Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 27-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бора миёни Ширкати саҳомии бима ё суғуртаи "ВСК"-и Русия ва Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон созишнома ба имзо расид.
Зери ин Созишнома аз ҷониби Тоҷикистон Асрор Одинаев, раиси намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Маскав ва мудири кулли Ширкати саҳомии суғуртаи "ВСК"-и Русия Олег Овсяниский имзо гузоштаанд.
Ҷаноби Аҳмадов дар суҳбат бо мо гуфт, "ин Созишнома ба хотири пуштибонии иҷтимоӣ ва иқтисодии муҳоҷирони корӣ, ба сурати умум шаҳрвандони Тоҷикистон, мебошад, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд."
Ба қавли ӯ, санади мазкур бахусус дар масъалаи таъмини ҷои кор барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия мусоидат намуда, барои хизматрасонии ҳамаҷонибаи тиббӣ ва беҳдоштӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар кӯмак мекунад.
Дар сурати бардоштани ҷароҳати вазнин, аз ҷумла шикастани устухон, зарб хӯрдани узвҳои дарунии бадан, сӯхтани пӯст, сармозадагӣ, дучори бемориҳои исҳолӣ шудан, дарунравӣ ва ғайра санади мазкур имкон медиҳад, шахси гирифтор, яъне шаҳрванди Тоҷикистон, дар беморхонаҳои Русия ба табобат фаро гирифта шавад ва ёрии таъҷилӣ расонида шавад.