Хуруҷи бемории варами ҷигар дар Фархор

Бемории зардпарвин ё худ варами ҷигар дар ноҳияи Фархор миёни сокинон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст.
Қурбонбой Каримов, раиси ноҳияи Фархор, мегӯяд, дар чанд моҳи ахир бо иллати варами ҷигар наздики 70 тан аз сокинони ноҳия дар беморхонаҳо бистарӣ гаштаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи раиси ноҳия соли гузашта чунин беморӣ умуман сабт нагардида буд. Пизишкони ноҳия мегӯянд, сабаби афзоиши ин беморӣ оби ифлоси нушокӣ будааст.

Ҷаноби Каримов тасдиқ кард, ки воқеан, сокинони ноҳия мушкили оби нӯшокӣ доранд, вале ҳукумати маҳаллӣ талош дорад, то дар зудтарин фурсат ин мушкилро ҳал кунад: «Фақат қисме аз мардуми маркази ноҳия ва қисме аз сокинони ҷамоати Гулшан бо об таъминанд. Мушкили беобиро бештар аз ҳама сокинони деҳаи Навободи ноҳия доранд. Ин мардум рафта аз ҷӯйбор об гирифта истеъмол мекунанд.»

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оби нопок даҳҳо нафарро мариз кард


Сокинони Фархор мегӯянд, собиқ раисони ноҳия ҳам барои таъмини онҳо бо оби нӯшокӣ ваъда медоданд, аммо дар амал ҳеҷ коре анҷом дода намешуд. Дилшод, сокини ҷамоати Гулшани ноҳияи Фархор, мегӯяд, ду сол пеш бо кӯмаки созмонҳои мададрасон ба деҳаи онҳо хатти об оварданд, вале пас аз як рӯз он хат хароб шуд: «Аз ҳисоби кадом ташкилоте қубурҳоро кашиданд, вале бовар кунед, як соат об омад. Баъди он қубурҳо кафиданд ва ҳозир ҳама вайрон партофта шудаанд. Як бор аз мардум пул ҷамъ карданд, ки дубора барқарор мекунем, вале то ҳол мо беобем.»

Барои дастрасӣ ба об сокинони аксар деҳоти ноҳияи Фархор роҳи тӯлониеро тай мекунанд. Робиямоҳ, як сокини ин ноҳия мегӯяд, барои овардани оби нӯшокӣ бо хару ароба то 3-4 километр роҳро тай мекунанд: «Худи 4-ум насос меравем, ки хеле дур аст. Он ҷо ҳам як рӯз пас об мешавад. Бо 10 зарфи 20 литра об меорем, ки он барои ду рӯз ҳам намерасад. Зиндагӣ ҳам дар тобистон ва ҳам дар зимистон мушкил аст. Дар ин аҳвол оби ифлосро, ки мехӯрем, ҳатман мардум касал мешаванд».

Гирифтории сокинони ноҳияи Фархор ба бемории зардпарвин аз ҳисоби об дар ҳолест, ки соли 1993 ҳангоми муҳосираи иқтисодии Кӯлоб аз ҷониби нерӯҳои мухолифин мардум аз гуруснагӣ гандуми заҳролуд истеъмол карда ба бемории шидатнокии варами ҷигар гирифтор гашта буд. Он замон тибқи иттилои расмӣ беш аз 7 ҳазор сокини Фархор ба бемории варами ҷигар гирифтор шуда, беш аз сад нафарашон фавтида буданд.