Ин дар ҳолест, ки Саидаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз», рӯзи 31-уми декабр, дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ изҳор дошта буд, ки гуфтушунидҳо барои бастани созишномаи нав идома доранд: «Ҳозир бо ҳамкорам аз Узбакистон гапзанон кардам. Аммо ҷузъиёти ин гуфтушунидро ҳоло гуфта наметавонам.»
Аммо намояндаи ширкати «Узтрансгаз» бидуни бурдани ном гуфтааст, интиқоли газ ба кишвари ҳамсоя ҳанӯз 12 соат қабл аз поёни қарордод қатъ карда шуд. Аммо ӯ эътироф кардааст, ки Тоҷикистон дар соли 2012 ба ҷои 155 миллион метри мукааби тавофуқшуда, аз Узбакистон ҳамагӣ 132 миллион метри мукааб газ гирифтааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, феълан музокироти қарордоди нав байни Душанбеву Тошканд идома дорад, вале ҳанӯз дар сатҳи танҳо мукотиба. Қаблан вазири энержии Тоҷикистон Шералӣ Гул гуфта буд, ки Тошканд интиқоли газашро аллакай аз 26 декабр қатъ хоҳад кард.
Узбакистон аввали ҳафтаи гузашта эълон кард, ки 31-уми декабр соати 18:00 интиқоли газро ба Тоҷикистон, ба далели анҷоми муҳлати шартнома пурра қатъ хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон ягона харидори гази Узбакистон дар минтақа аст, ки то ҳол барои харидуфурӯш дар соли 2013 бо ин кишвар созиш накардааст. Муштариёни дигари гази Узбакистон дар минтақа ҳафтаи гузашта эълон карданд, ки бо ин кишвар дар мавриди хариди газ дар соли 2013 ба мувофиқа расидаанд.
Масъулини «Тоҷиктрансгаз» мегӯянд, харидуфурӯши газ миёни Тоҷикистону Узбакистон, тайи ду соли охир, бо тақозои кишвари ҳамсоя аз рӯи формулаи байналмилалии нарх сурат мегирад. Тибқи он, Узбакистон ҳар семоҳа вобаста ба нархи нафт, мазуту газол арзиши газашро болою поён мебарад. Дар соли 2012-юм нархи 1000 метри мукааби гази Узбакистон барои Тоҷикистон аз ҳадди 300 доллари амрикоӣ боло рафта буд.
Дар Тоҷикистон гази Узбакистон асосан барои фаъолияти ду корхонаи бузургтарини ин кишвар, корхонаи алюминиюм "Талко" ва "Тоҷиксемент" истифода мешавад. "Тоҷиксемент" дар пайи камбуди газ чанд ҳафтаи охир аз фаъолият бозмондааст.
Аммо ширкати "Талко" мегӯяд, айни ҳол гази узбакиро дар ҳаҷми кам дарёфт мекунад ва дар сурати қатъи пурраи интиқоли гази Узбакистон ҳам, корхона аз фаъолият намемонад. Масъулони ширкат мегӯянд, дастгоҳҳои истеҳсоли газро аз ангишт насб кардаанд ва дар мавриди зарурат то 90 дарсади талаботашонро таъмин мекунанд.