Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Брюссел аз масдудшавии сомонаҳо дар Тоҷикистон


Иттиҳоди Аврупо аз масдуд шудани як идда сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард ва аз ҳукумати ин кишвар даъват намуд, ки бар пояи қавонини байналмилалӣ ба озодии матбуот ва озодии баён мусоидат кунад.

Намояндагии Иттиҳоди Аврпуо дар Тоҷикистон бо пахши як изҳорот дар таърихи 6 уми декабр аз тоза масдуд шудани сомонаҳои Фейсбук, Ютуб, Радиои Озодӣ ва сомонаҳои дигар изҳори нигаронӣ кард. Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ҳарчанд бархе аз ин сомонаҳо баъдан дубора фаъол шудаанд, вале маҳдудиятҳои монанди ин, зуд-зуд рӯх медиҳанд ва ин нигарониҳоеро аз вазъияти озодии матбуот ба миён овардааст.

Ба бовари Намояндагии Иттиҳоди Авррупо, интернет бояд форуми табодули маълумот ва идеяҳо боқӣ бимонад ва аз ин рӯ, аз мақомоти расмии Тоҷикистон даъват мекунад, ки фаъолияти бидуни пурра ва ҳамвори сомонаҳои интернетиро таъмин кунад.

Дастури бастани сомонаҳои Фейсбук ва Озодӣ аз сӯи раиси Хадаомти алоқаи Тоҷикистон Бек Зуҳуров содир шуда буд. Фейсбук дар Тоҷикистон то ҳол барои бархе аз алоқамандон дастрас нест.
XS
SM
MD
LG