Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав мехоҳад, бозори Тоҷикистонро ба "Газпром" диҳанд


Як манбаъ аз Вазорати рушди иқтисод гуфт, Русия мехоҳад, бозори маводи сӯхти Тоҷикистонро "Газпром" ба дасти худ гирад.

Манобеи давлати Тоҷикистон мегӯянд, Русия хостори монополияи "Газпромнефт" дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон шудааст. Як манбаъ аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон изҳор дошт, ки Русия мехоҳад ширкати "Газпромнефт" бозори нафтии Тоҷикистонро зери даст дошта бошад.

"Аммо ҳадафи мо ин аст, ки ҳама ширкатҳо баробар бошанд ва ба ҳеҷ ширкати дохилӣ ё хориҷӣ дар бозор бартарӣ дода нашавад",-гуфт манбаъ.

Русия моҳи майи соли 2010 барои Тоҷикистону Қирғизистон ба далели узви Иттиҳоди гумрукӣ набуданашон, боҷи содиротии маҳсулоти нафтӣ ҷорӣ намуда, ба ҳамин восита тавонист бозори сӯзишвории Қирғизистонро ба дасти "Газпром" гузорад. Масъулини қирғиз, барои лағви боҷи гумрукӣ ва таъмини фаровонию арзонии сӯзишворӣ, аз ҷумла розӣ шуданд, бозорашонро дар ихтиёри ширкати "Газпром-Азия", яке аз зерширкатҳои "Газпром" гузоранд. Аммо Тоҷикистон баъд аз ҷорӣ гардидани боҷи гумрукӣ тавонист, аз ҳисоби воридоти маводи сӯхт аз кишварҳои дигар ва истифодаи бештари гази моеи қазоқӣ пойбандиашро аз маҳсулоти нафтии русӣ коҳиш диҳад. Тибқи иттилои оморӣ, агар се сол пеш ҳиссаи маводи сӯхти русӣ дар бозори Тоҷикистон 95 фоизро ташкил медод, тайи нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ин нишондод то ба 50.2 фоиз расидааст.

Дар оғози моҳи октябри соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба Тоҷикистон мувофиқа шуд, ки бояд то 1-уми ноябри соли ҷорӣ кишварҳо созишномаи лағви боҷи нафтиро ба тасвиб расонанд, ки то ҳол амалӣ нашудааст. Ахиран масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон далели таъхири имзои созишномаро дар он гуфтаанд, ки Русия талаб дорад, маҳсулоти нафтие, ки ба Тоҷикистон бе пардохти боҷ ворид мешавад, бояд реэкспорт ё ба истилоҳ ба кишвари севум, содирот нагардад.

Бо ҳамин талаб дар Қирғизистон "Газпром" бозори сӯхтро ба даст оварда буд.
Аскарбек Шодиев, вазири энергетикаи Қирғизистон, зимни шарҳи қарори дар ихтиёри "Газпром" гузоштани бозори кишвараш ба хабаргузориҳои қирғизӣ гуфта буд: "Газпром" мехоҳад худаш раванди воридоту тақсимоти сӯзишвориро дар Қирғизистон назорат барад, чун бовар дорад сӯзишвории имтиёзнок барои Қирғизистон, тариқи қочоқ ба кишварҳои сеюм интиқол меёбад."

Таҳлилгарони иқтисодӣ ин талаби Русия дар мавриди манъи интиқоли сӯзишворӣ ба кишварҳои сеюмро, аз як тараф ба нафъи ҷомеаи Тоҷикистон медонанд, чун дар сурате, агар интиқоли сӯзишвории бебоҷи Русия аз Тоҷикистон ба кишварҳои савум иҷозат шавад, гуруҳҳои алоҳида аз он сӯистифода карда, сӯзишвории бо имтиёз ба Тоҷикистон равонашударо ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Афғонистон интиқол медиҳанд. Дар натиҷа аз эҳтимол дур нест, ки нархҳо дар бозори дохилӣ, бо вуҷуди лағви боҷи гумрукӣ ҳам бетағйир монанд.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ аз Вазорати рушди иқтисоду савдо, то ҳол имзо нагардидани созишномаи воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия бидуни пардохти боҷро ба вуҷуди чанд мушкили фаннӣ рабт дод. Аз ҷумла ба гуфтаи ӯ, "ҷониби Русия мехоҳад Тоҷикистон кафолат диҳад, ки маҳсулоти нафтие, ки аз дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ворид мешавад, моли Русия нест. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад кафолат диҳад, ки маводи сӯхти аз аз Қирғизистон воридшуда, дар Русия тавлид нашудааст?"

Ин манбаъ мегӯяд, маҳз чунин сӯитафоҳумҳо имзои созишномаи миёни Тоҷикистон ва Русияро дар бораи лағви боҷи нафтӣ ба дарозо кашондааст. Сар аз 1-уми ноябр воридкунандагони бензин аз Русия, аз он ҷумла ба Тоҷикистон, барои ҳар тоннаи он 364 доллар боҷи содиротӣ пардохт мекунанд. Боҷи содиротӣ барои маҳсулоти дигари нафтӣ, аз қабили сӯзишвории дизелӣ 267 доллар барои ҳар тонна муқаррар шудаст.
XS
SM
MD
LG