Ҷашнвораи мазкурро гурӯҳи ҷавонони ташаббускор зери сарварии Далери Эмомалӣ ва Шоҳҷамшед Умари Раззоқзода ва сарпастии Институти Ҷомеаи Кушода-Бунёди Мадад доир менамоянд. Дар он 10 гурӯҳи театрӣ намоишҳои худро пешниҳод мекунанд, ки 4-тои он ғайриозмунист.
Дар ин бора Арҷманди Раҳматулло, яке аз масъулони ҷашнвора дар сӯҳбат ба «Озодӣ» изҳор дошт. Ба иттилои ӯ барномаи озмунро маҳфили мубоҳисаи ҷавонон оғоз мекунад, ки бо ибтикори Созмони ҷамъиятии «Ҷавонони асри ХХI» сурат мегирад. Дар ин ҳамоиш ҷавонон масоили рӯзгори худашонро ба баҳсу баррасӣ мекашанд, ки оё имрӯз барои ҷавонони эҷодкор шароит муҳайё ҳаст ё не, оё ҷавонон метавонанд имрӯз худро муаррифӣ кунанд?
Ҳамзамон дар доираи ҷашнвора дарсҳои устод-шогирд бо ширкати коргардону ҳунармандон ва вохӯрӣ бо Мушаррафа Қосимова, Ҳабибулло Абдураззоқов, Темур Зулфиқоров, Нур Табаров, Марат Орипов ва дигар шахсиятҳои маъруф баргузор мегардад. Ширкати меҳмон аз ҷумҳурии Қазоқистон низ дар назар аст.
Баргузории ҷашнвораи театрии ҷавонон дар ҳолест, ки Маҳмадулло Табаров, театршиноси тоҷик аз намоишҳои коргардонҳои ҷавон интиқод кард. Ӯ гуфт, имрӯз коргардонҳои ҷавон хатои устодонашонро такрор мекунанд ва ба мавзӯъ ва сабке рӯ меоранд, ки барои тамошогар ҷолиб нест.
Аммо Арҷманди Раҳматуллоҳ ба ояндаи театри ҷавонон хушбин аст. Ӯ гуфт, «аксари намоишҳое, ки театрҳо пешниҳод мекунанд, шояд ба дарди ҷавонон нахӯрад ва қобили тамошо набошад. Вале «Нигоҳи нав» театри муосири тоҷикро бо диди нав ва тарзе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо дорад, муаррифӣ хоҳад кард.
Бори нахуст Ҷашнвора-озмуни «Нигоҳи нав» соли гузашта баргузор шуда буд ва Муҳиддин Ҷӯраев, аз гурӯҳи театрии шаҳри Конибодом барои намоишномаи «Модари аз тоқати таҳқир хаста» сазовори Шоҳҷоиза шуд. Созмондиҳандагони ҷашнвора тасмим доранд дар солҳои наздик онро ба ҷашнвораи байналмилалӣ табдил диҳанд.