Сохтори ширкати “Талко”- калонтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон бознигарӣ ва навсозӣ хоҳад шуд.
Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саидов , дар нишасти хабарии рӯзи 28-уми январ дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки ин ниҳод дар қатори дигар ширкатҳои бузурги давлатӣ назири “Барқи тоҷик”, тағйири сохтор хоҳад кард: «Имсол лоиҳаи таҷдиди сохтори ширкати алюминиюми тоҷик, Талко” таҳия шуд ва дар мувофиқа бо вазорату идораҳо ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Лекин қабул кардани нақшаи таҷдиди ин корхона, маънои хусусӣ кардани онро надорад.”
Ҷаноби Саидов афзуд, ки дар доираи ин тарҳ барои беҳтар кардани вазъи молиявии “Талко” зерсохторҳои дуюмдараҷаю ғайриистеҳсолӣ аз он ҷудо карда мешаванд.
Дар идомаи сӯҳбати хеш ҷаноби Саидов афзуд, ки дар ҳоли ҳозир дар бозори ҷаҳонӣ бинобар поин рафтани нархи алюминий истеҳсол ва фурӯши он зараровар шудааст: “Вале бо шарофати усули “толлинг” аст, ки ширкати “Талко” фаъол боқӣ монд ва кори худро пеш бурда истодааст. Бояд гуфт, ки ин ширкат бо вуҷуди қатъи интиқоли газ ин масъаларо мусбат ҳал кард ва аз ангишт газ истеҳсол карда, ниёзи худро бароварда истодааст.”
Ҳоло нархи 1 тонна алюмини аввалия дар бозори ҷаҳонӣ ҳудуди 2050 доллар аст ва “Талко” соли гузушта ҳудуди 281 ҳазор тонна чунин метали ранга истеҳсол кардааст.
Дар ҳоле ки бархе аз вакилони порлумон аз пардохтҳои “Талко” ба буҷаи кишвар норозиянд ва онро хеле нокофӣт меноманд, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, ки ширкати “Талко” масрафоти иҷтимоии зиёдеро бар дӯш гирифтааст ва ин ширкатро бояд аз чунин масрафҳои сарборӣ озод кард.
Бояд гуфт, нақшаи таҷдиди сохтори “Талко” дар қатори дигар ширкатҳои бузурги давлатӣ тибқи қарори №486-и Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2003 тасдиқ шудааст.
Мувофиқи лоиҳаи таҷдиди сохтори “Талко” ширкатҳои муштараки “Алюмин –сохмон” ва “Талко-кабел” ба ширкатҳои саҳҳомӣ табдил меёбанд, ки кулли саҳимияҳои он дар дасти давлат боқӣ мемонад. Ҳамчунин дар доираи навсозии сохтори “Талко”, иншоотҳои маишӣ назири “Осоишгоҳи Қаратоғ” ва чанде дигар аз тобеияти ин ширкат бароварда мешаванд. Ҳамчунин мувофиқи лоиҳаи навсозии сохтори “Талко”, дар ин ширкат минбаъд усули идоракунии корпоративӣ ҷорӣ мегардад.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони тоҷик мегӯянд, бо усули “толлинг” фаъолият кардани ширкати “Талко” на ба фоидаи он балки ба нафъи афроди алоҳида аст.
Зафар Абдуллоев, таҳлилгари мустақили тоҷик мегӯяд, тайи чанд соли охир дар Тоҷикистон як гурӯҳ шахсон ҳадафмандона ширкатҳои бузурги давлатиро ба ҳолати бади молиявӣ гирифтор карда истодаанд: “Ба назари сирф шахсии ман усули фаъолияти толлингӣ барои “Талко” натанҳо муфид нест, балки ин усул комилан ҳадафмандона ҷорӣ шудааст. Чунки бо ин роҳ ҳамаи қудрати корхонаи давлатӣ ба ҷазираҳои афшор кашонда шавад. Дар чунин ҳолат вазъи ин корхонаи давлатӣ бад мешаваду дар ҷазираҳои офшор мушакҳои молиявӣ пурқувват. Баъдан дар як ҳолати икс, “Талко”-ро чун як корхонаи касод мешавад харид. Харидори он як ширкати номаълуми офшорӣ хоҳад буд.”
Бояд гуфт, ширкати “Талко” сар аз моҳи феврали соли 2009 аз ҷониби парлумони Тоҷикистон ба қатори се иншооти миллӣ “НБО Роғун ва Норак” ворид карда шудааст, ки хусусӣ гардонданашон мамнуъ эълон шудааст. Ҳамзамон матбуоти Тоҷикистон борҳо ношаффофии харҷу дахли ин корхонаро танқид карда, бархе аз чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон гуфтаанд, ба моликияти хусусӣ табдил додани он беҳтарин роҳи афзудани самараи ин корхона буда метавонад.