Ин танҳо як андеша ва пешниҳод аст, ки аз тарафи ҷомеаи мадании Тоҷикистон, ба эҳтимоли зиёд дар посух ба пайиҳам баста шудани сомонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ рӯ задааст. Зеро ҳар дафъа баста шудани торнамоҳоро бар замми “профилактика” ва сабабҳои фаннӣ ин гуна шарҳ медиҳанд, ки интернет ба як “бозори сиёҳ” табдил ёфта, аз тариқи он даъватҳои зӯроварӣ, таҳқиру дашном ва аксу суханони ношоям паҳн мешаванд. Тахмин меравад, ки дар ин одобнома меъёрҳои ахлоқии истифодаи интернет, эҳтироми шаъну шарафи ҳамдигар ва масоили ҳамсони ин ба танзим оварда шаванд.
Андешаи таҳияи "Одобномаи интернетӣ" пеш аз ҳама дар Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон ба миён омадааст. Яке аз масъулони он, Парвина Ибодова, рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тарҳи “Одобномаи интернетӣ” ва ё Хартияи истифодабарандагони интернет ва телефони мобилӣ таҳия мешавад ва дар назар аст, матни онро бо намояндагони васоити ахбори ом, созмонҳои интернетӣ, кормандони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва бо мутахассисони ширкатҳои фароҳамкунандаи хадамоти мобилӣ мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Ба қавли хонум Ибодова, "Одобномаи интернетӣ" имкон хоҳад дод, ки фарҳанги иттилоотӣ ва муносибати ҷомеа бо интернет танзим ва таҳким ёбад: “мегӯянд, ки ҳоло маҳз ба далели поён будани ахлоқи истифодабарандагони интернет ва ҷой доштани дашному таҳқирҳо нисбат ба шахсони мансабдор, бастани сомонаҳо ба “ҳукми анъана” даромадааст. Ҳамчунин ба назари мо, бинобар риоя нашудани одоби истифодаи телефони мобилӣ, он барои донишҷӯёну мактаббачагон манъ шуд.”
Хонум Ибодова афзуд, ки бо қабули чунин одобнома, онҳо ният доранд фарҳанги истифодаи интернет ва телефонҳои мобилиро боло баранд ва ба ҳамин минвол аз басташавии сомонаҳо ҷилавгирӣ кунанд. Ҳамсӯҳбати мо иброз дошт, қабули ин санад барои шӯъбаи мониторонги IP, ки Хадамоти алоқа роҳандозӣ кардааст, як гуна дастур хоҳад шуд ва онҳо маҳз аз рӯи муқаррароти ҳамин одобнома ба мӯҳтавои сомонаҳо оид ба ҷой доштан ва ё ҷой надоштани таҳқир баҳо хоҳанд дод, на аз рӯи салоҳдиди шахсии худ. Ба таъкиди хонум Ибодова, силсилаи қоидаҳое тавсия дода хоҳад шуд, ки иҷрои онҳо ба виҷдону ахлоқи корбарон вогузор хоҳад гашт ва дар сурати вайрон кардани ин муқаррарот ҷазо пешбинӣ намешавад, магар ки танбеҳи маънавӣ.
Аммо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ин тасмими Анҷумани ширкатҳои дастраскунадаи интернетро роҳи ҳалли мушкил намедонанд.
Шамсиддин Каримов, роҳбари созмони ғаридавлатии «Бунёди рушди Тоҷикистон» мегӯяд, бо воситаи низомнома ва ё одобнома намешавад фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва хусусан фазои маҷозию бемарзи интернетро ба низом даровард: “интернет табиатан як майдони озоди баёни андеша аст. Як нафар наметавонад, гӯяд ки ту ин гапро гӯй, вале инашро не. Қабули ҳар гуна одобнома ва низомнома ба табиати ин фазои маҷозӣ рост намеояд.”
Ҷаноби Каримов афзуд, ки бебандубориҳо ва мавҷудияти таҳқиру тавҳин дар бархе аз сомонаҳо мушкили ба истилоҳ “давраи рушд” ё гузариш аст ва бастану манъ кардани сомонаҳо барои ин мушкилро ҳал нахоҳад кард. Ба ақидаи ҳамсӯҳбати мо, ба ҷои бастани сомонаҳо беҳтар буд, агар мақомот арзу шикоятҳои мардумро аз ин сомона ва шабакаҳо шунида, мушкили онҳоро ҳал кунанд. Вақте масъала ҳал шуд, танқиду таҳқир ҳам садо нахоҳад дод.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, бахши форумҳои сомонаҳо ва гуруҳҳои фейсбукӣ аксаран қоидаю одоби махсуси хешро пешопеш эълон мекунанд ва модераторон шарҳҳои хилофи ин муқарраротро нашр намекунанд. Ҳамчунин сомонаҳои маъруфе чун “YouTube” қоидаҳои худро нашр карда, аз бинандагон мехоҳад, бо гузоштани “байрақча” видеоҳоеро, ки хилофи ин қоидаҳост, ишора кунанд. Чунин наворҳо баъдан бозбинӣ ва аз сомона берун карда мешаванд. Ҳамин тавр бархе аз сомонаҳои дигар маҳви шарҳҳои беадабонаро дар ихтиёри хонандагони худ қарор додаанд.
Эраҷи Амон, истифодабари фаъоли интернет мегӯяд, ӯ аз қабул шудани чунин “одобномаҳои тавсиядиҳанда” хотираи нек надорад: “ ёд дорам ҳангоми донишҷӯӣ Вазорати маориф як чунин намунаи либосҳои тавсиявиро қабул карда буд. Вале баъд маълум шуд, ки он тавсия не, балки маҷбурӣ аст, донишҷӯёнро бидуни ин либосҳо ба дарс роҳ намедоданд. Ман бо боварии комил метавонам гӯям, ки қабули ин гуна одобнома монанди дасти худро бо завлона баста, ба мақомот таслим кардан аст. Мақомот ҳатман ин одобномаро бар зидди мо истифода мекунанд.”
Дар ҳамин ҳол, Асомиддин Атоев, роҳбари Анҷумани дастракунадагони интернет, пешниҳодкунандаи тарҳи "Одобномаи интернетӣ", мегӯяд қабули ин гуна дастур чизи нав нест ва он он дар дигар кишварҳо ҷой дорад. Масалан, дар Бритониё эъломияе ҳаст, ки истифода аз аксу наворҳои фаҳшро манъ мекунад. Ба таъкиди ҷаноби Атоев, айни чунин одобнома барои журналистон дар Тоҷикистон қабул шудааст, ки фаъолияти касбии рӯзноманигоронро хуб танзим мекунад.
Пешниҳоди қабули чунин одобнома дар ҳоле садо медиҳад, ки ахиран дар Тоҷикистон ба далели истифодаи алфози қабеҳ ва танқиди мансабдорон дар "Facebook", дастрасӣ ба ин шабака масдуд шуда буд.