Ҷаноби Кабирӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 6-уми декабр ба "Озодӣ" сӯҳбат мекард, гуфт, омодааст ба шикоятҳои шаҳрдорӣ дар доираи қонунҳои кишвар посух бидиҳад. Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки вай узви Кумисияи экологии Маҷлиси намояндагон аст ва дар ҷараёни яке аз ҷаласаҳои он, аз буридани дарахтон дар шаҳр, интиқод кардааст.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи панҷшанбеи 6-уми декабр баррасии шикояти шаҳрдории пойтахт алайҳи Муҳиддин Кабирӣ, вакили МН ва раиси ҲНИТ-р оғоз кард. Бино ба иттилои додгоҳи Исмоили Сомонӣ, аз ҷониби даъвогар Фозил Бӯриев, масъули бахши ҳуқуқи ҳукумати шаҳри Душанбе ва аз ҷониби ҷавобгар, худи Муҳидин Кабирӣ ва вакили мудофеи ӯ Бузургмеҳри Ёров ширкат карданд.
Муҳиддин Кабирӣ, дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, ки имрӯз танҳо шиносоӣ бо санаду аризае, ки аз тарафи шаҳрдорӣ шудааст, сурат гирифт. Вай афзуд, ки аз ин баъд вакили мудофеи ӯ Бузургмеҳр Ёров дар мурофиаи додгоҳӣ аз ӯ намояндагӣ хоҳад кард.
Дар аризаи шаҳрдорӣ таъкид шудааст, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони ба гуфтаи онҳо "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ бахшиш бипурсад. Аммо ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, ки омодааст ба шикояти шаҳрдорӣ тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон посух диҳад, вале барои узрпурсӣ асосеро намебинад.
Аммо мақомоти ҳукумати шаҳри Душанбе, аз ҷумла намояндаи шаҳрдорӣ дар баҳси додгоҳӣ Фозил Бӯриев, аз изҳори назар дар ин мавзуъ худдорӣ карданд. Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки баҳси додгоҳии шикояти шаҳрдорӣ ба кодекси шаҳрвандӣ таалуқ дорад ва нахустин мурофиа дар таърихи 11-уми декбар баргузор хоҳад шуд.
Қаблан Муҳиддин Кабирӣ дар як матлабе, ки таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад” (Тоҷнюс) дар хусуси дарахтбуриҳо дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш карда буд. Ҳукумати Душанбе дафъатан ба ин ҳарфҳои Кабирӣ посух дода, нигарониҳои раиси ҲНИТ-ро бепоя хонд.
Ба думболи ин Муҳиддин Кабирӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба посухи шаҳрдорӣ ҷавоб гардонида гуфта буд, ки "даври дӯғу пӯписа ва воҳимаҳо кайҳо гузаштааст ва ҳатто ин гуна шеваи раҳбарӣ низ дигар ба кор намеравад. Беҳтар аст, бо тафоҳум ва орому бидуни асабоният сӯҳбат кард ва ба шаҳрвандон низ имкон бояд дод, то танқид кунанд ва эрод бигиранд."
Дар чанд моҳи пеш низ шаҳрдории Душанбе шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистонро барои нашри матлабе интиқодӣ ба додгоҳ кашонид ва додгоҳ низ ин қазияро ба нафъи шаҳрдорӣ ҳал кард ва ҳатто шабакаи телевизион муваззаф шуд, ки аз шаҳрдорӣ узр пурсад. Аммо шабакаи аввал на танҳо узр напурсид, балки барномаи муфассале дар бораи матлабаш ва иддаои шаҳрдориро нашр кард