Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломӣ, рӯзи 12-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, шаҳрдории Душанбе нафари таҳти ҳимояташро таҳқир кардааст ва бояд ҷуброн пардохт намояд. Ба қавли вакили мудофеъ, барои иҷрои ин талабот онҳо бо чанд далел ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт муроҷиат кардаанд.
Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, аввалан шаҳрдори Душанбе Муҳидин Кабириро ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон ба додгоҳ кашидааст. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон вакили парлумон дахлнопазир буда, боз кардани парвандаи шаҳрвандӣ алайҳи ӯ ғайриимкон аст.
Дувум, ба қавли ин вакили мудофеъ, бар пояи қонунҳои Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагон дар баҳсҳои додгоҳӣ тарафи айбдор дониста намешавад. Ҷаноби Ёров афзуд, бо ин амалаш ҳукумати Душанбе Кабириро ҳамчун вакили парлумон таҳқир кардааст ва бояд 20 миллион сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ бипардозад.
Ба гуфтаи Ёров, ин маблағ барои беҳбуди вазъи зистмуҳитӣ ё экологии пойтахти Тоҷикистон, ки баҳси додгоҳӣ аз ин масъала сарчашма гирифтааст, сарф хоҳад шуд.
Аммо намояндаи шаҳрдорӣ дар ин баҳси додгоҳӣ, Фозил Бӯриев, ба ин иддаои Муҳиддин Кабирӣ ва вакили мудофеаш посух надод.
Қаблан, ҳукумати Душанбе аз болои Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раҳбари ҲНИТ, ба додгоҳ муроҷиат карда буд. Дар аризаи шаҳрдорӣ таъкид шудааст, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони ба гуфтаи онҳо "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ бахшиш ё маъзарат пурсад. Муҳиддин Кабирӣ чанде пеш дар як матлабе, таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад”, дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон аз дарахтбуриҳо дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш кард.
Ҷаноби Кабирӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки омодааст ба шикояти шаҳрдорӣ тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон посух диҳад, вале барои узрпурсӣ асосеро намебинад.