Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Талко" аз суханони Гул Шералӣ тааҷҷуб кард


Ширкати «Талко» аз суханони Гул Шералӣ, вазири саноат ва энержии Тоҷикистон дар бораи иҷро накардани ӯҳдадориҳояш, изҳори тааҷҷуб кард.

Дар як варақаи иттилоотӣ, ки маркази матбуотии ширкат пахш кард, омадааст, ки «Талко» ӯҳдадориҳои худ дар бораи расонидани мазут ба маркази гармидиҳӣ – барқии Душанберо саривақт иҷро мекунад.

Маркази матбуотии «Талко мегӯяд, ширкат ӯҳдадор шудааст, ки дар мавсими баҳору зимистон ба марказ 30 ҳазор тон мазут ворид кунад ва ин ӯҳдадорияшро моҳи январи соли оянда пурра иҷро мекунад. Бино ба иттилои ин манбаъ, «Талко» ба маркази гармидиҳӣ – барқии шаҳри Душанбе то рӯзи маҷлиси парлумон 20 ҳазору 390 тонна мазут оварда, ҳоло 200 тони дигар аз Конибодом меояд ва ҳудуди 3 ҳазор тони дигар дар Қазоқистон ба вагонҳо бор шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 25-уми декабр дар муҳокимаи парлумонӣ бо иштироки Гул Шералӣ, вазири саноат ва энержӣ ва Абдулло Ёров, сарвари ширкати «Барқи тоҷик», вазъи таъмини энержӣ дар кишвар баррасӣ шуд. Раиси Кумитаи ҳуқуқ, дифоъ ва амнияти МН Амирқул Азимов аз Абдулло Ёров пурсид, ки чаро маркази гармиву барқдиҳии Душанбе, ки мебоист тайи 11 моҳи соли равон 198 миллион киловат соат барқ ва 228 ҳазор килокалория гармӣ ҳосил кунад, ҳамагӣ 36, 5 миллион киловат соат барқ ва 91, 6 ҳазор килокалория гармӣ истеҳсол кардааст, яъне 18 ва 40,5 фоизи нақша?

Вай афзуд: «Барои иҷрои ин, дегхонаҳои шарқӣ ва ғарбии шаҳр дар мавсими зарурӣ ба кор дароварда нашудаанд. Ҳол он ки ба хотири бо барқу гармӣ таъмин намудани соҳоти иҷтимоии шаҳр, ҳамасола Маҷлиси намояндагон барои бидуни пардохтҳои гумрукӣ ворид кардани зиёда аз 30 ҳазор тонна мазут қарор қабул мекунад.»

Сарвари «Барқи тоҷик» ба ин суоли Амирқул Азимов посух дод, аммо Гул Шералӣ ба суханони ӯ илова кард: «Маркази гармидиҳӣ – барқии шаҳри Душанбе аз сабаби кам ворид шудани мазут аз тарафи «Талко», ки ба он вобаста шудааст, ба кор надаромадааст. Пулаш ҳам ҷудо шудааст. Аз андоз ҳам озод шудааст, аммо то имрӯз ба ин миқдор ворид нашудааст. Ҳозир мо худ аз ташкилотҳои дохилӣ мазут ворид карда истодаем. Бо ҳамин мазут ҳозир 30 мегават ва тавре гуфтанд, ҳамон қадар килокалория гармиро таъмин карда истодаанд.»

Ин суханони вазири саноат ва энержӣ дар расонаҳои дохилии Тоҷикистон пахш шуда, вокуниши «Талко»-ро ба бор овард. Масъулони Вазорати саноат ва энержии Тоҷикистон изҳороти «Талко»-ро ба далели ҳузур надоштани вазир дар кишвар шарҳ надоданд. Ҳамчунин ҳеҷ яке аз мақомот ҳозир нашуд бигӯяд, ки «Талко» 30 ҳазор тонна мазутро ба чӣ қимат вориди Тоҷикистон мекунад. Ба қавли мутахассисон, ҳар тоннаи мазут ба маркази гармиву барқдиҳӣ ба қимати 700 доллар мерасад.

Сокинони маҳаллаҳои шарқи Душанбе мегӯянд, ки аз ду рӯз ба ин сӯ ба хонаҳои онҳо гармӣ омадааст, аммо кам касе огоҳ аст, ки чӣ баҳсе миёни вазири саноат ва энергетика ва ширкати «Талко» рух додааст.
XS
SM
MD
LG