Хадамоти алоқа манбаи алфози қабеҳ ва наворҳои фаҳшро дар интернет мебандад

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба фановариҳое дастрасӣ пайдо кардааст, ки иттилооти бардурӯғ, навору алфози фаҳш ва манбаи онҳоро дар интернет муайян мекунад.
Дар изҳороти ахири Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки расонаҳои расмии кишвар пахш карданд, омадааст, паҳн кардани дурӯғ ва туҳмат дар шабакаи интернет ҷиноят буда, шахсони муҷрим дар назди қонун ҷавоб мегӯянд. Дар ин изҳорот таъкид гашта, ки интернет барои ҷомеаи Тоҷикистон «майдони бедарвоза» шудааст, зеро бо номҳои мустаор ва гапҳои қабеҳ шахсияти одамон паст зада мешавад, аз ин хотир, пеши роҳи ин амалҳо бояд ҳарчӣ зуд гирифта шавад.

Бег Зуҳуров, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ба радиои «Озодӣ» даст ёфтани ниҳодаш ба фанновариҳои ҷадидро таъйид кард, лекин гуфт, тафсилотро дар ин маврид баъдтар ироа хоҳад кард.

Бег Зуҳуров - сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон

Аммо коршиносони соҳа мавҷудияти ин гуна фанновариҳоро дар кишварҳои ҷаҳон зикр карда, мегӯянд, ки ҳанӯз аз даст ёфтани Тоҷикистон ба онҳо хабар надоранд.

Парвина Ибодова, намояндаи Анҷумани интернетрасонҳои Тоҷикистон, мегӯяд, сухан дар бораи барномаҳое меравад, ки умдатан аз сӯи хадамоти махсуси кишварҳо истифода мешавад: «Ин як робот аст, ки чун калимаро дид, зуд сигнал медиҳад ва ба зудӣ муайян мекунад, ки ин калима кай ва аз куҷо навишта шудааст. Ман бовар надорам, ки тафсилоти инро дар Хадамоти алоқа шарҳ диҳанд, зеро ки махфӣ аст ва шояд танҳо ҳаминро гӯянд, ки ба хотири амнияти миллӣ гирифта шудааст. Шояд ин фанновариҳо аз хеле қабл истифода мешаванд, аммо мо хабар надорем.»

Ба қавли коршиносон, ин фанновариҳо қариб дар аксари кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳандозӣ шудаанд, аз ҷумла дар Русия, Қазоқистон ва Узбакистон. Онҳо Русияро мисол меоранд, ки чанд соли қабл ҳамчунин як барнома – роботро бо 1 миллион калима фаъол карда буд.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, раҳбари созмони «Ташаббуси шаҳрвандии тавсиаи интернет», мегӯяд, фанновариҳои рақамӣ идорашавандаанд, вале ин як «лаззати гаронқимат» аст: «Ҳар як технология баробари роҳандозӣ шудан зарурати пайдоиши антитехнологияро ба миён меорад. Як сол баъд ин навгонӣ куҳна мешавад ва баробари пайдо шудани мухолифи он бояд аввалиро таҷдид кард, ки хароҷоти зиёд мехоҳад.»

Муҳаммадӣ Ибодуллоев

Дар ҳамин ҳол, зимни суҳбат бо радиои «Озодӣ» як мутахассиси соҳа, ки аз ҳамчунин барнома огаҳ аст, мегӯяд, харидории ин фанновариҳо дар тавони Хадамоти алоқа нест, зеро фақат як софкунаки иттилоъ бо нерӯи 1 килобит 50 ҳазор доллар қимат дорад ва барои соф кардани иттилоъ дар интернети тоҷикӣ ҳадди ақал дастгоҳи 10-килобита зарур аст. Аммо вай гуфт, бархе аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ин навъи фанновариҳоро дастрас карда, мавриди истифода қарор додаанд.

Вале дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» намояндагони ширкатҳои мобилӣ дар ин бора иттилое надоданд.

Коршиносон мегӯянд, ин танҳо роҳи маҳор кардани ҷиноятҳои интернетӣ аз бахши тоҷикии интернет буда наметавонад, зеро онҳо аксаран дар хориҷи кишвар содир мешаванд, бахусус дар кишварҳое, ки чунин дурӯғпароканӣ ва алфози қабеҳ озодии баён маҳсуб мешаванд, на ҷиноят. Ҳамчунон дасти мақомот дар ҳоли ошкор шудан ҳам ба онҳо намерасад. Онҳо бар инанд, ки то боло нарафтани фарҳанги истифодаи интернет дар Тоҷикистон ин мушкил боқӣ мемонад.

Моҳи равон як гурӯҳи кории 12-нафарае бо пуштибонии мақомот ва созмонҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфт, ки барои истифодабарандагони фазои Тоҷнет Одобнома ё Хартияи шаҳрванди ҷомеаи иттилоотии Тоҷикистонро омода хоҳад кард.