Пешрафти босуръати фанновариҳои навин бо ҳазору як истилоҳи навбанаваш ва чолишҳои ҷадиде, чун ҷаҳонишавӣ ва афзоиши муҳоҷират, тайи чанд соли ахир оташи баҳсҳо дар мавриди забонро дар Тоҷикистон боз ҳам гармтар кардааст.
Глобализатсия бояд гуфт ё ҷаҳонишавӣ? Компютер бигӯем, ё компутар, ё тавре дар Эрон роиҷ мешавад, роёна? Телефони дасти моро чӣ ном барем, ки беҳтар аст: телефони мобил, бесим ё ҳамроҳ? Ва ба сурати умум, забоне ки мо дар Тоҷикистон кор мебарем, худ чӣ ном дорад: тоҷикӣ, форсии тоҷикӣ ё тоҷикӣ (форсӣ)? Ин масоил аз баҳсҳои умдаест, ки чандин сол ба ин сӯ вирди забони алоқамандон ва ҳам гӯяндагони оддии забони тоҷикист.
Шикофи байни забони адабӣ ва забони мардум
Аҳли адаб мегӯянд, ба иллати сиёсати русикунонӣ ё русификатсия, ки давлати Шӯравӣ тайи беш аз 70 сол дар зери ҷомаи соддасозӣ ва ба халқ наздиктар кардани забони адабии тоҷикӣ пеш мебурд, имрӯз дар Тоҷикистон як забони махлути вожаҳову таркибҳои зиёди русиву узбакӣ роиҷ шудааст ва шикоф байни забони адабӣ ва забони гуфтугӯии мардум он қадар бузург аст, ки бисёри хонандагон забони матбуоти имрӯзаро хеле басахтӣ мефаҳманд.
Адиби маъруфи тоҷик Саттори Турсун мегӯяд, баъди мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар соли 1989 ва бавижа баъди истиқлоли Тоҷикистон, забони адабӣ хеле рушд кард, вале тарҷумазадагӣ ва олудагии забон бо калимаҳои бегона, бахусус дар забони гуфтугӯии мардум, боқӣ мондааст: “Гап дар он нест, чи тавр истифода мекунанд вожаҳову истилоҳҳоро? Дар ҷояш ё не? Ин як тарафи масъала аст. Аз тарафи дигар, хеле калимаҳои фаромӯшшуда ё калимаҳое, ки истифодаашро манъ карда буданд, эҳё шуд. Ман худам шоҳидам, ки зимомдорон “халқ бояд бифаҳмад” гуфта, моро ба ҳамон камбағалии забон мекашиданд. Дар ин муддат хеле ғаниву пок шуд забон. Вале мард онест, ки дар мобайн истода, ҳарчӣ дар ин паҳно ҳаст, истифода карда тавонад. Ҳам аз замини худ ва ҳам аз он сӯи Ҷайҳун.”
“Унсурҳои бегона” дар забони матбуот
Забоншиносон маъмулан матбуотро як манбаъи ҳарҷумарҷ ва олуда кардани забони тоҷикӣ бо вожаҳои бегона ва “ихтироъ”-и вожаҳову таркибҳое медонанд, ки умдатан аз русӣ таҳтуллафз тарҷума мешаванд ва барои фаҳмидани маънояш, ба гуфтаи як мусоҳиби мо, бояд ин таркибро дубора ба русӣ баргардонд ва фаҳмид, ки сухан дар асл дар бораи чӣ меравад.
Шоир ва хабарнигори тоҷик Зафари Сӯфӣ тоҷикӣ набудани забони тафаккури мардум ва расмулхати ба ҳуввияти забони тоҷикӣ бегонаи сириликро аз мушкилоти асосии забони тоҷикии имрӯза медонад: “Барои ҳар забони зиндаву пӯё ҳамеша поккорӣ аз баъзе вожаҳое, ки муродифаш дар худи он забон вуҷуд дорад, коре баде нест дар асли худ. Вале агар бархӯрд дар ин масъала ба ифрот бирасад, ҳам печидагиҳо дар масъалаи забоно бештар мекунад ва ҳам вокуниш хеле бад мешавад, яъне мардум қабул намекунанд.”
Аммо Сафват Бурҳонов, хабарнигори ҳафтаномаи “СССР”, ки дар мақолаҳояш таркибҳои русиро гоҳо ҳатто бидуни тарҷума ба кор мебарад, мегӯяд, забон танҳо як воситаи ифодаи фикр аст ва аслан муҳим нест, ки он бо кадом вожаҳо баён мешавад. Ба ақидаи Сафват Бурҳонов, баҳси покиву асолати забони тоҷикӣ, мутаассифона, ба як мониаи бузург дар роҳи пешрафти кишвар табдил ёфтааст: “Биёед, бигирем миллатҳои пешрафтаро. Дар Кореяи ҷанубӣ имрӯз ягон кас забонеро, ки падару бобояш 30 сол пеш гап мезад, намедонад ва нафаҳмад ҳам бидуни тарҷумон. Ва ягон зарурат надорад, ки ман баъди 1000 сол бо забоне, ки ҳазрати Рӯдакӣ гап мезад, ҳарф занам. Ин мазмуне дорад, ки дар мағзи миллати ман дар 1000 сол ягон тағйирот ба вуҷуд наомадааст. Ана акнун 2 миллион термин дорад фақат илму компютеру информатика. Ин 2 миллион вожаро ман ба кадом забони тоҷикӣ тарҷума кунам? На-ме-ша-вад! Истифодаи калимаҳо, гардишҳо ва ҳатто мафҳумҳои бегона дар забон бояд дастгирӣ шавад. Забон бояд ғанӣ карда аз ҳисоби ин чизҳо.”
“Хӯр, нӯш, хой!”
Дар ин авохир реклама ё тарғиботи бозаргониро ҳам як манбаъи дигари олудашавии забони тоҷикӣ ном мебаранд. Реклама одатан дар зеҳни мардум назар ба ҳар сухани дигар зудтар ҷо мегирад, вале дар Тоҷикистон он асосан аз русӣ таҳтуллафз баргардон мешавад, ки ба тоҷикӣ гоҳо бемаънӣ садо медиҳад: “Дигар барои доғҳо мушавваш нагардед! “Лоск”-и нав: Доғҳо сари роҳатон намешавам.”
Албатта, намунаҳои мусбат ҳам ҳаст ва як ширкат мисраи “Мо барои васл кардан омадем”-и Румиро барои таблиғи арзаи хадамоти интернетиаш хеле муносиб кор бурдааст. Вале дар бештари ҳолатҳо таркибҳои тарҷумазадае, чун “Орбит: Хӯр, нӯш, хой!”, ё “Ҳаёт ин сӯҳбат аст”, ки барои тарғиби як ширкати дигари телефони мобил истифода шудааст, дӯстдорони забонро хеле асабонӣ мекунад. Озар Киёнӣ дар мақолаи “Мушкилоти забон дар Тоҷикистон” ба ҷои ин таркиби ахири, ба ақидаи ӯ, бемаънӣ ибораи маъруфи тоҷикии “сӯҳбат ғанимат аст”-ро муносибтар донистааст.
Аммо Сафвати Бурҳон мегӯяд, ин ҳама баҳсҳои забонӣ асароти ҳамон ҷаҳонбинии гузаштагароист, ки миллатҳои имрӯз нокомро як андоза дилбардорӣ мекунад: “Девони Ҳофизро кушоед, мисраи аввалаш “Ало ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо”- ст. Ҳофиз дар ҳамон вақт ин мафҳумро ба форсӣ гуфта наметавонист, ба арабӣ гуфт. Ва танҳо мисраи баъдаш – “Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо” дигар ба форсист. Охир, бародарҳо, дар ин 1000 сол забони мо наметавонист тағйир наёбад. Забон ба миллият ягон хел дахолат надорад, бародарҳо. Сино ба арабӣ менавишт, лекин тоҷик буд, тоҷик монд. Имрӯз ман русӣ менависам, вале ман, алҳамдилуллоҳ, тоҷикам. Агар парронанд ҳам, ман тоҷикам.”
Таърихчаи русификатсия
Тарҷумазадагӣ ва пойбандии забони тоҷикӣ ба калкаҳо ва вожаҳову таркибҳои забони русиро бисёриҳо мероси беш аз 70 сол собиқаи зиндагии мардуми тоҷик дар “оилаи ягонаи халқҳои шӯравӣ” ва иҷборан ба расмулхати сирилик гузаштани Тоҷикистон медонанд. Дар он аҳд мақомот пайгирона сиёсати русикунонӣ (русификатсия)-и забони тоҷикиро пеш мебурданд ва ҳарсари чанд вақт ба Маскав гузориш медоданд, ки дар 5 ё 10 соли охир чанд фоизи забони тоҷикӣ иборат аз калимаҳои русӣ шудааст.
Соли 1936 ҳатто як дастур таҳти унвони «установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» ҳам тасвиб шуда буд, ки таҳти парчами мубориза бо “зуҳуроти миллатчигии маҳаллии буржуазӣ” дарҳои забони тоҷикиро ба калимаҳои, ба истилоҳ, “интернатсионалӣ” боз кард ва русификатсияро қонунӣ гардонд. Ин “установка” талаб мекард, ки забони тоҷикӣ мувофиқи меъёрҳои “терминологияи интернатсионалӣ ва советӣ” пеш биравад. Аз ҷумла ин дастур мухолифи истифодаи вожаи худҷӯш ба ҷои самовар, маърака – ба ҷои компания, моддиёт – ба ҷои материализм, шӯравӣ – ба ҷои советӣ, пешоҳанг – ба ҷои пионер, маҳви бесаводӣ – ба ҷои ликбез ва амсоли ин буд.
Ин сиёсат камокон то солҳои 70 ва оғози аввалин ҷунбишҳои бедории миллӣ дар Тоҷикистон давом кард ва танҳо дар соли 1971 кумитаи истилоҳоти Фарҳангистони улум дастури наверо таҳти унвони “принсипҳои асосии терминологияи забони тоҷикӣ” ба нашр расид, ки ба фарқ аз “установка”-и соли 1936 истифодаи муродифҳои тоҷикӣ ба ҷои вожаҳои “интернатсионалӣ”-ро иҷозат медод. Як пешниҳоди ин китоб аз ҷумла чунин буд: «азбаски илми нуҷум дар Осиёи миёна аз давраҳои қадим хеле равнақ дошт, терминҳои он нафақат байни олимони он давра хеле паҳн шуда буд, балки шоирону нависандагони мо низ дар давоми асрҳо ин терминҳоро бисёр кор фармудаанд. Аз ин рӯ, мо таклиф дорем, ки терминҳои мазкур ба шакле қабул карда шаванд, ки дар асарҳои илмӣ ва адабии тоҷикон вомехӯранд».
Аммо раванди русификатсияи забони тоҷикӣ тақрибан то поёни солҳои 80 ҳамчунон идома дошт. Дар беш аз ду даҳаи ахир забони тоҷикӣ худро аз “унсурҳои бегона” зоҳиран хеле поктар кард ва ба бовари аксар, бо вуҷуди боқӣ мондани мушкилоте, чун тарҷумазадагӣ ва боқӣ мероси даврони русификатсия, боз ҳам аз забоне, ки 20 ё 30 соли пеш буд, фарқ мекунад. Аммо Зафари Сӯфӣ мегӯяд, забон бештар дар матбуот ва адабиёт тағйир кардааст ва мардуми оддӣ забони адабии имрӯза, аз ҷумла забони матбуотро пурра намефаҳмад: “Баъзеҳо мегӯянд, ки мо забони китобҳои имрӯза ва матбуоти имрӯзаро намефаҳмем. Ин сӯҳбатҳо дар байни мардум воқеан вуҷуд дорад. Ва ин мардуме нест, ки билкулл бесавод бошад. Бархеаш фориғултаҳсили донишгоҳанд, аммо тафаккурашон тафаккури филологӣ нест, техникист, масалан, ё иқтисодӣ.”
“Раҳмат”-и тоҷикӣ ва “мерсӣ”-и эронӣ
Баҳси поккории забони тоҷикӣ асосан байни онҳоест, ки мегӯянд, забони тоҷикие, ки дар Мовароуннаҳр шакл гирифтааст, бояд ба роҳи худ пеш биравад, ва онҳое, ки мӯътақиданд, тоҷикиву форсиву дарӣ як забонанд ва мо бояд аз нав велосипед ихтироъ накарда, дар ислоҳи забон ба хазинаи ғании забони форсӣ такя занем ва хатро ҳам аз сирилик ба форсӣ табдил кунем. Ин тоифаи охир гурӯҳи аввалро ҳатто айбдор мекунанд, ки то ҳол аз қайди сиёсати истеъмории давлати вақти Шӯравӣ раҳо наёфтаанд ва дар ҷомаи ҳифзи асолати тоҷикии Мовароуннаҳр дар асл ба ҳифзи ҳамон таркибҳои аз русиву узбакӣ ба забони тоҷикӣ воридшуда пойфишорӣ мекунанд.
Аммо адиби маъруфи тоҷик Саттор Турсун мегӯяд, мо бояд забони тоҷикиро ҳатман аз ҳисоби хазинаи форсиву дарӣ ғанитар кунем, вале додугирифт байни инҳо бояд мутақобила бошад ва онҳо низ вожаҳои ноби роиҷ дар Мовароуннаҳрро бипазиранд: “Мо як ҳастем, шохаҳои як дарахт ҳастем. Лекин мо бояд тавре кунем, ки ончӣ ки дар мо ҳаст, хуб ҳаст, дуруст ҳаст, зинда кунанд, истифода баранд. На инки биханданд. Тарҷумазадагӣ ҳам мегузарад дар забони мо. Ин дар Эрон ҳам пур аст. На раҳмат мегӯянд онҳову на ташаккур, фақат “мерсӣ”. Ё “драйвер” – ба ҷои ронанда. Ин дар мо ҳам ҳаст, таъсири русҳо ҳам ҳаст. Аммо мо коре кунем, ки тафриқа нагузорем, коре кунем, ки ба решаҳои худ баргардем. Ҳам Эрон, ҳам Тоҷикистон, ҳам Афғонистон. Ва бо як забони муқтадире, ки Фирдавсӣ “Шоҳнома” офарид, мо имрӯз бо чунин забон эҷод кунем, муомила кунем.”
Бо ду ҷилд “Фарҳанг” забон сохта намешавад
Забоншиносон мегӯянд, алоқаи мардум ба омӯхтани забон ва асолати забони тоҷикиро наметавон танҳо бо шиорпартоиву нохун задан ба эҳсоси миллии ин мардум зиёд кард ва то замоне ки барномаҳои фарогири таълими забон дар макотиб як ислоҳи ҷиддӣ нашавад, ин ароба дар ҳамон ҷое ки ҳаст, хоҳад монд. То ҳол манбаъҳои нисбатан комилтари омӯзиши забони тоҷикӣ ҳамон ду ҷилд “Фарҳанги забони тоҷикӣ”-ст, ки ҳанӯз дар солҳои 60 мураттаб шудааст, ва ҳам ду ҷилд “Фарҳанги тафсирӣ”, ки дар соли 2008 дар Эрон ба чоп расид. Ба бовари аҳли адаб, бо чунин кӯлбори ночиз наметавон ба ҳеҷ сурат умедвори рушду пешрафти забони тоҷикӣ шуд.
Як мусоҳиби мо гуфт, барои балад шудан ба асосҳои як забони хориҷӣ бояд дастикам 5000 калимаро ба ин забон омӯхт, вале дар Тоҷикистон бархе то ҳол бо чандсад калима ҳатто роман менависанд. Чӣ расад ба мардуми оддӣ ва мансабдороне, ки дар кору зиндагии рӯзмарраи худ ба калимоти боз ҳам камтаре ниёз доранд ва ҳарҷо ки пешпо хӯрданд, аз таркибҳои универсалие, ба мисли “вая вай кун, ки вай шавад” кумак меҷӯянд.