Қотилони ду қурбонии ҳаводиси Хоруғро то ҳол наёфтаанд

Додситонии Бадахшон мегӯяд, расидагӣ ба шикояти волидони ду қурбонии нооромиҳои Хоруғ дар салоҳияти онҳо нест.
Додситонии вилояти Бадахшон мегӯяд, ба шикояти волидони Воҳид Шодмонбеков ва Рашид Шодмонбеков расидагӣ карда наметавонад, чунки таҳқиқи ин парванда дар дасти додситонии низомист. Додситонии гарнизони Хоруғ аз шарҳи ин қазия худдорӣ мекунад.

Воҳид ва Рашид Шодмонбековҳо мусофирони мошине буданд, ки субҳи 10 августи соли 2012 дар як посгоҳи нирӯҳои давлатӣ дар мавзеъи Бидурди ноҳияи Шуғнон ҳадафи тир қарор гирифт. Дар он тирандозӣ ин ду нафар кушта ва 3 тани дигар, бо шумули ронандаи мошин ва як зан захмӣ шуданд.

Волидони Воҳид ва Рашид Шодмонбековҳо ахиран ба додситонии вилоят муроҷиат карданд, ки бо гузашти қариб як сол аз куштори фарзандонашон сарнавишти парвандаи қатли онҳо номаълум боқӣ мемонад. Онҳо аз додситонӣ талаб карданд, ки таҳқиқи парвандаро ба охир расонда, гунаҳкорони марги фарзандони онҳодар назди қонун ҷавоб гӯянд. Ба гуфтаи волидон, писарони онҳо яке донишҷӯ ва дигаре корманди терминали гумруки Хоруғ буда, ба ягон гурӯҳи мусаллаҳ шомил набуданд ва танҳо мусофири мошине буданд, ки сарбозон ғайриқонунӣ мавриди тирборон қарор доданд.

Модарони Воҳид ва Рашид Шодмонбековҳо.

Мавҷигул Хушназарова, модари Воҳид Шодмонбеков, донишҷӯи донишгоҳи политехникии Душанбе гуфт, писари ӯ дар айни таътили тобистонааш кушта шуд, вале онҳо то ҳол намедонанд, ки гунаҳкори марги ӯ кист: “20 сол дошт, дар Душанбе, дар соли дувум мехонд, вақти таътил ба хабаргирии ман омада буд. Ҳоло ман сӯхта истодаам, вале ҳеҷ кас ба додам намерасад. Ба ман ваъда карданд, ки баъди шаш моҳ суд мешавад, вале ҳеҷ чиз маълум нашуд. Ман ҳамагӣ як писар доштам.”

Назарбегим Саидёминова, модари Рашид Шодмонбеков низ гуфт, ки аз аз додситонӣ ба додгоҳ ҳозир кардани сарбозони муҷрим дар марги фарзандашро талаб дорад: “Вай 25-сола буд, дар терминал кор мекард, ба кор мерафт, ба ягон чиз дахл надошт, вале вайро парронданд. Занаш ҳомила буд ва баъди марги ӯ духтар таваллуд кард, вале фарзанди ӯ аз рӯзи таваллудаш бепадар монд.”

Қазияи дигари марбут ба амалиёти Хоруғ, ки таҳқиқаш то ҳол ба поён нарасидааст, қатли Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари вақти созмони вилоятии ҳизби наҳзати исломӣ(ҲНИТ) мебошад. Асрор Булбулов, раҳбари ин бахши шаҳрии ин ҳизби мухолиф мегӯяд, шева бархӯрди мақомоти тафтишотӣ ба ҳаводиси Хоруғ нишон медиҳад, ки қонунҳои кишвар яктарафа кор мекунанд, зеро бо гузашти қариб як сол дар робита бо ин ҳаводис ягон нафар аз ҷониби нирӯҳои давлатӣ ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Вай афзуд, ҲНИТ чандин бор таҳқиқи куштори Сабзалӣ Мамадризоевро аз мақомот талаб кард, вале ҳарчанд далели шайъии навори видеоии саҳнаи қатл дар Интернет нашр шудааст, тақдири парванда то ҳол номаълум аст: “Мо бори

Асрор Булбулов, раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғ.

игар мо талаб мекунем, ки қазияи қатли Сабзалӣ Мамадризоев таҳқиқ шавад ва гунаҳкорон ҷазо гиранд. Дар навори видеоӣ чеҳраи низомиёне, ки Мамадризоевро бераҳмона ба қатл расонданд, аён аст ва талаби мо ин аст, ки онҳоро ёфта, мавриди пурсиш қарор диҳанд ва дар асоси қонун муҷозот кунанд.”

Дар гирдиҳамоии эътирозие, ки дар пайи тирборони дар Хоруғ баргузор гардид, мақомот ронандаро муттаҳам карданд, ки ба талаби сарбозон итоат накарда, ҳаракатро идома додааст ва ин ҳолат сарбозонро маҷбур ба кушодани тир кардааст. Аммо мақомот он замон гуфта буданд, ки нисбат ба ду сарбоз бо иттиҳоми бидуни огоҳӣ ва бе фармони афсар кушодани тир парванда кушодаанд ва натиҷаи таҳқиқашро ҳатман эълон хоҳанд кард.

Нооромиҳои Хоруғ моҳи июли соли 2012 дар пайи қатли раҳбари идораи амнияти вилояти Бадахшон генерал Абдулло Назаров оғоз ёфт. Мақомот бо талаби супурдани гумонбарони қатли генерал ба Хоруғ ва атрофи он нирӯ дароварданд. Дар даргириҳои Хоруғ байни нирӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои худсари маҳаллӣ ҳудуди 70 нафар, аз ҷумла мардуми мулкӣ, кушта шуданд ва танҳо баъди чанд рӯз бо мусоидати ҷомиаи шаҳрвандӣ байни тарафҳо оташбас эълон шуд. Аммо даргириҳои парокандаву тирандозиҳо ва қатли афрод бо силоҳ дар Хоруғ ва атрофи он камокон то поёни моҳи август идома кард.