Маскав умедашро аз фурудгоҳи Айнӣ накандааст

Дар матбуоти Русия хабарҳое нашр шудаанд, ки гӯё Маскав барои дар ихтиёри худ даровардани фурудгоҳи низомии Айнии Тоҷикистон пешнависи санадеро таҳия кардааст
Бино ба ин хабар, Русия ҳамчунин мехоҳад дар ояндаи наздик барои таъсиси пойгоҳи ҳавоии худ дар шаҳри Ӯши водии Фарғона бо Қирғизистон музокиротро оғоз намояд. Вале дар хабар омадааст, Русия барои расидан ба ҳадафҳои стратегиву амниятии худ мехоҳад бештар ба пойгоҳи Айнӣ такя кунад. То чӣ андоза ин хабарҳо воқеият доранд ва Русия бо пахши чунин хабарҳо чӣ мехоҳад?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷаҳди Маскав барои соҳибӣ ба пойгоҳи ҳавоии Айнӣ



Абдумаҷид Достиев - сафири Тоҷикистон дар Маскав мавҷудияти ҳар гуна тарҳи санадеро дар бораи дар ихтиёри Русия гузоштани фурудгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ, воқеъ дар 15- километрии ғарби Душанбе рад мекунад. Оқои Достиев мегӯяд, дар ин бора сафорат аз ҷониби вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дастуре нагирифтааст ва мақомоти расмии Русия пешниҳоде ваё тарҳи санаде ба сафорат нафиристодаанд: «Мо дар ин бора на аз тарафи Русия иттилоъе дастрас кардаем ва на дастури кишварамонро гирифтаем.»

Ин дар ҳолест, ки чанд расонаи хабарии Русия, аз ҷумла “Независимая газета», навиштаанд, ки вазорати корҳои хориҷаи Русия якҷо бо сарраёсати ҳамкориҳои низомии байналмилалии вазорати дифоъи он кишвар дар бораи даровардани фурудгоҳи Айнӣ ба таркиби пойгоҳи низомии 201 тарҳи қарордодеро таҳия кардаанд. Як манбаъ дар ин сарраёсат, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мавҷудияти чунин тарҳи қарордодро рад кард.

Фариддун Маҳмадалиев - сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон низ гуфт, дар бораи фурудгоҳи Айнӣ то ҳол тасмим нагирифтаанд: “Дар бораи фурудгоҳи Айнӣ сарусадоҳо борҳо паҳн шудаанд. Вале ҳукумати Тоҷикистон ва вазорати дифоъ имрӯз дар бораи иҷора додан ва ё ба таври шартномавӣ дар ихтиёри кишваре гузоштани ин фурудгоҳ тасмиме надорад.”

Аммо дар остонаи Рӯзи Ғалаба дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Русия президент Владимир Путин ба ниҳодҳои амниятиву дифоъӣ дастур дод, ки низоми амниятӣ дар самти ҷанубро таҳким бахшанд. Пойгоҳи низомии 20-уми Русия дар Тоҷикистон низ ба ҳамин бастаи стратегияи амниятии Русия дар самти ҷануб дохил мешавад. Аммо Тоҷикистон то ҳол қарордод дар бораи идомаи ҳузури ин пойгоҳ дар қаламрави худро ба тасвиб нарасондааст ва бидуни ин қарордод стратегияи ҷанубии Русия ноқис ба назар мерасад.

Барои такмили ҳамаи унсурҳои ин стратегияи амниятӣ Русия дар канори пойгоҳи низомии худ дар Тоҷикистон ба фурудгоҳе аз қабили фурудгоҳи низомии Айнӣ ниёз дорад, то дар оянда ҳавопаймоҳо ва чархболҳои низомиро дар ихтиёри ин пойгоҳ гузорад ва дастрасӣ то ба Афғонистону марзҳои Чин ва ё халиҷи Форсро аз наздиктарин нуқтаи Осиёи Марказӣ дар ихтиёр дошта бошад.

Нуралишоҳ Назаров

Генерал Нуралишоҳ Назаров – фармондеҳи собиқи нирӯҳои марзбонӣ ва коршиноси умури низомии Тоҷикистон дар бораи фурудгоҳи Айнӣ мегӯяд: “Ин як фурудгоҳи калон аст. Ҳамаи навъҳои ҳавопаймоҳоро қабул карда метавонад. Барои ҳамин фоидааш зиёдтар аст барои Русия.”

Аз замони хуруҷи нирӯҳои марзбонии Русия аз Тоҷикистон дар соли 2005 муносиботи ин ду кишвар гаҳ-гоҳе дучори буҳрон шудааст ва расонаҳои хабарии Русия чунин хабарҳоро, масалан дар бораи гӯё эҳтимоли бозгашти нирӯҳои марзбонии Русия ва ё идомаи мӯҳлати ҳузури пойгоҳи 201, бидуни ном бурдан аз ягон мақоми расмӣ ё сарчашмае зиёд ба нашр расондаанд. Таҳлилгарон мегӯянд, ҳадаф аз ин “сели ахбор” тавассути матбуот маълум кардани вокуниши маҳофили иҷтимоӣ ва мақомоти расмии Тоҷикистон буда метавонад.

Александр Голтс - таҳлилгари умури низомии Русия мегӯяд, навиштаҳои ахири матбуоти Русия дар бораи пойгоҳи Айнӣ шояд давоми ҳамин сиёсат бошад: “Истисно нест, ки ин хабар ба воқеият дуруст наояд, вале ҳадафи хабар ин аст, ки вокуниши яке аз ҷонибҳоро дар ин бора ба бор орад. Вале ин нукта рӯшан аст, ки бо хуруҷи нируҳои байналмилалӣ аз Афғонистон раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон пайдо кардаанд, ки бо Русия ва Амрико бозии чандтарафаро пеш баранд ва барои худ имтиёзҳои беҳтаре бигиранд.”

Аз сӯи дигар, Александр Голтс таъкид мекунад, ки дар соли 2011 бо ташаббуси Русия дар чаҳорчӯби созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(ОДКБ) кишварҳои узв қарордодеро имзо карда буданд, ки бар асоси он ҳеҷ як аз кишварҳои узв ҳақ надорад бидуни ҳамоҳангӣ қаламрави худро дар ихтиёри пойгоҳи низомии кишвари дигаре гузорад. Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки кишварҳои узв бояд барои ин кор аз Русия иҷоза бигиранд ва онро як навъ “ҳамоҳангӣ” бо кишварҳои узви ОДКБ арзёбӣ мекунанд.

Ин ақида низ ҳаст, ки агар Тоҷикистон дар бораи имкони ҳамкории низомӣ бо кишварҳои дигар, масалан бо Амрико ё Ҳиндустон, дар бораи фурудгоҳи Айнӣ музокира кунад, дар баҳсҳояш бо Русия барои матраҳ кардани пешниҳодҳо ва хостҳои худ дасти боз хоҳад дошт.