Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” эълом кард, ки соли гузашта андаке бештар аз 14 миллиарду 400 киловат соат нерӯи барқ тавлид кардааст, ки ним миллиард киловат бештар аз соли 2011 аст.
Ин ширкат бо нашри гузорише дар торнамои худ гуфтааст, ки соли гузашта дар фасли гармо содироти нерӯи барқро ба таври чашмгир ва бахусус ба Афғонистон афзоиш додааст.
Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хати баландшиддати 220 киловолтии нерӯи барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ, Тоҷикистон дар мавсими гармо тақрибан 670 миллион киловат нерӯи барқ фурӯхтааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта, 476 миллион киловат зиёдтар аст. “Барқи Тоҷик”, ки аксар вақт аз таъхир дар пардохти ҳаққи нерӯи барқ шикоят мекунад, гуфтааст, ки соли гузашта бештар аз 1 миллиард сомонӣ пули нерӯи барқро ҷамъ овардааст, ки 92,1 дар сади маблағи умумии ҳаққи нерӯи барқро ташкил медиҳад.
Аммо дарди сари асосӣ, яъне қарзҳои аҳоливу муассисаҳо аз Барқи Тоҷик ҳамчунон зиёд мондаанд. Дар гузориши ширкат омадааст, ки қарзи мизоҷони ширкат то якуми январи соли 2013 тақрибан 716 миллион сомониро (145 миллион долларро) ташкил медиҳад. Ширкати мазкур бо пешниҳоди 2188 даъво аз додгоҳҳо хостааст, ки пули барқро аз мизоҷонаш биситонад, вале дар ин муддат танҳо бештар аз 23 миллион сомониро ба хазинаи Барқи Тоҷик пардохтаанд ва масъалаи 43 миллион сомонии дигар ҳал нашудааст.
Маблағҳои напардохтаи худи ширкат ба хазинаи давлат ва кумитаи молиёт 251 миллион сомонӣ будааст. Барқи Тоҷик мегӯяд, ба хотири ҷамъоварии бекаму кости ҳаққи нерӯи барқ дар соли 2012 ва беҳбуд бахшидан ба вазъи молиявии “Барқи Тоҷик”, ширкати «Asem Group»-и Швейтсария дастгоҳҳои системаи биллингро дар Тоҷикистон насб кард, аммо ҳоло кор дар ин самт такмил нашудааст ва барои иҷрои марҳилаи ниҳоии ин тарҳ маблағи изофӣ зарур аст, ки баррасии ин масъала идома дорад.
Ширкати “Барқи Тоҷик” дар бораи нақшаҳои худ дар соли 2013 гуфтааст, ки дар ин сол, иҷрои тарҳҳои қаблӣ идома хоҳанд кард ва ҳамчунон барномаҳои наве шурӯъ хоҳанд шуд. Аз ҷумла, тармими шабакаи тақсими барқи 500 киловолтӣ дар нерӯгоҳи Норак, тармими нерӯгоҳи Қайроқум, ташхиси обанбори Норак, ки то чӣ ҳад аз гил пур шудааст. Дар ин сол ҳамчунин муҳандисони тоҷику хориҷӣ, тарҳи навсозии нерӯгоҳи Норак, бузургтарин нерӯгоҳи Тоҷикистонро таҳия хоҳанд кард. Тарҳи барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” дар вилояти Хатлон низ пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи ширкат, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Барқи Тоҷик дар соли 2013 навсозии нерӯгоҳҳои Норак, Сарбанд ва Қайроққум хоҳад буд. Соли 2012-ро “Барқи Тоҷик”агарчӣ бе ҳеҷ гуна қатъи нерӯи барқ дар муассисаҳои дараҷаи аввал ва ҳаётан муҳим сипарӣ кардааст, вале эътироф мекунад, дар ин сол “дар шабакаҳо ва нерӯгоҳҳои барқӣ як садамаи технологӣ ба вуқӯъ пайваст, ки саривақт бартараф шуд”. Аммо чӣ гуна садама маълум нест.