Ҳар сол рӯзи 30-юми сентябр дар Тоҷикистон рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мешавад. Аммо имсол ин сана бидуни кадом нишасту бархост ва маъракаи хосе сипарӣ шуд. Танҳо ҷамъияти фарҳангии "Пайванд" як рӯз пештар дар навоҳии кишвар, аз ҷумла Кӯлоб, маҳфили мавлавихониро бо ҳузури донишмандону ҳунармандон созмон додааст. Исомиддин Салоҳиддинов, раиси ҷамъияти "Пайванд", гуфт, дар ин маҳфил мавлавишиносон аз Бритониёву Эрон иштирок кардаанд.
Аммо дар рӯзи 30-юми сентябр ба унвони "Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ" ҳеҷ барномае аз ҷониби созмонҳо ва пойгоҳҳои фарҳангии кишвар сурат нагирифтааст. Омӯзиши осори Ҷалолиддини Балхӣ ва чеҳраи ӯ дар Тоҷикистон танҳо пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ҳамаҷониба имконпазир шуд. Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ мардуми Тоҷикистон дар бораи "Маснавии маънавӣ" ва "Девони кабир" ё "Девони Шамс"-и ӯ огоҳӣ пайдо карданд. То ин давра мавлавихонӣ ва осори риндонаи тариқати Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳалқаҳои маҳдуди рӯҳониён дар баъзе аз манотиқи Тоҷикистон иҷро карда мешуданд.
Баъзе хонаводаҳо "Девони Шамс"-ро ҳамчун китоби муқаддас зери болини кӯдакон мегузоштанд. Ҳайдаршоҳ Акбаров, яке аз мавлавишиносони Тоҷикистон, ки доир ба осори Ҷалолиддини Балхӣ ё Румӣ мақолаҳои мухталиф навиштааст, мегӯяд, ӯ ба таври боиста, чуноне ки дар Эрон, Афғонистон ва Туркия шинохта шудааст, ҳанӯз муаррифӣ нашудааст. Вай меафзояд, "дар Тоҷикистон бар асоси асарҳои донишмандони Эрон, ба мисли Фурӯзонфару Заринкӯбу дигарон ба андешаи Мавлавӣ ошноӣ пайдо мекунанд. Дар Тоҷикистон Мавлавӣ аз таваҷҷӯҳи олимони Пажӯҳишгоҳҳо дида, дар миёни рӯҳониён ва макотиби мазҳабӣ бештар маъруфтар аст ва мавриди омӯзиш қарор дорад."
Ба назари ҳамсӯҳбатони мо, бо вуҷуди даҳҳо рисолаи таҳқиқотие, ки дар робита ба осори Мавлоно анҷом дода шудааст, аксари мардум ӯро бештар аз як шоир намешиносанд. Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси Академияи исломии ҲНИТ, мегӯяд, воқеан Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ дар ҳалқаҳои рӯҳониён ва муллоҳҳо бештар ошнотар ва мавриди ковишу тафсир қарор дорад.
Ба назари ӯ, Мавлоно қабл аз он ки як шоир бошад, як ориф ва пири тариқат буд, ки аз паси ӯ даҳҳо пайравону муридонаш ба рақси самовии самоъ бармехестанд: "Китоби "Маснавии маънавӣ"-и Мавлавӣ дар ҳалқаҳои рӯҳониён ҳамчун китоби дарсӣ таълим дода мешавад. На танҳо Маснавӣ, девону шарҳҳое, ки бар осори Мавлавӣ навишта шудааст, ҳамчун китоби дарсӣ таълим ва тафсир мешаванд."
Зимнан, Созмони Милали Муттаҳид соли 2007-умро соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ихтисос дода буд ва кишварҳои ҷаҳон мисли Туркия, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Фаронса ва дигар кишварҳо барномаҳое барои гиромидошт ва бузургдошти 800-умин солрӯзи мавлуди ин марди бузург баргузор карданд. Тоҷикистон таърихи "30-юми сентябр"-ро ҳамчун "Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ" эълон кард.
Аксари мавлавишиносон мегӯянд, Тоҷикистон обишхӯр ё зодгоҳи Ҷалолиддини Румӣ маҳсуб мешавад ва мебоист аз ин шахси ҷаҳонӣ дар рӯзе, ки ба бузургдошти ӯ ихтисос дода шудааст, бо шукӯҳи хоса ёд мекард.