Убайдуллоев хост, дарахтони буридаро "дуруст" истифода баранд

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ба тобеинаш дастур додааст, ки истифодаи дурусти дарахтҳои буридаи пойтахтро зери назорати қатъӣ бигиранд.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев супориш додааст, дарахтҳое, ки дар доираи азнавсозии кӯчаи С.Айнӣ – хиёбони С. Шерозӣ бурида мешаванд, барои таъмини эҳтиёҷоти соҳаи маорифу тандурустӣ дар пойтахт истифода гарданд. Ба иттилои шаҳрдорӣ, дар доираи ин лоиҳа бо иҷозати Раёсати ҳифзи муҳити зист бояд дар ҳаҷми умумии 380 метри мукааб дарахтон бурида шаванд.

Ҷаноби Убайдуллоев дастур додааст, ки аз ин миқдор ба мақомоти маҳаллии ноҳияи Шоҳмансур 150 метри мукааб, Раёсати маорифи Душанбе 130 метри мукааб ва Раёсати тандурустии шаҳр 100 метри мукааб дар асоси борхат ҷудо гардад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Идораи сохтмону азнавсозии роҳҳои Душанбе супориш додааст, ки зимни татбиқи тарҳҳо ба беҳдошти муҳити зист ва риояи меъёрҳои экологӣ диққати махсус диҳад.

Ин дар ҳолест, ки дарахтбуриҳо дар пойтахти Тоҷикистон баҳсҳоеро ба миён овардааст. Ахиран интиқоди Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумони Тоҷикистон, аз дарахтбуриҳо дар пойтахт миёни ӯ ва шаҳрдорӣ баҳси додгоҳиро ба бор овард.

Шаҳрдорӣ аз Кабирӣ ба далели изҳороти беасосаш дар бораи экологияи пойтахт талаб кард, ки расман узр бипурсад. Муҳиддин Кабирӣ дар ҷавоб изҳор дошт, ки асосеро барои узр хостан намебинад ва афзуд, ки омодааст ба шикоятҳои шаҳрдорӣ дар доираи қонунҳои кишвар посух бидиҳад.

Баробари ин Кабирӣ тавассути додгоҳ аз шаҳрдорӣ ҷуброни 20 миллион сомонӣ зарари маънавиро талаб намудааст, ки ба гуфтаи ӯ барои беҳбуди экологияи пойтахт сарф хоҳанд шуд.