Дар вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҳимояти молии намояндагии САҲА дар Бишкек, маҷаллаи иттилоотии "Дӯстӣ" аз чоп баромад.
Ҳадаф аз чопи он, коҳиш додани танишҳои байниқавмӣ миёни сокинони манотиқи наздимарзии вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон будааст.
Юлия Минаева, роҳбари Бюрои маҳалии САҲА дар шаҳри Ош рӯзи 30-ми декабр дар сӯҳбат ба РО гуфт, нашри аввали маҷаллаи «Дустӣ», ки бо се забон -- тоҷикӣ, қирғизӣ ва русӣ нашр мешавад, 28-уми декабр дар Ботканд муаррифӣ карда шуд: «Маркази Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Бишкек бо сабабҳои аслии муноқишаҳо мубориза мебарад. Ин нашрияи иттилоотӣ барои мубодилаи ахбор кӯмак мекунад. Дар омодасозии он, ҳам намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, журналистон ва мансабдорони ҳар ду вилояти ҳам Ботканд ва ҳам Суғд саҳм хоҳанд гузошт. Ман боварӣ дорам, ки ин нашрия як навъ пули дӯстӣ байни халқҳои қирғиз ва тоҷик хоҳад шуд.»
Хонум Минаева ҳамчунин афзуд, ки дар ин маҷалла, ки моҳе як маротиба нашр хоҳад шуд, дар бораи қаробати фарҳангии тоҷикону қирғизҳо, муносибати хешутаборӣ, никоҳҳои байниҳами миёни намояндагони ин ду қавм ва инчунин ахбори ҳуқуқӣ доир ба тарзи гузаштан аз марз, ба нашр хоҳад расид.
Судуриддин Маҳкамов, сардабири ҳафтаномаи «Насими Исфара», ки ду рӯз қабл дар маросими муаррифии ин маҷалла дар Ботканд ширкат дошт, дар суҳбат ба РО гуфт, ки ин маҷалла бо теъдоди 10 ҳазор нусха ва бо се забон -- тоҷикӣ, қирғизӣ ва русӣ нашр мешавад: «Мақсадаш пешгирии ҳамагуна муноқишаҳои назди сарҳадӣ мебошад. Бинобар ин, дар ин маҷалла бештар матолиби фарҳангии ду миллат- ҳам тоҷикон ва ҳам қирғизҳо ба табъ мерасад. Тасмими нашри ин маҷалла аз ҷониби мақомоти вилояти Суғд ҳам хуш пазируфта шудааст. Ба назари ман, нашри ин маҷалла дар таҳкими дӯстии мардумони ҳар ду кишвар хидмат хоҳад кард.»
Маҳкамов афзуд, ки ин маҷалла бо теъдоди 10 ҳазор нусха ба нашр расида, нисфаш дар ҳудуди Тоҷикистон ва боқимондааш миёни шаҳрвандони наздимарзии Қирғизистон паҳн карда мешавад.
Абдусабури Абдуваҳҳоб, журналисти тоҷик ва сокини деҳаи Ворух, ки бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳамарз аст, мегӯяд, расонаҳо моҷароҳои кӯчаки сокинони алоҳидаи ин минтақаро аксар вақт бузург карда нишон медиҳанд: «Миёни сокинони Бодканд ва Суғд муносибати хуб вуҷуд дорад. Аксарияти сокинони Ботканд аз бозорҳои Исфара хӯрок харидорӣ мекунанд. Сокинони Исфара бошанд баръакс аз Ботканд масолеҳи сохтмонӣ ворид мекунанд. Танҳо дар фасли баҳор миёни сокинони деҳаи Чоркӯҳ ва Бодканд сари масъалаи истифодаи об нофаҳмиҳо ба вуҷуд меояд.»
Марзи ноҳияи Исфара бо вилояти Ботканди Қирғизистон аз нуқоти ҳассос ва баҳсбарангези марзи Тоҷикистону Қирғизистон маҳсуб шуда, бори аввал соли 1989, ҳанӯз дар аҳди Шӯравӣ ба маҳзи даргирии байни сокинони ду сӯи марз, ки се кушта ба ҷо гузошт, вирди забонҳо шуд.
Бояд гуфт, муносибати сокинони наздимарзии вилояти Суғд ва Бодканд сари чанд вақт доғ мешавад ва моҷаро миёни сокинони наздимарзӣ аз ду ҷониб дар масъалаи истифодаи замин ва об сар мезанад.
Аммо тайи, инак, 22 соле, ки аз он рӯёрӯии аввал ва се соле, ки аз охирин даргирии байни сокинони ду тарафи ин марз мегузарад, то ҳол як роҳҳалли муносиб барои ҳамаи ҷонибҳои ин низоъ таҳия нашуда, баҳси заминҳои марзии Исфара ҳамчунон ба як бушкаи боруте мемонад, ки ҳар як шарора метавонад боис ба дигарбора аланга гирифтанаш шавад.