Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз пойгоҳ то муҳоҷирон -- созишҳои Тоҷикистон ва Русия


Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Русия -- Эмомалӣ Раҳмон (рост) ва Владимир Путин (чап). Шаҳри Душанбе, 5-уми октябри 2012
Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Русия -- Эмомалӣ Раҳмон (рост) ва Владимир Путин (чап). Шаҳри Душанбе, 5-уми октябри 2012

Созишномаи миёни Тоҷикистону Русия, ки рӯзи ҷумъа имзо шуд, ҳузури пойгоҳи 201-ро то соли 2042 дар назар мегирад.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз натиҷаҳои сафараш ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ ва аз ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон ситоиш кард. Дар нишасти хабарии муштарак вай нахуст зодрӯзро ба Раҳмон табрик гуфт, ки ғайриинтизор мавҷи кафкӯбиҳоро ба бор овард ва хушҳолиеро ба фазо ворид сохт.

Вай бо қаноатмандӣ гуфт, "бар асоси созишномаи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ин пойгоҳ барои 30 соли оянда, яъне то соли 2042 фаъол хоҳад буд."

Ҷаноби Путин таъкид кард, имзои ин санад ва буду боши пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон, ба манфиати таъмини амният дар минтақа хоҳад буд.

ВАЪДАИ МОДЕРНИЗАТСИЯИ АРТИШ

Имзо шудани созишномае, ки ҳузури пойгоҳи ҳарбии Русияро барои 30 соли дигар тамдид кард ва ба сарбозу афсарони Русия мақоми дахлнопазирӣ дод, наметавонист, мояи қаноатмандии ҳайати Русия набошад. Тоҷикистон дар иваз лағви пардохтҳои гумрукии фуровардаҳои нафтӣ ва ваъдаи модернизатсияи нерӯҳои мусаллаҳи худу ҳамкориҳои васеи иқтисодӣ бо Русияро ба даст овард.

Ҷаноби Раҳмон масъалаҳои иқтисодиро меҳвари ин гуфтушунидҳо номид: "Нуқтаи аслии гуфтугӯҳои мо бо Русия масъалаи иқтисодӣ буд ва роҳҳои густариши иртиботи иқтисодии ду кишвар дар Тоҷикистон буд. Дар масъалаи ҳамкориҳои низомӣ ба хотири субот дар минтақа санадҳо, аз ҷумла Созишномаи ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон, ба имзо расид, ки тибқи он ҷониби Русия ба Тоҷикистон дар амри модернсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ёрӣ расонда, кадрҳои низомии Тоҷикистонро тарбия хоҳад кард."

Пойгоҳи 201-и Русия 30 соли дигар мемонад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Созишнома миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи мақом ва шартҳои буду боши пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ва ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои дифои ду кишвар дар масоили ҳамкориҳои низомиро вазирони дифои Тоҷикистону Русия, Шералӣ Хайруллоев ва Анатолий Сердюков имзо карданд. Ҳамчунин асноди дигаре дар риштаҳои дигар ба имзо расид.

МУБОРИЗА БО МАВОДИ МУХАДДИР

Раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухадири Тоҷикистон ва Русия Рустам Назаров ва Виктор Иванов созишнома байни Агентии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон ва Хадамоти федералии маводи мухаддири Русия дар заминаи кӯмак ба муқобила бо маводи мухаддирро имзо намуданд. Бино бар он, Русия барои мадад дар ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон 5 миллион доллар хоҳад дод.

ЛАҒВИ БОҶИ ГУМРУКИИ РУСИЯ

Ёддоштҳои тафоҳум дар заминаи ҳамкорӣ дар интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва дар соҳаи энергетикаро Гул Шералӣ ва Александр Новак, вазирони энергетика ва саноати Тоҷикистону Русия имзо карданд. Бино бар он, пардохтҳои гумрукӣ барои содироти фуровардаҳои нафтӣ бекор карда хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Русия боҷи мазкурро ба маротииб бештар карда буд ва Тоҷикистон аз оғози ҷорӣ шудани ин пардохтҳо аз Маскав хоҳиш мекард, ба Душанбе имтиёз диҳад.

ҚАЙДИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК

Раҳбарони хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва Русия, Сафиулло Девонаев ва Константин Ромадановский, ёддошти тафоҳум дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро ба тасвиб расониданд. Бино бар он, Русия муҳлати иқомати беқайди муҳоҷирони кории тоҷикро, ки ҳудуди се рӯз мебошад, тамдид хоҳад кард. Қарор аст, мӯҳлати ҳузури беқайди муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба 15 рӯз расад ва судури иҷозаи кор барои онҳо аз як сол ба се сол дароз карда шавад.

Ҳарду тараф гуфтанд, ҷамъи санадҳое, ки миёни ду кишвар ба имзо расиданд, ҳамкорӣ ва ҳамшарикии Русияву Тоҷикистонро барои оянда дар ҳамаи ҷабҳаҳо таъмин мекунад.

Пас аз шарҳи санадҳои имзошуда, Владимир Путин бо ҳамроҳии ҳамтои тоҷикаш аз қароргоҳи пойгоҳи низомии Русия, воқеъ дар шаҳраки Гипроземи пойтахти Тоҷикистон боздид карданд.
XS
SM
MD
LG