Дар ин маҳфили наврӯзӣ, ки рӯзи шанбе (31-уми март) бо мизбонии шоир, донишманд ва сиёсатмадори фарҳехтаи Афғонистон Латифи Пидром доир гашт, аҳли илму адаби Тоҷикистон ва теъдоде аз шоирону нависандагони Эрон, Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон ҳузур доштанд.
Шахсиятҳои саршиноси адабиву фарҳангии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат, Гулрухсори Сафӣ, Меҳмон Бахтӣ, Гулназар Келдӣ, Абдулҳамиди Самад, Аскар Ҳаким, Меҳринисо, ходимони сиёсӣ Акбаршоҳ Искандаров, Ҳайдаршоҳ Акбаров, Саидамир Зуҳуров, донишмандон Равшани Раҳмонӣ, Мирзо Шукурзода, Ҷӯрабек Назриев, Абдунабӣ Сатторзода, Абдусалом Махшулов аз ҷумлаи ҳозирин буданд.
Баргузории ин маҳфил ҳамзамон бо дарёфти унвони “Шаҳрванди ифтихории Тоҷикистон” аз сӯи Латифи Пидром буд, ки дар ҷараёни таҷлили расмии Наврӯз дар шаҳри Кӯлоб рӯзи 22-юми март эълон шуд.
Ин маҳфил табрикоти наврӯзии ҳозирон ва ҳамчунин арҷгузорӣ аз нақши Латифи Пидром дар таҳкими робитаҳои миёни форсизабонон ва хусусан доираҳои адабии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар пай дошт.
Академик Мӯсо Диноршоев зимни ёдоварӣ аз ҷаҳонӣ гаштани Наврӯз гуфт, миллатҳои минтақа барои дар баробари чолишҳои ҷаҳонишавӣ муқовимат кардан, бояд ба технологияи муосир рӯ биоваранд, то тавонанд аз найрангҳои ин раванд эмин бимонанд.
Шоираи номвари тоҷик Гулрухсор аз даврони раҳбарии худ дар Бунёди фарҳанги Тоҷикистон ва наҳваи ошноии худ бо ин ҷавони бадахшӣ (манзур Латифи Пидром) сӯҳбат кард ва аз чопи ашъори ӯ дар маҷаллаи “Фарҳанг” ҳикоят намуд. Хонум Гулрухсор зимни хушҳолӣ аз ҷаҳонишавии Наврӯз гуфт, ин маросим аз ҳазорсолаҳо ҷаҳонӣ буд ва онро набояд ба “чакану атлас” мунҳасир кард.
Меҳмони самарқандии маҳфил шоир Ҳаёт Неъмат, ки дар посдории фарҳангӣ форсӣ-тоҷикӣ дар Узбакистон хизматҳои зиёд кардааст ва ҳоло барои се моҳ меҳмони Тоҷикистон мебошад, зимни қадрдонӣ аз хизматҳои Латифи Пидром дар пайванди миёни форсзабонон, достони худро дар ситоиши фармондеҳи шаҳир Аҳмадшоҳи Масъуд ба самъи ҳозирон қироат намуд.
Донишманди фолклоршиноси тоҷик Равшани Раҳмонӣ, аз хотироти 31 cол қабли худ дар Афғонистон ва баргузории маҳфилҳои адабӣ, ба вижа маҳфилҳои наврӯзӣ дар Кобул ҳикоят кард, ки ҷаноби Пидром низ узви фаъоли онҳо будааст.
Вазири пешини умури дохилӣ ва амнияти Тоҷикистон Сайидамир Зуҳуров зимни табрики ҷаноби Пидром ба ин унвон, аз ранҷҳои мардуми Афғонистони ҳамсоя ёд кард ва умедворӣ намуд, ки мардуми ин сарзамини мардхез битавонад ҳарчӣ зудтар ба мушкилоти худ фоиқ оянд ва як фазои ором ва босубот дар ин сарзамин ҳукмфармо гардад.
Ҷаноби Зуҳуров, ки аз даврони Шӯравӣ дар Афғонистон кор кардааст, аз хотирот ва шиносоии худ бо сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд, ки “Фотеҳи ҷанги сард” мехонандаш, ба ҳозирон ҳикоят намуд.
Мизбони маҳфил Латифи Пидром зимни сипос аз мақомоти Тоҷикистон барои додани мақоми “шаҳрванди ифтихорӣ”, бар ҳамгироии минтақавӣ таъкид кард ва даъват намуд то кишварҳои минтақа мушкилоти мавҷудаи худро бидуни мудохилаи хориҷиҳо, хусусан қудратҳои бузург ҳал намоянд. Оқои Пидром зимни ёдоварӣ аз потенсиалҳои башарӣ ва захоири мавҷудаи ин кишварҳо таъкид, ки ҳамгироии минтақавӣ дар ҳавзаи Осиё ба гунаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, ба манфиат хоҳад буд.
Раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон дар қисмати дигар аз суханронии худ ба нақши забони форсӣ дар ҳамгироии мардуми ин қаламравҳо таъкид кард ва онро забони фароқавмӣ хонд, ки дар рушди он намояндагони ақвоми гуногун саҳм доштаанд. Аз ҷумла вай ба нақши бузургони ақвоми дигари қаламрави Афғонистон дар гузаштаву имрӯз, аз ҷумла Алишер Навоӣ, Махдумқулӣ, Раҳмонбобо, Шоҳ Шуҷоъ, Бориқ Шафеӣ, Сулаймон Лоиқ ишора кард
Латифи Пидром, раиси Кунгураи миллӣ ва вакили порлумони Афғонистон буда, дар ду даври интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар номзад ба ин мақом буд.