Аз ҷумла дар шаҳри бостонии Кӯлоб, ки мизбони яке аз се қисми низомии пойгоҳи 201 мебошад, ба мӯҳлати сӣ сол боқӣ мондани пойгоҳи низомии Русияро бархе ҳамчун хушнудӣ аз ҳузури «русҳои сулҳпарвар» қабул карданд ва бархе ҳам онро "хатарзо" тафсир намуданд.
Бузургсолони ба гуфтаи худ, «намакхӯрдаи Шӯравӣ», мӯҳлат гузоштан барои пойгоҳи Русияро бемантиқ медонанд, вале аксари ҷавонон ва рӯшанфикрон мӯҳлати тамдиди сӣ соли ҳузури нерӯҳои хориҷиро «таҳқир ба истиқлолияти давлатӣ» медонанд.
Маҳмуд Умаров, як тан аз кӯҳансолони шаҳри Кӯлоб мегӯяд, «ҳар ҷое, ки қадами рус мерасад, он ҷо ободӣ мешавад». Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, ҳамеша боқӣ мондани нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон ҳеҷ ҷои бадӣ надорад:«Халқи рус истад, обод мешавад, наистад, вайрон мешавад. Ин тоҷикҳо фақат дар ғами шиками худанд, барои ҳамин бигзор биистанд».
Киноя: «Тоҷикистонро ҳам ба Русия диҳед»
Ислом Бобоев, як сокини дигари Кӯлоб бо киноя мегӯяд, аз оне, ки сӣ сол ба русҳо иҷозаи ҳузур доданд, хубтараш Тоҷикистонро ба ҳайати ин давлат шомил мекарданд. Аммо бо вуҷуди ин, ӯ аз ҳузури русҳо ба он шарт розист, ки ин кишвар дар сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" мусоидат намояд: «Сӣ сол мондани русҳо беэҳтиромӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон аст. Тибқи қонунҳои давлати соҳибистиқлол, ин мумкин нест. Бо ин ҳам, агар дар сохтмони Роғун кӯмак кунад, мо он қадар зиён намебинем».
Агар муҳоҷиронро пеш накунанд…
Муҳоҷироне, ки аз Русия баргаштаанд, мегӯянд, ба он хотир, ки муҳоҷирони тоҷик ихроҷ нашаванд, ҳукумати Тоҷикистон кори дурусте кардааст. Масрур, марди маҳалие, ки аз Русия баргаштааст, мегӯяд: «Ҳамин, ки муҳоҷиронро ихроҷ накунанд, бигзор биистанд. Агар ҳамаи ин муҳоҷирон баргарданд, зиндагӣ мушкил мешавад. Барои ҳамин, ба фикри ман кори хуб шудааст».
Занон ҳузури русҳоро сарфаҳм намераванд
Дар ин миён занони Кӯлоб дар мавриди ҳузури пойгоҳи Русия назари дигар доранд. Назокат Расулова, як сокини шаҳр мегӯяд, дар мавриди ин қазия маълумоти зиёде надорад, вале агар ҳузури онҳо ба осудагии Тоҷикистон таъсир нарасонад, бигзор боқӣ бимонанд: «Фарқ надорад, тоҷик аст, рус аст, агар барои ободии мо бошад, бигзор биистанд, лекин дар вайронии мо бошанд, Худо вайронашон кунад».
Ҷавонон: «Русҳо хоҳарони моро таҳқир мекунанд»
Зоҳиран, дар Кӯлоб танҳо ҷавонон бо эҳсос дар мавриди буду боши пойгоҳи низомии Русия сӯҳбат мекунанд. Фарухҷони Раҳматулло, донишҷӯи факултаи забони русии Донишгоҳи Кӯлобро боқӣ мондани ин пойгоҳ ба муддати сӣ сол сахт нигарон кардааст. Ӯ мегӯяд, ҳеҷ бовар надошт, ки барои муддати тӯлонӣ ин пойгоҳ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад:
«Дирӯз як гурӯҳ занону мардони ин пойгоҳ нимбараҳна вориди бозор шуданд. Дар давлати шарқӣ ин кори хуб нест. Ин таҳқири хоҳарони мо буд, ки ҳангоми гузаштани онҳо, рӯяшонро пӯшониданд. Онҳо ҳама корро мекунанд, вале дар ин шаҳр касе чизе гуфта наметавонад. Боз органҳо ҷониби ҳамонҳоро мегиранд. Шахсан ман розӣ нестам, ки онҳо дар Тоҷикистон бимонанд. Дар ҳоле, ки мо соҳибистиқлолем».
«То шаст солагии ман русҳо мемонанд?»
Ҷавони дигар бо номи Сиёвуш мегӯяд, ҳангоми шунидани хабари боқӣ мондани русҳо, сахт андӯҳгин шуда, нафастанг гаштааст: «Сӣ сол гапи майда нест. Ба Худо дилам танг шуд ва нафасам гирифт, вақте тасаввур кардам, ки то 60 солагии ман русҳо дар Кӯлоб мемонанд. Ҳар гоҳе, ки сӣ соли ҳузури онҳо ба ёдам мерасад, нафастанг мешавам ва худро озод ҳис намекунам».
Дар ҳамин ҳол, Маҳмадшариф Набиев, як рӯҳонии маҳаллӣ ва узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Кӯлоб мегӯяд, борҳо шоҳиди ҷиноёти мудҳиши сарбозони қисми низомӣ шудааст: «Мо бо намояндагии ин пойгоҳ сӯҳбат кардем ва гуфтем, ки сарбозонашонро насиҳат кунанд. Ба халқи мо эҳтиром намегузоранд, дар ҳоле, ки бояд дар як давлати шарқӣ, рафторашонро дигар кунанд. Пешхизматҳои ошхонаҳоро лату куб мекунанд ва дару тирезаро мешикананд, дар шаҳр маст мегарданд ва доду вой мекунанд, ки ин кори хубе нест».
Сӯҳбат аз ҷиноёти сарбозону афсарони рус дар Кӯлоб дар ҳолест, ки дуздӣ, авбошӣ, куштор, таҷовуз ба номус ва ҳуҷуми мусаллаҳонаи ин пойгоҳ ба Шӯъбаи корҳои дохилаи Кӯлобу ғасби шаҳр аз ҷониби онҳо, ҳанӯз дар зеҳни сокинон боқӣ мондааст.
Пойгоҳ низомии Русия солҳои сиюми асри гузашта дар каноре аз шаҳри Кӯлоб сохта шуда буд, ки ҳоло бо афзоиши аҳолӣ, он дар маркази шаҳр қарор дорад.