Шумори гирифторони бемории сил дар байни муҳоҷирони тоҷик нисбат ба ду соли пеш 10 дарсад поён рафтааст.
Маркази ҷумҳуриявии зидди бемории сил бар асоси муқоисаи оморҳо мегӯяд, агар дар соли 2011 аз 100 000 муҳоҷир дар бадани то 80 нафараш аломатҳои сил ташхис мешуд, ҳоло ин рақам 70 нафарро ташкил медиҳад. Ба ин тартиб, аз 7 000 маризи сили сабтшуда дар Тоҷикистон тақрибан 600 нафарашро муҳоҷирон ташкил медиҳанд. Аммо табибон мегӯянд, бар хилофи иддаои расонаҳои русӣ, ки муҳоҷиронро як манбаъи бемории сил ном мебаранд, аксари ин мардум аз Тоҷикистон бо тани солим ба муҳоҷират рафта, бемории силро аз Русия "тӯҳфа" меоранд.
Як бахши муҳоҷирони тоҷик пас аз бозгашт аз Русия ҳатман бо далели «хунукӣ задан» аз ташхис мегузаранд. Дар илми тиб беморие бо номи «хунук задан» вуҷуд надорад, аммо табибон мегӯянд, ки сардӣ метавонад манбаъи гирифтории инсон ба бемориҳои гуногун шавад.
Давлат, исми мустаори як ҷавони муҳоҷир аст, ки се моҳи пеш аз Русия баргашт ва бо далеле, ки ӯро хунук задааст, аз ташхис гузашт. Ташхис нишон дод, ки ӯ гирифтори бемории сил аст ва ҳоло пас аз табобати семоҳа вазъи сиҳатиаш рӯ ба беҳбудӣ овардааст: «Табам мекард, сулфа мезадам, ҳоло хеле беҳтар шудам. Рафта ташхиси рентгенӣ кардам, ки гуфтанд, бемори сил ҳастам ва аз Русия зуд баргашта, ҳоло дар ватан табобат дорам.»
Аммо пизишкон мегӯянд, аз сардӣ касе ба бемории сил гирифтор намешавад ва Давлат эҳтимол дар Русия бо афроди гирифтории бемории сили фаъол робитаи зич доштааст.
Меҳрафрӯз Давлатбекова, ҳамоҳангсозӣ миллӣ оид ба адвокатсия, муошират ва сафарбаркунии ҷомеа барои мубориза зиди бемории сили Маркази ҷумҳуриявии мубориза зидди бемории сил, мегӯяд, аксари муҳоҷирон бо гумони ба истилоҳи худ, «хунук задан» ҳатман аз ташхис мегузаранд.
Ба гуфтаи ӯ, аз Тоҷикистони гарм якбора ба Русияи нисбатан сардтар сафар кардан бархе аз муҳоҷиронро касалманд мекунад, аммо на ҳамаи онҳое, ки аз Русия баргашта, аз ташхис мегузаранд, бемории сил доранд: «Хушбахтона, ҳоло ҳар муҳоҷире, ки аз Русия бармегардад, ба пизишкон муроҷиат мекунад. Худи хунукӣ инсонро бемори сил намекунад. Сил бемории сироятист ва танҳо дар он ҳолат сироят мекунад, ки инсон бо нафари микробхориҷкунандаи он тамос дорад, яъне, сили шуши фаъол дорад ва хориҷкунанда аст.»
Ба ин далел масъулин мегӯянд, гирифторӣ ба бемории сил дар миёни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба таври чашмгир коҳиш ёфтааст.
Масъулини Маркази ҷумҳуриявии мубориза зидди бемории сили Тоҷикистон иддаои расонаҳои Русияро, ки ҳамеша аз афзоиши бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сил, миёни муҳоҷирони тоҷик матлаб менависанд, рад мекунад.
Меҳрафрӯз Давлатбекова мегӯяд, мувофиқи таҳлилҳо ба хулосае расидаанд, ки ягон гирифтори бемории сил дар ҳолати микробхориҷкунӣ ба Русия сафар намекунад, зеро ӯ дар ин ҳолат имкони ҳамчун муҳоҷир кор кардан надорад ва он муҳоҷироне ҳамчун бемори сил сабт мешаванд, ки аз Русия баргаштаанд. Ба гуфтаи ӯ, шояд бархе муҳоҷирон дар Тоҷикистон сироят ёфта бошанд ва шароити бади зист ин микробро дар баданашон қавӣ мекунад.
Аммо Ҷаҳонгир Исмоилов, мудири шӯъбаи омори Маркази ҷумҳуриявии мубориза зидди бемории сили Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи як пажӯҳиши вижа ва муқоисаи омор ба хулосае расиданд, ки нисбат ба ду соли пеш гирифтори бемории сил дар миёни муҳоҷирон даҳ дар сад поён рафтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, муроҷиати муҳоҷирон барои ташхис афзоиш ёфтааст.
Исмоилов гуфт: «Дарёфти бемории сил дар байни муҳоҷирон ҳоло ба 15 фоиз расидааст, яъне, нисбат ба се соли пеш даҳ дар сад кам шудааст, ҳарчанд, муроҷиати муҳоҷирон хеле зиёд мушоҳида мешавад. Силро аз рӯи аҳолӣ ҳисоб мекунанд, яъне, се сол пеш аз сад ҳазор муҳоҷир 80 гирифтори сил ҳангоми ташхис пайдо мешуд, аммо ҳоло ин шумора ба 70 нафар расидааст.»
Ин пизишк мегӯяд, шароити муҳоҷирон дар Русия нисбатан беҳтар шудааст ва шояд омили беҳшавии сатҳи зист ва огоҳӣ боис шудааст, ки шумораи гирифторони сил аз ҳисоби муҳоҷирон коҳиш ёфтааст.
Аз сӯи дигар, Аслиддин Раҷабов, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза зидди бемории сил, мегӯяд, ҳоло ташхиси гирифторони бемории сил дар Тоҷикистон осонтар ва муайян кардани беморӣ низ мушахастар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло Маркази ҷумҳуриявӣ бо кӯмаки созмонҳои мададрасон дорои дастгоҳе бо номи «Бронхоскоп»-и замонавӣ гаштааст, ки даҳҳо маротиба ташхисро осонтар мекунад: «Ин дастгоҳ микроберо пайдо мекунад, ки рентген онро нишон намедиҳад. Ин дастгоҳ бо воситаи даҳон узвҳои дохилиро видеоташхис мекунад ва хеле дақиқ. Ин корро хеле осон кардааст ва ҳоло сокинон барои ташхис бо ин асбоб бештар меоянд.»
Пизишкон бар ин назаранд, ки дар сурати муолиҷаи сари вақт инсон аз бемории сил комилан шифо меёбад. Дар сурати муолиҷа накардан ва ё пурра ба анҷом нарасондани давраи табобат, он ба шакли мутобиқатгаштаи сил табдил меёбад, ки шифоёбиро дучанд мушкилтар мекунад.
Аз Тоҷикистон соле мувофиқи иттилои расмӣ то 800 ҳазор нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Расонаҳои Русия дар аксар маврид муҳоҷирони тоҷикро паҳнкунандаи бемории сил медонанд, иттиҳоме, ки пизишкони тоҷик рад мекунанд.
Дар Тоҷикистон ҳоло беш аз 7 ҳазор сокин ҳамчун гирифтори бемории сил сабт шудааст, ки аз ин ҳисоб наздики 600 нафари онҳо муҳоҷирони собиқ мебошанд. Аксари онҳо ҳам, ба гуфтаи мутахассисон, аз Тоҷикистон бо тани солим ба муҳоҷират рафта, ғолибан дар Русия гирифтори сил шудаанд.