Далер Бобоев, собиқ намояндаи корхонаи муштараки истеҳсоли тилои «Зарафшон»-и Тоҷикистону Бритониё феълан дар СИЗО-и рақами аввал ба сар мебарад ва дар парванда алайҳи Зайд Саидов ҳамчун шоҳид мебошад.
Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ, Далер Бобоев гуфт, ки дар даврони вазири саноати Тоҷикистон будани Зайд Саидов, вай ҳамчун намояндаи корхонаи муштараки СП «Зарафшон» дар Душанбе бо ӯ ҳамкорӣ доштааст.
Далер Бобоев мегӯяд, ки вай аз тарафи муфаттишони Оҷонсии зидди фасод дар мавриди ҳақиқат доштани ё надоштани порагирии Зайд Саидов аз соҳибкори Қазоқистон Сарикбол Окушев ҳамчун шоҳид мавриди пурсиш қарор дорад.
Озодӣ: Шумо чӣ гуна шоҳиди ба қавли Окушев «лаҳзаҳои порадиҳии вай бо Зайд Саидов» ҳастед, чунки ҷаноби Окушев иддао дорад, ки вай бори нахуст зимистони соли 2005 дар Алмаато ба Зайд Саидов, ба маблағи 700 ҳазор доллар ба таври нақд пора додаст.
Далер Бобоев: «Замоне, ки ман дар СП Зафрашон кор мекардам, бо Серикбол Окушев шинос будам ва ӯ мехост, ки дар Тоҷикистон дар ягон кони тило ҳамкорӣ кунад ва ман ӯро бо вазири саноати вақт Зайд Саидов тақрибан дар соли 2005 шинос кардам. Вазир ба ӯ ҳуҷҷатҳои кони тиллои Чореро пешкаш кард. Окушев бо миёнравии ман зуд ба Зайл Саидов бовар кард. Онҳо байни худашон маслиҳат карданд ва тасмим гирифтанд, ки Окушев ба кони «Чоре»-и ноҳияи Айнӣ сармоягузор шавад. Зайд Саидов барои тезондани кор аз Окушев 700 ҳазор доллари амрикоӣ талаб намуд. Бо маслиҳати пешакӣ мо бо ҳамроҳии Зайд Саидов ба Алматто паридем. Дар Қазоқистон ман ва Зайд Саидовро дар мулоқот ба намояндагони Бонкҳои Қазоқистн ширкат намудем. Окушев барои сармоягузори аз «Туран Алем-бонк» ба маблағи 100 миллион доллар мактуби кафолати гирифт, дар мулоқот бо соҳибкоронва бонкирҳо Зайд Саидов чун одами расмӣ вазири саноат худро муарифӣ кард. Пас аз анҷоми сӯҳбат дар як халтаи бонкӣ Окушев дар толори майдони ҳавоии Алмато 700 ҳазор долари амрикоиро оварда ба Зайд Саидов дод ва ӯ гирифта ба Маскав парвоз кард. Ман ба Душанбе баргаштам. Баътар Зайд Саидов ба Окушев гуфт, ки бо ин маблаӣ кор буд намешавд. Боз 800 хазор долларро бояд пардохт кард. Аз ӯ 200 ҳазор танҳо барои Зайд Саидов, 300 хазор барои имзои дигар вазоратҳо ва 1 миллион "ба боло", дода мешавад.
Эълони 8 иттиҳом алайҳи Зайд Саидов
Озодӣ: Оё дуруст аст, ки тавре Окушев иддао дорад, ки қисме дигар аз 1 миллиону 500 ҳазор долларро ба воситаи шумо ба Зайд Саидов додааст?
Бобоев: Не, ба воситаи ман надодааст, балки дар ҳузури ман дод. Азбаски Окушев мехост, ки ман намояндаи вай дар Тоҷикистон бошам, ҳар куҷое мерафт ва ҳар вақте мулоқот мекард, маро ҳамроҳ мебурд ва таклиф мекард.
Озодӣ: Окушев мегӯяд, ки қисми маблағро дар як сумкаи сурх ба Саидов додаст, оё ин иддаои вай дуруст аст?
Бобоев: Бале, як маротиба вақте, ки вай охирин бор назди Саидов даромада буд, дар дасташ сумкаи сурх буд ва дар дохили он пул буд.
Озодӣ: Шумо медонистед, ки дар дохили ин сумкаи сурх чӣ қадар маблағ буд?
Бобоев: Не, ҳар дафъе, ки онҳо ҳамсӯҳбат мешуданд, ман аз ҳарфҳои онҳо мефаҳмидам, ин сумкаи сурх як маротиба буд, дигар ман надидаам.
Озодӣ: Чӣ гуна шумо ҳамчун шоҳид дар парвандаи мазкур зоҳир шудед, шумо танҳо пас аз он ки шунидед, алайҳи Зайд Саидов айб эълон карда шуд, довталабона омада маълумот додед ё таҳти фишори Оҷонсии зидди фасод оварда шудед?
Далер Бобоев: Не, азбаски ман қаблан директории корхонаи «Тоҷик атлас» будам, пешакӣ чанд маротиба дар бораи ин корхона пурсиш карда буданд, ва вақте, ки аз ман дар бораи сармоягузори қазоқ (Окушев), ки чӣ гуна дар байн пайдо шудааст, пурсиданд, ман аз руи инсоф ҳамаро ошкор баён доштам.
Озодӣ: Вақте ки дар Оҷонсӣ шуморо бо Зайд Саидов рӯ ба рӯ карданд, вай дар робита ба иддаҳои шумо чӣ гуфт, яъне эътироф кард?
Далер Бобоев: Не, вай аслан ин ҳамаро рад кард ва розӣ нест албатта, ки ин айбҳоро ба гардан мегирад. Вай гуфт, ки бале, дар Қазоқистон буд ва бо бонкирҳои қазоқ мулоқот доштанд, аммо аз Окушев ҳеҷ чиз нагирифтааст, ҳамаро рад кард.
Озодӣ: Аз суҳбати шумо маълум мешавад, ки шумо бо Зайд Саидов ҳамкории наздик ва равобити дӯстона доштаед. Оё вақте ки шумо алайҳи вай ба шоҳидӣ додан пардохтаед ва хусусан лаҳзае, ки чашм ба чашм назар мекардед, виҷдонатон азоб надод?
Далер Бобоев: Дар ҳақиқат робитаи наздик доштем, чунки корхонаи тилои Зарафшон дар тобеияти Вазорати саноат буд ва мо зуд зуд во мехӯрдем, аммо ман аз ҳеҷ кас муттаҳам набудам ва ягон «доду гирифт» надоштам ва пулу моле аз касе тамаъ накардаам. Фоидае ҳам надидам ва муттаҳам нестам ва танҳо ҳолати кор чӣ гуна буд, ҳамонро тасдиқ кардам.
Озодӣ: Дар ҷараёни ҳамкории чандсолае, ки бо Зайд Саидов доштед, магар вай дар бастани қарордоҳо ва созишнома ҳатман тамаъҷӯӣ мекард? Ҳамин гуна хислат дошт?
Далер Бобоев: Не, ман ба ин суол ҷавоб дода наметавонам, ман танҳо дар робитаи ӯ бо як нафаро медонам, дигар ҳеҷ хабаре надорам ва инро тасдиқ карда наметавонам.
Озодӣ: То ҷое, ки мо иттилоъ дорем, Оҷонсии зидди фасод алайҳи худи Шумо низ парванда боз кард, ба ин айбнома розӣ ҳастед?
Далер Бобоев: Не, ман розӣ буда наметавонам ва ин айбро ба гардан намегирам. Ман танҳо шоҳидӣ додам ва на пора гирифтам на кори ноҳақ кардам. Ҳоло айбе, ки алайҳи ман эълон шудааст, дар ду се рӯзи оянда пас аз машварат бо вакилони мудофеъ якҷоя бо айбномаи ниҳоие, ки зидди Зайд Саидов эълон шуд, дар рӯзҳои наздик ба Додситонии кулли Тоҷикистон ирсол дошта шуда ва аз онҷо ба Додгоҳи олӣ барои муҳокима ва эълони ҳукми фиристода хоҳад шуд
Озодӣ: Ин тавр ба назар намерасад, ки шумо таҳти фишори муфаттишони Оҷонсӣ зидди Саидов шоҳидӣ медиҳед?
Далер Бобоев: На, ҳаргиз ман таҳти фишор нестам ва пештар гуфта будам ку, аз қабл ҳам дар робита ба ин масъала пурсида шуда будам ва ҳарчиеро, ки медонистам, гуфтам.
Озодӣ: Шумо феълан дар куҷо нигоҳдорӣ мешавед, дар боздоштгоҳи Оҷонсӣ ё Кумитаи амнияти миллӣ?
Далер Бобоев: На, ман дар СИЗО-и рақами аввал, ки алоҳида аст ва на ба КДАМ ва на ба Оҷонсӣ тобеъ нест, ба сар мебарам.
Озодӣ: Дар онҷо мавриди бадрафторӣ ва шиканҷа қарор надоред?
Далер Бобоев: На, ба ман муомилаи хуш доранд ва ҳеҷ гуна зӯроварӣ шиканҷа ҷой надорад.