Вексели муҳоҷират, яъне чӣ? Пешниҳоди нави мақомоти Русия

Ду вакили парлумони Русия пешниҳод кардаанд, ки аз муҳоҷирони корӣ баробари вуруд ба қаламрави ин кишвар вексели муҳоҷират биситонанд.
Сергей Жигарёв ва Алексей Журавлёв, вакилони Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия мегӯянд, дар сурати илҳоқи тағйирот ба қонунҳо “Дар бораи тартиби вуруд ва хуруҷ аз Федеросиюни Русия(ФР)” ва “Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР” ва эъмоли вексели муҳоҷират солона ба ҷайби кишвар то 225 миллиард рубл, муодили қариб 7,5 миллиард доллар, сарозер хоҳад шуд. Аммо мунтақидонин пешниҳодро “табъизомез” меноманд.

Қаблан айни пешниҳод аз забони Вячеслав Козлов, як мақоми баландпояи пулиси Маскав садо дода буд.

Алексей Журавлёв ба Радиои Озодӣ гуфт, "бар асоси ин пешниҳод, ҳар муҳоҷире ки барои кор вориди Русия мешавад, баробари вуруд бояд маблағи муодили хароҷоти бозгашташро ба мақомоти кишвари мизбон бисупорад. Ин пул бидуни фоиз ва як навъ замонати молист, ки дар сурати ихроҷи ин муҳоҷир бояд харҷи боздошту муҳокимаи додгоҳӣ ва бозпас фиристодани ӯ аз Русияро бипӯшонад." Оқои Журавлёв афзуд, вақте муҳоҷир қаламрави Русияро тарк мекунад, пули векселро барояш бар хоҳанд гардонд. Ӯ мегӯяд, ин векселро набояд ҳамчун виза бо кишварҳои пасошӯравӣ қабул кард ва дар бисёри кишварҳо аз меҳмонони хориҷӣ чунин пули замонат талаб мекунанд.



Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Алексей Журавлёв дар бораи вексели муҳоҷират



Алексей Журавлёв

Жигарёв ва Журавлёв мегӯянд, ки дар соли 2011 аз Русия 28 585 нафар ва соли 2012 боз ҳам бештар – 35 134 шаҳрванди хориҷиро ихроҷ кардаанд. Ихроҷи ҳар як муҳоҷир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, барои мисол, аз 30 то 40 000 рубл, муодили 1000-1300 доллар ҳазина дорад ва дар маҷмӯъ ихроҷи муҳоҷирон барои буҷаи Русия дар сол беш аз 40 миллион доллар тамом мешавад. Пулиси Маскав мегӯяд, танҳо барои ташхиси ҳуввияти муҳоҷирони боздоштшуда аз тариқи консулгарии кишвараш 40 доллар масраф мешавад, вале харҷи бештарин марбут ба харидории чиптаи парвози ихроҷшудагон аст, ки дастикам 400 долларро ташкил медиҳад.

Вакилони Думаи давлатии Русия мегӯянд, дар соли 2011 қариб 16 миллион шаҳрванди хориҷӣ вориди ин кишвар шуда, аз ин шумор ҳудуди 1,2 миллионаш муҷаввизи кор гирифтаанд. Вале ба ақидаи онҳо, шумори воқеъии муҳоҷирони корӣ бамаротиб бештар аст ва агар ҳатто нисфи хориҷиёни омада ба Русияро ташкил диҳад, вексели муҳоҷират метавонад ҳатто бо қимати ҳадди ақали 30 000 рубл солона то 225 миллиард рублро ба ҷайби давлат бирезад.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар ин пешниҳодро “табъизомез” унвон мекунанд. Александр Брод, раҳбари дафтари ҳуқуқи башари Маскав гуфтааст, “ин як чораи табъизомез аст, чунки аз пеш қазоват мекунад, ки муҳоҷирон метавонанд қонунро вайрон кунанд ва мавриди ихроҷ қарор бигиранд.” Светлана Ганнушкина, ҳомии дигари ҳуқуқи инсони Русия гуфтааст, “ин як пешниҳоди комилан ғайри қобили иҷрост. Ман хеле мехостам, аз муаллифони ин тарҳи қонун ҳангоми вуруд ба ягон кишвари дигар барои мабодо пул ситонанд.”

Бино ба омори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, танҳо дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ мақомоти Русия алайҳи муҳоҷирон бо ҷурми нақзи шароити кору иқомат 17 000 протокол тартиб дода, аз онҳо ба маблағи 24 миллион рубл ҷарима ситондаанд. Дар 5 моҳи аввали сол аз қаламрави Русия 1070 хориҷиро ихроҷ кардаанд.


Сергей Собянин

Мақомоти Русия дар ин авохир сиёсати худ дар масъалаи муҳоҷиратро торафт шадидтар мекунанд. Чанд гурӯҳи сиёсӣ дар Русия ҳатто гуфтаанд, ки барои даъвати референдум бо талаби ҷорӣ кардани виза бо кишварҳои Осиёи Марказӣ имзо ҷамъ хоҳанд овард. Шаҳрдори пойтахти Русия Сергей Собянин, ки дар пешорӯи интихоботи моҳи сентябр лаҳни зидди муҳоҷиронашро ба маротиб тундтар кардааст, ахиран гуфт, “Маскав бояд шаҳри Русия боқӣ бимонад ва муҳоҷирон фикри зистан дар кишварҳои худро кунанд, на орзуи зиндагӣ дар Маскавро.”

Ҳамасола беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон низ барои муҳоҷирати корӣ ба Русия меравад. Соли гузашта ин мардум ба Тоҷикистон тақрибан 3,6 миллиард доллар пул фиристодаанд, ки баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвари фақири пасошӯравист. Чӣ мақомот ва чӣ маҳофил дар Тоҷикистон пули муҳоҷиронро як омили асосии таъмини суботи иҷтимоӣ дар ин кишвар эътироф мекунанд.

Аммо ба ҳисоби як созмони дифоъ аз муҳоҷирон, дар ҳоли ҳозир шумори тоҷикони ихроҷшудае ки ҳаққи сафар ба Русияро аз даст додаанд, ба 42 500 нафар расидааст. Дар шароити Тоҷикистон ин амалан ба маънои аз як манбаъи муҳими таъмини рӯзгор маҳрум шудани 42 500 хонавода аст.