Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Димон ва Шерик рӯзи 6-уми май ниҳоӣ мешавад


Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоевро ғолибан рӯзи 6-уми май эълон хоҳад кард.

Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Димон Ашӯров ба «Озодӣ» гуфт, ки рӯзи 6-уми май Додгоҳи олӣ мурофиаи ниҳоӣ ва ҷамъбастии худро дар робита ба парвандаҳои Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев баргузор хоҳад намуд.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, пас аз мурофиа, додрас Нуруллоҳ Расулов вориди хонаи машваратӣ шуда, ҳукми худро дар нисбати Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев мушаххас ва ғолибан худи ҳамон рӯз эълон хоҳад кард.

Шӯҳрат Қудратов афзуд, ки дар мурофиаи ниҳоӣ вакилони дифои Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев, аз ҷумла худи ӯ низ суханронӣ хоҳанд кард ва нисбати ҷазое, ки аз тарафи айбдоркунандаи давлатӣ эълон шудааст, бо далелҳои мушаххас эътироз хоҳанд намуд.

Ба қавли вакили мудофеъ, айбдоркунандаи давлатӣ барои зерҳимояаш Димон Ашӯров 13 соли маҳрумият аз озодӣ пурсидааст, ки ба ақидаи оқои Қудратов, комилан ноодилона мебошад. Зеро зерҳимояаш бо 6 ҷурм дар ин парванда айбдор дониста мешавад, ки се айби вай марбут ба ҳодисаҳои моҳи июли Хоруғ мебошад: «Дар ҳоле, ки президенти Тоҷикистон ширкатдорони ин ҳодисаро афв кардааст, дар ин сурат ба таври автоматӣ ин се ҷурм бояд ҳазф шавад.»

Шӯҳрат Қудратов тақозои 15 соли зиндон барои Шерик Карамхудоев, раиси пешини бахши хоруғии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро низ ғайриодилона медонад, зеро иштирокдорони ҳодисаҳои Хоруғ аз тарафи президент афв шудаанд.

Тафтишот Димон Ашӯровро ба «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат, фирор ва қаллобиву тақаллуби ҳуҷҷатҳо» айбдор мекунад.

Шерик Карамхудоев, раиси шӯъбаи ҲНИТ дар Хоруғ дар рӯзҳои нооромиҳои моҳи июли соли гузашта дар маркази Бадахшон боздошт шуд. Мақомот гуфтанд, ӯ дар ҷараёни ин амалиёт ба нирӯҳои давлатӣ муқовимати мусаллаҳона нишон додааст.

Амалиёти алайҳи гурӯҳҳои худсар дар Хоруғ, ки 24 июли соли 2012 бо талаби ба мақомот супурдани омилони қатли раиси идораи амнияти вилояти Бадахшон генерал Абдулло Назаров оғоз ёфт, мунҷар ба ҳалокати қариб 70 нафар аз ҳарду тараф ва аз ҳисоби мардуми мулкӣ шуд. Мақомот дар пайи ин амалиёт аз боздошти 40 нафар хабар доданд. То кунун дар иртикоби ҳаводиси Хоруғ 2 нафар - Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Назаров- бо ҷурми даст доштан дар қатли генерал Назаров ба 16,5 ва 17,5 соли зиндон маҳкум шудаанд.
XS
SM
MD
LG