Афзоиши боҷ дар Тоҷикистон: суди давлат ва зиёни мардум

Рӯзи чаҳоршанбе парлумони Тоҷикистон тағйиротеро дар қонуни ин кишвар ба тасвиб расонд, ки бар асоси он акнун ситонидани боҷи давлатӣ аз шаҳрвандон чаҳор баробар боло хоҳад рафт.
Тибқи тағйироти “Қонун дар бораи боҷи давлатӣ”, акнун онҳое, ки Тоҷикистонро тарк мекунанд ё ононе, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд ва ҳамчунин додани раводиди Тоҷикистон, ваколатнома барои воситаҳои нақлиёт ва расмӣ кардани баъзе ҳуҷҷатҳо дар идораҳои нотариалӣ барои шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ гаронтар мешавад.

Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон.

Дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон ин тағйиротро Нусратулло Давлатов - раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, пешниҳод кард ва намояндагон бидуни баррасии ҷиддӣ онро ба тасвиб расонданд. Нусратулло Давлатов ба таври намуна гуфт, “то ҳол шаҳрвандоне, ки Тоҷикистонро тарк мекарданд, 40 сомонӣ боҷ пардохт мекарданд. Акнун ин боҷ 160 сомониро ташкил хоҳад дод”.

Мунаввара Кенҷаева, узви Кумитаи иқтисод ва будҷаи парлумони Тоҷикистон, чаҳор баробар боло рафтани баъзе боҷҳои давлатиро таъйид карда, гуфт, ки ин боҷ яке аз сарчашмаҳои даромад ба будҷаи Тоҷикистон хоҳад буд. Вале суол ин аст, ки дар чӣ шароите давлат ва ҳукумат барои пур кардани будҷаи давлатӣ ба боло бурдани боҷ ё ҳар гуна андозҳо такя мекунанд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боҷу хироҷ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт


Алиакбар Абдуллоев, раҳбари Маркази тарғиб ва ташаккули зидди фасод дар Душанбе, мегӯяд, будҷа набояд аз ҳисоби боло бурдани боҷ ё андоз пур шавад, балки бояд истеҳсоли молу колои ватанӣ боло равад ва аз ин ҳисоб ба будҷа даромад ояд: “Дар ҳар давлати пешрафтаи дунё, албатта, аз ҳисоби тавлидоти мол ва истеҳсолот будҷаро пур мекунанд ва ниёз ба боло бурдани боҷу андоз намемонад. Мо истеҳсолоти пурра надорем. Ман гумон мекунам, ин ба фоидаи мардум нест”.

Сунатулло, яке аз сокинони Душанбе низ ба ҳамин ақида аст ва мегӯяд, акнун афзоиши ин боҷу андозҳои гуногун, зарари табақаи аслан фақири Тоҷикистон хоҳад шуд. Вай ба таври намуна бозори фурӯши мошинҳоро мисол меорад: “Масалан, мошине, ки 1600 доллар нарх дорад, зимни вуруд ба Тоҷикистон шояд 1400 доллари дигар ба он зам шавад. Дар маҷмӯъ 82 фоиз боҷи гумрукӣ ва боҷи далатӣ зам мешавад. Тақрибан як баробари дигар илова мешавад. Дар бозор мегӯянд, ки баъди якуми феврал мошинҳо қимат мешаванд.”

Акнун ононе, ки барои таҳияи ҳуҷҷатҳо ҳангоми хариду фуршӯши хонаҳо ва ё таҳияи асноди дигар ба идораҳои нотариалӣ муроҷиат мекунанд, ба боло рафтани нархи таҳияи расмии ҳуҷҷатҳо рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Сиёвуш Қосимӣ, рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, боло бурдани боҷ бо дастмузд ё даромади аҳолии Тоҷикистон мутобиқ нашудааст: “Ҳама медонанд, ки маоши мардуми Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ё кишварҳои дигар поинтар аст. Боҷҳоро боло бурданд, вале вазъи маишии мардум дар назар гирифта нашудааст. Бе ин ҳам нарх дар бозорҳои Тоҷикистон дар ду-се соли ахир хеле боло рафтааст”. Қосимӣ мегӯяд, бо вуҷуди ин ки боҷҳо ва андозҳоро боло бурданд ва он ба мардум гаронӣ мекунад, дар идораҳои Тоҷикистон ришваситонӣ аз байн нахоҳад рафт.

Дар Тоҷикистон тавлидот ё истеҳсоли молҳои саноатӣ хеле кам аст. Ба ин далел ҳукумат наметавонад аз ҳисоби талидоти молу коло будҷаро пур кунад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, ҳоло 30 дарсади корхонаҳои саноатии Тоҷикистон зарароваранд ва ба будҷа даромаде намедиҳанд. Дар чунин шароит давлат дар ҷустуҷӯи роҳҳои дигари пур кардани будҷа мешавад ва боло бурдани боҷи давлатӣ ба ҳамин омил вобаста аст: “Масалан, агар ҳамаи андозҳоро ҷамъулҷамъ ҳисоб кунем, ҳиссаи онҳо дар будҷа аз 40 фоиз боло меравад. То 43-46 фоиз мерасад. Аммо ин дар давлатҳои пешрафта он аз 10 фоиз зиёд нест”.

Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон муҳити мусоид барои равнақи бахшҳои хусусии тавлидот фароҳам оварда нашудааст. Оқои Умаров меафзояд, гурӯҳҳое вуҷуд доранд, ки мехоҳанд бахшҳои муҳим ва даромаддиҳандаро зери назорати худ бигиранд. Чунин равиш сабаби маҳдуд шудани фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон шудааст. Соҳибкорону сармоягузорони маҳаллӣ ба чунин вазъ тоб намеоранд ва Тоҷикистонро тарк мекунанд. Ин ба нафъи будҷа ва иқтисоди Тоҷикистон нест ва ҳукумат саъй мекунад бо боло бурдани боҷу андоз вазъро ислоҳ кунад. Вале он роҳи пешрафт нест.