Давоми ду соат, сар аз соати се то панҷи баъд аз зуҳри рӯзи шанбе, аз дохили пойгоҳи низомии Русия воқеъ дар шаҳри Кӯлоб, садои тирпаронӣ ба гӯш расидааст.
Хабарнигори "Озодӣ" дар Кӯлоб мегӯяд, ин садоҳо гоҳе мутаваққиф шуда, вале боз ба таври давомдор то муддате идома кардаанд.
Давлатшоҳ, як сокини Кӯлоб, ки замони шӯравӣ дар артиш кардааст, ба "Озодӣ" гуфт, то ҷое, ки ӯ бо аслиҳа ошност, ин садоҳои тири автомати Калашников ва пулемёт мебошанд.
Ин садоҳои ғайри мунтазира ва давомдор, аксари сокинони Кӯлобро дар ҳарос гузошт. Сокинон мегӯянд, чунин тирпаррониро дар маркази Кӯлоб соли 2008, ҳангоми амалиёти боздошти Сӯҳроб Лангариев шоҳид буданд.
Аммо як манбаъ аз дохили пойгоҳи низомии Русия, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ин садоҳои як тамрини муқаррарии нишонзанӣ будааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунҳои мавҷуда, нерӯҳо дар дохили шаҳр танҳо дар ҳоле ҳаққи тирпаронӣ доранд, ки ин пойгоҳ мавриди ҳамла қарор бигирад ва ё убури ғайриқонунии афроди бегона ба дохили он сурат гирифта ва нафари воридшуда худро дар се мавриди хушдор, муаррифӣ накунад.
Пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб солҳои сиюми асри гузашта, замоне ки Тоҷикистон узви Иттиҳоди Шӯравӣ буд, дар канорае аз шаҳр сохта шуд. Аммо бо сабаби тавсеаи шаҳр, ҳоло дар маркази шаҳр ҷой гирифтааст ва масоҳати он беш аз 40 гектарро ташкил медиҳад.
Тамрингоҳи ин пойгоҳ дар Мумирак дар ҳафткилометрии Кӯлоб ҷойгир буда, тибқи иттилои сокинони маҳаллӣ, дар даҳ соли ахир 15 нафар аз сокинони осоиштаи деҳоти атрофи тамрингоҳ ҷон бохта, беш аз 20 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Низомиёни рус низ бо далели ин ки "ин тирҳо ба онҳо тааллуқ надоранд", ба хонаводаҳои зарардида ҷуброне пардохт накардаанд.
Пойгоҳи низомии 201 бузургтарин пойгоҳи хушкигарди Русия дар хориҷи ин кишвар аст, ки соли 2004 дар пояи фирқаи 201-и ин кишвар ташкил шуд. Он 7 ҳазор сарбозу афсари русро дарбар гирифта, дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар аст. Музокирот сари ин пойгоҳ миёни ду кишвар аз соли 2008 ба сахтӣ идома дошт ва моҳи октябри соли гузашта ҳангоми сафари Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон ба охир расид.