Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадахшон баъд аз нооромиҳо аз чӣ роҳе пеш меравад?


Намое аз шаҳри Хоруғ
Намое аз шаҳри Хоруғ

Қодир Қосим-раиси вилояти Бадахшони Тоҷикистон мегӯяд, додситонӣ расидагӣ ба парвандаи раҳбарони гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳро, ки дар нооромиҳои тобистони соли гузашта дар Хоруғ ширкат доштанд, идома медиҳад.

Вале ҷавононе, ки аъзои чунин гурӯҳҳои мусаллаҳ буданд ва тибқи дархости мақомот ва ҷомеа силоҳи худро ба ниҳодҳои интизомӣ супурдаанд, афв шуданд ва ба зиндагии маъмулии худ баргаштаанд.

Моҳи августи соли гузашта бар зидди ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.Тибқи маълумот, дар даргириҳои 24 июли соли гузаштаи шаҳри Хоруғ 13 нафар кормандони интизомӣ ва 30 нафар аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ кушта шуда буданд.

Ин ҳодиса сокинони баъзе ноҳияҳои вилоят, ба вижа сокинони шаҳри Хоруғро даҳшатзада кард ва ҷомеашиносон мегуфтанд, ки барои баровардани мардум аз ҳолати афсурдагӣ, баргаштан ба ҳолати маъмулии зист ва ором кардани вазъи сисёсӣ дар минтақа вақти зиёд лозим аст. Бо гузашти ним сол аз ин ҳодисаҳо дар мусоҳибаи ихтисосие аз Қодир Қосим-раиси вилояти мухтори Бадахшон пурсидем, оё гуфтан мумкин аст, ки мардум аз ҳолати афсурдагӣ баромадаанд ва гурӯҳҳо ҳам дигар норизоятӣ нишон намедиҳанд ё роҳҳои дигари рафъи норизоятӣ вуҷуд дорад?


Cокинони Хоруғ дар намоишгоҳи фаровардаҳои кишоварзӣ, августи 2012
Cокинони Хоруғ дар намоишгоҳи фаровардаҳои кишоварзӣ, августи 2012
Қодир Қосим: Ин кор пеш аз ҳама ба худи мо шаҳрвандон вобастагӣ дорад. Агар мо дар доираи қонунҳои мавҷудаи кишварамон кору зиндагӣ кунем ва ғуломи қонун бошем, ба ғайр аз ҳуқуқу уҳдадориҳое, ки дар назди мо ҳамчун шаҳрванд ҳаст, донем, имкони бо роҳи дигар ҳал кардани масъала ҳаст. Ман гуфта метавонам, ки ҳоло вазъият дар Бадахшон тинҷу ором аст. Зимистон дар ин минтақа ҳукм меронад. Дар ин ҷо зимистон дар моҳҳои февралу март сардтар мешавад. То ин вақт боришот нисбат ба соли гузашта камтар аст.

Суол: Дуруст аст, ки Бадахшон нисбат ба ҷойҳои дигари Тоҷикистон дар зимистон бо барқ бештару беҳтар таъмин аст?

Қодир Қосим: Албатта. Ба ғайр аз ноҳияи Мурғоб ва каму беш ноҳияи Ванҷ дар тамоми ҳудуди вилоят мо дар ин шабонарӯзҳо 24 соат қувваи барқ дорем.

Суол: Шаҳри Хоруғ 24 соат бо барқ таъмин аст?

Қодир Қосим: Бале, 24 соат бо барқ таъмин аст.

Суол: Корхонаву муасиссаҳои ҳудуди вилоят, ба хусус шаҳри Хоруғ, дар ин шабонарӯзҳо фаъолияти доимӣ доранд?

Қодир Қосим: Корхонаҳое, ки мо дар ҳудуди вилоят дорем, 90 фоизашон бо иқтидори пурра кор карда истодаанд, якчанд корхона ба сабаби набудани ашёи хом кор намекунанд.

Суол: Баъд аз ҳодисаҳои тобистони гузашта гурӯҳҳои ихтиёрие ташкил шуда буданд, ки бояд бо аҳолӣ кор мекарданд, то озурдагӣ ва ҳолати афсурдагиро аҳолӣ фаромӯш кунад ва дубора ба зиндагии маъмулӣ унс гиранд. Оё фаъолияти ин гурӯҳҳои ташаббускор натиҷа додааст?

Қодир Қосим: Ҳам мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ ва ҳам ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳам худи мардум аз ҳисоби ҷавонони шаҳри Хоруғ гурӯҳҳои ташаббускор ташкил кардаанд. Онҳо мулоқотҳо ташкил мегузаронанд, бо мардум дар бораи роҳҳои беҳтар кардани шароит сӯҳбат мекунанд. Агар минтақа ором набошад, ҷалби сармояи хориҷӣ ба минтақа мушкил мешавад
.
Суол: Дар гузашта мегуфтанд, ки дар ҳудуди вилоят ҷойҳои корӣ кам аст ва аз ҳамин сабаб норизоятиҳо ба вуҷуд меояд. Оё баъд аз нооромии тобистони соли гузашта дар сатҳи вилоят барномаи иқтисодие барои ташкили ҷойҳои нави корӣ барои оянда таҳия шудааст?

Қодир Қосим: Нарасидани ҷои кор ва бекорӣ фақат проблемаи Тоҷикистон нест. Мо аз телевизион ва воситаҳои дигари ахбор мебинем ва мешунавем, ки ин
Тазоҳуроти сокинони Хоруғ, 23 августи соли 2012
Тазоҳуроти сокинони Хоруғ, 23 августи соли 2012
проблема дар тамоми дунё ҳаст. Вилояти мо минтақаи кишоварзӣ аст. Соли гузашта дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ қариб 7 ҳазор ҷойҳои корӣ ташкил кардем. Қариб 9 ҳазор бо касбомӯзӣ машғул шуданд, яъне онҳо бо назардошти шароит ва талаботи иқтисоди бозаргонӣ касби дигар омӯхтанд. Ҳар сол барномаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳам таҳия мекунем. Масалан, дар соли 2013 ният дорем, ки қариб 6 ҳазор ҷои нави корӣ дар соҳаи кишоварӣ ва сохтмон ташкил кунем. Боғҳои нав ташкил мекунем. Заминҳои навро аз худ ва обёрӣ мекунем.

Суол: Соли гузашта ҷониби давлат ба гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки дар ҳодисаҳои Хоруғ ширкат карданд ва то андозае озурда ҳам буданд, пешниҳод кард, ки агар ин афрод аслиҳаро супоранд, метавонанд афв шаванд ва ба кору зиндагии худ идома диҳанд. Ҳамин кор чӣ тарз ҷараён дорад?


Низомиён дар Хоруғ
Низомиён дар Хоруғ
Қодир Қосим: Он чизе, ки пештар Додситонии Кулл ваъда дода буд, тафтишоти пешакии парвандаи афроде, ки гумроҳ шуда буданду дар ҳамин ҳодисаҳо иштирок карда буданд, вале силоҳашонро ба хотири тинҷӣ супориданд, парвандаи ҷиноятии ҳамаашон қатъ карда шудааст. Хоҷагиҳое, ки зарар дида буданд, зарари онҳо ҳам пурра барқарор карда шуд ва онҳо ба кори ҳаррӯзаи худ машғул ҳастанд.

Суол: Ҳизбҳои мухолифин, масалан Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва Ҳизби Сотсиал-Демократ шикоят мекарданд, ки барои фаъолияти онҳо фазо боз нест, маҳдудият пеш меоранд. Дар ин бора шумо чӣ мегӯед:

Қодир Қосим: Ман бо гуфтаи онҳо розӣ нестам, чунки тибқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, агар фаъолияти онҳо дар чаҳорчӯбаи қонун бошад, онҳо фаъолият мекунанд. Дар вилояти мо ҳам ҲНИТ фаъолият дорад, ҳам Ҳизби Сотсиал-Демократ фаъолият дорад, ҳам Ҳизби Куммунист ва ҳам Ҳизби Халқӣ-Демократӣ фаъолият доранд. Мо ҳамчун мақомот ба кори онҳо дахолат надорем. Агар онҳо дар чаҳорчӯбаи қонун фаъолият кунанд, ҳеҷ кас бо онҳо сару кор надорад.

Суол: Бар зидди раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки худи шумо ҳам гумроҳ гуфтед, парванда боз шуда буд, оё расидагӣ ба он ба поён расидааст?

Қодир Қосим: Тафтишоти пешакӣ ба охир нарасидааст. Ҳоло тафтишот идома дорад.
XS
SM
MD
LG