Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои "Имрӯз" дар Хоруғ ҷашнвора баргузор кард


Дар шашумин солгарди таъсисаш радиои «Имрӯз» нахустин барномаҳои худро дар Хоруғ ба самъи шунавандагонаш расонд.

Роҳбари ширкати "Ориёно-медиа", Рустами Ҷонӣ, гуфт, муассисон ва ҳайати эҷодии "Имрӯз" бовар доранд, ки нахустин радиои хусусӣ дар пур ва рангин кардани фазои иттилоотии Кӯҳистони Бадахшон саҳми арзанда хоҳад дошт. Барномаҳои радио дар маркази Бадахшон ва деҳоти наздик ба он пахш мешаванд. Ҷаноби Ҷонӣ гуфт, ки пас аз Хоруғ онҳо тасимим доранд, фаъолияти радиоро дар Кӯлоб ва Рашт низ густариш диҳанд ва бо ҳамин барномаҳои радиои «Имрӯз» барои шунавандагони ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ дастрас хоҳад гашт.

Ба муносибати оғози кори радиои "Имрӯз" дар Бадахшон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бо ширкати гурӯҳи ҳунарии «Барака»- и Латвия консерт баргузор шуд. Дар ин намоиш ҳамчунин гурӯҳи ҳунарии навтаъсиси «Зафар»-и Хоруғ низ ҳунарнамоӣ кард.

Дар бораи даъватии дастаи ҳунарии латвиягии "Барака" ба маросими оғози кори радиои "Имрӯз" дар Хоруғ, Рустами Ҷонӣ гуфт, ки ин гурӯҳ дар таблиғи фарҳанги мардуми тоҷик берун аз кишвар саҳм мегузорад ва бо василаи ин даъват аз онҳо қадрдонӣ шудааст,то битавонанд дар рӯбарӯи соҳибони аслии фарҳанге, ки роғиби он ҳастанд ,қарор дошта бошанд ва ҳунарашонро намоиш диҳанд.

Роҳбари гурӯҳи ҳунарии "Барака" Димитрий Евсиков гуфт, ки дар консерти ин даста ҳамчунин сурудҳои Далер Назаров, Муборакшо Мирзошоев, Наргис Бандишоева, Хушвахт Доробов садо медиҳанд. Ева Евсикова ,овозхони гурӯҳи «Барака» гуфт, ки сурудҳои тоҷикӣ дар барномаи ин гурӯҳ ҷойгоҳи муҳим доранд ва дар ҳар сафари ҳунарии даста садо медиҳанд. Интизор меравад, ки дар консерт аз 5 то 8 ҳазор тамошобин ширкат варзад.
XS
SM
MD
LG