Дмитрий Евсиков: "Моҷарои фурӯдгоҳ муҳаббати моро ба Тоҷикистон кам накард"

Дувоздаҳ тан аз кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки дар моҷарои гурӯҳи мусиқии «Барака»-и Латвия даст доштанд, муҷозот шудаанд.
Дмитрий Евсиков, роҳбари гурӯҳи Латвигяии «Барака» дар як мусоҳиба бо радиои «Озодӣ» изҳори таассуф кард иддае аз кормандони фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе дар пайи рафтори номуносиб бо ин гурӯҳ муҷозот шудаанд. Евсиков гуфт, ки ҳамчун ходими фарҳанг муқобили ҳамагуна озору азият аст: «ман намехостам , ки пас аз он моҷаро касеро сахт муҷозот кунанд. Вале аз ҷониби дигар агар ба ин ҳодиса вокуниш карда намешуд ин маънои чашм пушидан дар баробари ноадолатиро дошт. Вале он моҷаро дар фурудгоҳ аз муҳаббати мо нисбати Тоҷикистон кам накард. Ман умед дорам, ки дарси муҳиме ки ҳама аз ин ҳодиса бардоштанд ин аст, ки ҳар чи ҳам набошад фарҳанг дар симои онҳое, ки моро пуштибонӣ карданд ҳимоятгар дорад."

Гурӯҳи «Барака» бо ибтикори радиои «Имрӯз», пуштибонии молиявии «Талко» ва дастгирии иттилоотии сомонаи «Tonight.tj» аз 6 то 12 август дар шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе консерт барпо кард. Ин гурӯҳ таронаҳои тоҷикиро бештар аз эҷодиёти Муборакшоҳ Мирзошоев ва Наргис Бандишоева, ду овозхони ҷавонмарги тоҷик иҷро кард.

Аммо пас аз бозгашт ба Латвия, раҳбари гурӯҳ Дмитрий Евсиков дар саҳифаи «Фейсбук»-и худ навишт, ки ин сафари хотирмони онҳоро кормандони Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе бо рафтори ғайриқонунии худ халалдор кардаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қонуншиканҳо ҷазо гирифтанд


Евсиков аз ҷумла навишт, ки ба далели нагузаштан аз тариқи CIP, кормандони фурӯдгоҳ онҳоро то нишастан ба ҳавопаймо таҳти фишори равонӣ қарор доданд, аз ҷумла ба бағоҷи дастии онҳо зиёд хӯрдагирӣ карданд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ба далели иштибоҳ дар Душанбе, онҳо дар Маскав низ дучори мушкил шуданд, чун сабти номи онҳо бояд то Рига ҳуҷҷат мешуд.

Дувоздаҳ тан аз кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки дар моҷарои гурӯҳи мусиқии «Барака»-и Латвия даст доштанд, ба ҷазои интизомӣ кашида шудаанд. Ин 12 нфар дар хадамоти истеҳсолӣ- итиҷоратӣ, амнияти дохилӣ ва бехатарии парвозҳои фурӯдгоҳи байналмилаии Душанбе фаъолият мекарданд.

Алишер Носиров, сарнозири раёсати пешгирии коррупсияи Аҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсиияи Тоҷикистон рӯзи 3-юми ноябрдар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, моҳи августи соли равон Рустами Ҷонӣ роҳбари ширкати «Ориён медиа» ба ин ниҳод бо аризаи шикоятӣ муроҷиат карда аз оҷонсӣ хост, ки рафтори кормандони фурудгоҳи байналмилалии Душанберо, ки ба сафари овозхонони гуруҳи Латвиягии «Барака» аз Тоҷикистон ба Русия монеъ шудаанд, мавриди санҷиш қарор диҳад: «Ҳангоми санҷиш шахсони гунаҳкор ошкор шуда нисбати онҳо як қатор чораҳои қатъӣ андешида шуд. Дар пайи санҷиши мо дар фурудгоҳ 12 нафар кормандон бинобар камбудӣ дар фаъолияташон ҷазои интизомӣ гирифтанд»- гуфт намояндаи ожонсӣ.

Ҷаноби Носиров афзуд, се корманди ин гурӯҳи 12 нафарӣ бо вуҷуди нагузаштан аз санҷишҳои қаблӣ ва ё аттестация боз ҳам дар фурӯдгоҳ фаъолият мекарданд. Дар ҷараёни пажуҳиши қазияи гурӯҳи “Барака”, ки аз тарафи ходимони фурӯдгоҳ бе ҳеҷ асос асосе ранҷ бурдаанд, маълум шуд, ки 5 нафар аз кормандони фурудгоҳ бидуни маълумоти кофӣ фаъолият доштанд ва бинобар ин бархеашон комилан аз кор барканор ва бархеи дигар ба вазифаҳои поинтар таъйин карда шуданд.

Хайриддин Тӯраев, раиси Хадамоти амниятии Фурудгоҳи Душанбе пас аз рух додани ин моҷаро дар толори фурудгоҳи Душанбе, ба радиои «Озодӣ» гуфта буд, иттиҳоми гурӯҳи «Барака» дар бораи тамаъҷӯии кормандони фурудгоҳ дурӯғ буда, далели сар задани нофаҳмӣ дар боло будани қимати хизматрасонии тариқи гузаргоҳи CIP (афроди мулкии муҳим) аст.

Аммо Алишер Носиров, сарнозири раёсати ҷилавгирӣ аз фасодкорӣ дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсиияи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, дар пайи санҷиши фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мавридҳои дигари тамаъҷуии кормандони ниҳодҳои дигари дар он фаъолият менамуда ошкор шуданд: «Аз ҷумла Кошик Рой, як шаҳрванди Ҳиндустон бо ариза ба сомонаи агентӣ муроҷиат карда шикоят кардааст, ки Турраев Лоиқ корманди гумруки майдони ҳавоии Душанбе 23-уми июни соли ҷорӣ аз ӯ 50 сомонӣ пора талаб кардааст. Ҳангоми тафтиши аризаи Кошик Рой муайян гардид, ки қаблан низ прокуратураи нақлиёт нисбати Тураев Лоиқ бо иттиҳоми "тамаҷуӣ" парвандаи ҷиноӣ боз карда будааст».

Маводҳои санҷишӣ аз рӯи шикояти шаҳрванди Ҳиндустон нисбати Лоиқ Тураев барои ҳамроҳ намудан ба парвандаи ҷиноӣ ба прокуратураи нақлиёт фиристода шудааст.