Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти амният қазияи "Барака"-ро шарҳ дод


Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе иттиҳомоти Дмитрий Евсиков, раҳбари гурӯҳи мусиқии «Барака»-и Латвиро бепоя хонд.

Хайриддин Тӯраев, раиси Хадамоти амниятии ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, иттиҳоми ин гурӯҳ дар бораи тамаъҷӯии кормандони фурудгоҳ «дурӯғ» буда, далели сар задани нофаҳмӣ дар боло будани қимати хизматрасонии тариқи гузаргоҳи CIP (афроди мулкии муҳим) аст.

Вай афзуд, қимати вуруд тариқи ин гузаргоҳ 30 ва қимати хуруҷ 60 доллар сари кас муқаррар шудааст, аммо ҳунармандон фикр кардаанд, ки 30 доллари иловагӣ ин тамаъҷӯист: «Як ҳолат будааст, ки вақте корманди мо дидааст, мушкили пул аст, гуфтааст, агар надоред, ба хотири меҳмон будан ва бепул консерт гузаронидани шумо мо метавонем қиматро поёнтар барем. Аммо онҳо розӣ нашудаанд. Тоҷике, ки онҳоро гусел мекардааст, ба коргари мо гуфтааст, ки мо инҳоро тарабхонаву дигар ҷойҳо бурдем ва пули мо тамом шуд. Акнун ин проблемаи мо нест. Меҳмонро, ки қабул кардӣ, то ба охир гусел мекунӣ.»

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00
Линки мустақим


Аммо масъулони сафари гурӯҳи «Барака» даъвои раиси Хадамоти амнияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанберо рад мекунанд. Яке аз онҳо Азорабек Азорабеков, намояндаи радиои «Имрӯз» мегӯяд, воқеан хабар надоштанд, ки қимати хуруҷ тариқи гузаргоҳи CIP дучанд аст, аммо ин маънои онро надошт, ки онҳо пул надоштанд: «Мо пул доштем. Хостем, ки пардохт кунем, аммо онҳо намонданд. Чун пул ҳисоб мекардем, Дмитрий хоҳиш кард, ки харҷи беҳуда зарур нест. Одам кам аст, ба ҳамон роҳи оддӣ меравем.»

Гурӯҳи «Барака» бо ибтикори радиои «Имрӯз», пуштибонии молиявии «Талко» ва дастгирии иттилоотии сомонаи «Tonight.tj» аз 6 то 12 август дар шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе консерт барпо кард. Ин гурӯҳ таронаҳои тоҷикиро бештар аз эҷодиёти Муборакшоҳ Мирзошоев ва Наргис Бандишоева иҷро кард. Аммо пас аз бозгашт ба Латвия раҳбари гурӯҳ Дмитрий Евсиков дар саҳифаи «Фейсбук»-и худ навишт, ки ин сафари хотирмони онҳоро кормандони Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе бо рафтори ғайриқонунии худ халалдор кардаанд. Аз ҷумла навиштааст, ки ба далели тариқи CIP нагузаштан, кормандон онҳоро то нишастан ба тайёра таҳти фишори равонӣ қарор доданд, аз ҷумла ба бағоҷи дастии онҳо зиёд хӯрдагирӣ карданд. Вай менависад, ҳатто ба далели иштибоҳ дар Душанбе онҳо дар Маскав низ дучори мушкил шуданд, чун сабти номи онҳо бояд то Рига ҳуҷҷат мешуд.

Раиси Хадамоти амниятии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Хайриддин Тӯраев мегӯяд, аз се корманде, ки шаби 12 ба 13 – и август навбатдор будаанд, баёнот гирифта шуд ва онҳо қайд кардаанд, ки танҳо мехостанд, ба мушкили мусофирон расидагӣ кунанд. Вай афзуд, 9 август ширкати «ЮтЭйр» - и Русия, ки гурӯҳи «Барака» бо ҳавопаймои он бояд парвоз мекард, бо як нома аз Фурудгоҳ хостори ҷиддан таҳти назорат гирифтани бағоҷи дастии мусофирон шуда буд ва бояд ҳар нафар як бағоҷ дошта бошад. Хайриддин Тӯраев гуфт, он чӣ ба сабти ном рабт дорад, комилан масъулияти ширкати ҳавонавардӣ аст, на фурудгоҳ.

Дмитрий Евсиков, раҳбари гурӯҳи «Барака» дар як тамос қоил шуд, ки қимати гузаргоҳи CIP – ро намедонист ва воқеан намехост, ки мизбонон харҷи бештар дошта бошанд, чун зиёд харҷ карданд: «Ин фақат адами иттилоъ аст. Мушкил нест. Инсон озод аст, ки интихоб кунад. Чун дидем, ки қимат аст, гуфтем, меравем аз роҳи арзон. Ин ҷиноят нест, ягон ҳодисаи марговар рух надодааст. Аммо вақте ҳама назоратҳоро гузаштем, пас ҳодисаҳо сар шуданд. Гуфтанд, бо асбобҳо гузаштан мумкин нест. Шиносномаи маро гирифтанд. Гуфтанд, ки шумо аз ҳама охир хоҳед нишаст. Ман ба рӯи стюардессаҳо нигоҳ мекунам, агар онҳо чизе зидди асбобҳои шумо гуфтанд, ман шуморо намегузорем, ки парвоз кунед. Бубинед, онҳо он далелҳоро мегиранд, ки бебаҳсанд, аммо дар мавриди далелҳои асосӣ, ки нақзи муқаррарот буданд, хомӯшанд.»

Дмитрий Евсиков, раҳбари гурӯҳи ҳунарии "Барака".
Дмитрий Евсиков, раҳбари гурӯҳи ҳунарии "Барака".
Дмитрий Евсиков мегӯяд, «сарфи назар аз он ки духтараки ҳунарманди гуруҳи мо ба танг омада гиря мекард, вале кормандони фурудгоҳ ҳамоно исрор мекарданд, ки агар маблағи гуфтаи онҳоро надиҳанд, ба ҳавопаймо савор шуда наметавонанд, мо намедонистем, ки дар инҷо ба дасти киҳо афтодаем.»

Раҳбари гурӯҳи "Барака" мегӯяд, «ҳарчанд мо исрор мекардем, ки асбобҳои зудшиканро наметавонем ба багаж супорем, онҳо ҳамчунон намегузоштанд, ки мо ба толор ворид шавем».

Дмитирй Евсиков афзудааст, ки барои муддати зиёд кормандони фурудгоҳ ва гумрук нагузоштанд, ки онҳо бо асбобҳои мусиқиашон дохили ҳавопаймо шаванд. Ба иловаи ин, кормандони фурудгоҳ гузарномаи парвозро (посадочный талон) то ба Маскав пур карданд. Ҳоло он ки онҳо тариқи транзит бояд аз фурудгоҳи Маскав ба шаҳри Рига парвоз мекарданд.

​Ба нақли сардори гурӯҳи ҳунарӣ, дар фурудгоҳи Маскав бинобар надоштани талон онҳоро барои убур аз як терминал ба терминали дигар иҷозат надоданд ва хулоса аз барои саҳлангориҳои кормандони фурудгоҳи Душанбе, то расидан ба Рига онҳо дучори мушкил шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе мегӯяд, омодаанд, сабти видеоии шаби ҳодисаро дар ихтиёри расонаҳо гузоранд ва онҳо худ қазоват кунанд. Онҳо ҳамчунин тасмим гирифтаанд, як нишасти матбуотӣ доир кунанд ва ё изҳоротеро дар ин бора пахш намоянд.

Гурӯҳи ҳунарии "Барака" ҳини барномаи консертӣ дар шаҳри Хоруғ.
Гурӯҳи ҳунарии "Барака" ҳини барномаи консертӣ дар шаҳри Хоруғ.
"Барака", (ба маънои "баракат") як гурӯҳи мусиқӣ аз Латвия 9 август дар шаҳри Хоруғи Бадахшон ва рӯзи 11 август дар толори меҳмонхонаи «Серена»-и Душанбе барнома иҷро кард. Ин барнома «Эҳдо ба Наргис» унвон дошт ва муаррифи албоми ҳамном аст, ки ба Наргис Бандишоева, овозхони фақиди бахшида шуда, гурӯҳи латвиягӣ таронаҳои ӯро дигарбора хондаву сабт кардааст. Ва ин севвумин албоми «Барака» аст, ки ба забони тоҷикӣ садо медиҳад.
XS
SM
MD
LG