Як муассисаи мустақили амрикоӣ баъди имтиҳони суръати интернет дар 180 кишвари дунё ошкор кардааст, ки Тоҷикистон аз ин назар аз Итолиё болотар аст.
Таҳқиқи Оokla, як созмони ташхискунандаи суръати интернет ва шабакаҳои мухобиротӣ, ки дар чанд шаҳри мухталифи Амрико, аз ҷумла Сиетл дафтар дорад, нишон додааст, ки суръати Интернет дар Тоҷикистон 6.64 мегабит дар як сония аст ва аз ин рӯ Тоҷикистон дар шохиси суръати Интернет дар ҷаҳон (NetIndex) дар мақоми 78-ум қарор гирифт.
Итолиёи пешрафта ва Аргентина аз назари суръати интернет аз Тоҷикистон ақиб мемондаанд, зеро корбари итолиёӣ бояд назар ба корбари тоҷик бештар мунтазир шавад, то чизеро дар Интернет бубинад ва ё бишнавад. Итолиё, ки суръати интернет дар онҷо тақрибан 5,5 мегабит дар як сонияро ташкил медодааст, дар шохиси NetIndex дар мақоми 84-ум ва 6 зина поён аз Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, суръати интернет дар Қазоқистону Қирғизистон дар муқоиса ба суръати Интернет дар Тоҷикистон беҳтар будааст. Аммо сокинони Узбакистон аз ин назар чандон хуштолеъ набудаанд, ки дар онҷо суръати нтернет дар 1,72 мегабит дар сонияро ташкил медиҳад. Ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон дар шохиси NetIndex дар мақоми 166 қарор дорад. Аз интернети аз ҳама беҳтар сокинони Ҳонг Конгу Сингапур ва Ҷопон баҳравар будаанд, аз ҷумла дар Ҳонк Конг суръати Интернет бештар аз 42 мегабит дар як сония будааст.
Интернети аз ҳама бадтарро сокинони Сенегал ва Конго ду кишвари африқоӣ доштаанд, ки дар дуввумӣ суръати Интернет танҳо 0,60 мегабит дар як сонияро ташкил медиҳад. Оokla мегӯяд, ин натиҷаҳоро баъди имтиҳони суръати интернет аз моҳи декабр то 7 январ ба даст овардааст. Дар Тоҷикистон суръати интернети тақрибан 5 ҳазор корбарро бештар аз 25 ҳазор бор ташхис кардаанд. Ҷузъиёти бештар дар барномаи "Ғавғои тоҷикӣ дар Интернет", шоми ҷумъа соати 9:30 ба вақти Душанбе.