Тоҷикистон дар ду моҳе, ки дучори камбуди барқ аст, ба Афғонистон беш аз 90 млн квт-соат барқ додааст. Дафтари матбуоти Вазорати иқтисод ва рушди саноати кишвар гузориши Барномаи рушди СММ оид ба «Бозрасӣ ва вазъи пешакии барқи Тоҷикистон»-ро нашр кардааст, ки тибқи он дар моҳҳои октябр ва ноябр беш аз 90 млн квт-соат барқ ба Афғонистон аз тариқи хатти барқи «Сангтуда-Пули хумрӣ» ба Афғонистон содир шудааст. Ба иттилои Вазорати иқтисод ва рушди савдои Тоҷикистон, Барномаи рушди СММ ҳар моҳа гузориши худро оид ба вазъи барқ ва мизони содироти он ба хориҷи кишвар ба нашр мерасонад. Дар ин гузориш омадааст, ки бинобар кам шудани ҷараёни об дар рӯдхонаи Вахш, мақомоти Тоҷикистон содироти барқро коҳиш додаанд, ки дар натиҷа дар ду моҳи октябр ва ноябр беш аз 90 миллион киловат соатро дар бар гирифтааст.