Ҷавоб ба мақолаи "Тоҷикистон пири тариқат дорад?"

Саҳнае аз видео.

Яке аз хонандагони торнамои Радиои Озодӣ пас аз мутолиаи мақолае таҳти унвони "Тоҷикистон пири тариқат дорад?" ба мо ин навори видеоро фиристод.
Дар мақолаи "Тоҷикистон пири тариқат дорад?", ки рӯзи 8-уми феврали соли равон дар торнамои Радиои Озодӣ ба нашр расид, аз ҳастии маҳфилҳои сӯфия дар Тоҷикистон, намояндагони он ва нақши пирони тариқат сухан меравад.

Аз ҷумла Ҳоҷӣ Ғайбулло, имом-хатиби яке аз рустоҳои ноҳияи Ҳамадонӣ ва аз пайравони Нақшбандия мегӯяд, ки авлоди онҳо садсолаҳо боз мансуб ба ин тариқат аст ва бобояш Мулло Ҳабибуллоҳ замони шӯравӣ яке аз пирони тариқат дар минтақаи Кӯлоб буд. Ба гуфтаи ӯ, бобояш овони наврасиву ҷавонӣ муриди Домулло Шариф дар Ҳисор, Эшони Азизхоҷа ва Домуллои Кишти Боло буд, ки ҳамагӣ аз сӯфиҳои тариқати Нақшбандия буданд. Аз дигар авлодонаш, аз ҷумла, Эшони Шайх дар Пири Марванда аз афроди бонуфузи минтақа маҳсуб мешуд ва муридони зиёд дошт.

Аҳмадхоҷа Маҳмадхоҷаев, узви вобастаи АУ Тоҷикистон ва муҳаққиқи тасаввуф, мегӯяд, ки мардуми Тоҷикистон асосан аз равияҳои Нақшбандия ва Қодирия пайравӣ мекунанд. Қодирия, ки поягузораш Абдулқодири Гелонист, дар қарни даҳ арзи вуҷуд кардааст ва қадимитарин дар тасаввуф маҳсуб мешавад. Абдулқодири Гелонӣ соҳиби девони шеъру ғазалҳои ирфонӣ ва рисолаи «Футуҳоти ғайбӣ» аст. Поягузори равияи Нақшбандия Муҳаммад Баҳоваддини Нақшбанд, зодаи Бухорои шариф аст ва мақбараи ӯ дар ин шаҳр қарнҳо боз зиёратгоҳи ҳазорон нафар боқӣ мемонад.

Сипас, сухан аз он мерафт, ки оё имрӯз пайравони тасаввуф дар Тоҷикистон чӣ қадаранд ва нақши онҳо дар ҳаёти маънавию ирфонии кишвар чист. Ин хулоса низ ба миён омада буд, ки алҳол дар Тоҷикистон пири тариқате нест, ки ҳама пайравони Нақшбандия ё Қодирия ихлосманди ӯ бошанд, аз ин рӯ бархе аз муридон барои дарёфти "хатти иршод" ба Афғонистони ҳамсоя мераванд.

Хонандаи Радиои Озодӣ, ки худро Алӣ муаррифӣ кардааст, бо фиристодани навори видео мегӯяд, маросими самоъ ва зикр дар Тоҷикистон низ роиҷ аст. Аммо муаллиф нагуфтааст, ин навор кай ва дар куҷо забт шудааст. Бо вуҷуди ин он метавонад, як таассуротеро дар бораи сӯфиёни Тоҷикистон ба вуҷуд орад. Бо ин ҳадаф навор пешкаши ҳамагон мешавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷавоб ба мақолаи "Тоҷикистон пири тариқат дорад?"


Баъд аз чанд рӯзи нашри ин навор хонандаи дигари торнамои Радиои Озодӣ бо номи Исломиддин ба мо навишт, ки видеои мазкур аз тарафи як пайрави гурӯҳи Салафия пахш шуда, ҳадаф аз он бадном кардани тасаввуф ва сӯфиён аст. Вай навишт, маросими ҳақиқии зикри сӯфиёнро метавон дар ин навор дид:

http://www.youtube.com/embed/RqBV-F3Q9MQ