояд фестивал баргузор шавад, аммо дар сатҳи пасти ташкилӣ. Агар барои мо бино ҳам надиҳанд, мо метавонем дар кӯчаҳо фестивалро баргузор кунем. Чун шиори мо ҳам «МАН, ТУ, ВАЙ, МО ДАР ЯКҶОЯГӢ МЕТАВОНЕМ!» аст. Вале ин ба обрӯи вазорати фарҳанг ва ҳам кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ латма мезанад, зеро ин чорабинӣ махсус дар остонаи Ҳафтаи ҷавонон роҳандозӣ шудааст.»

Озодӣ: Чаро бо вуҷуди мушкили молӣ ва набудани сарпараст аз баргузории ҷашнвора даст намекашед?

Далери Имомалӣ: «Медонед, дар ду соли ахир, ки ҷашнвора баргузор мешавад, беш аз 50 ҷавони ҳунарманд талош доранд, дар чунин як чорабинӣ ширкат карда, дарсҳои устоду шогирдӣ гузаранд. Аз ин рӯ, намехоҳем умеди ин ҷавонон шикаста шавад. Зеро ҷашнвори ҷумҳуриявии театрии ҷавонон «Нигоҳи нав» ягона майдонест дар соҳаи театр, ки имкон медиҳад, ҷавонон ҳунарашонро нишон диҳанд.»
XS
SM
MD
LG