Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расулзода дар Бодканд. Аз баҳси марз то сиёсату иқтисод


Қоҳир Расулзода
Қоҳир Расулзода

Раиси вилояти Суғд барои баррасии ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ба вилояти Бодканди Қирғизистон рафтааст.

Раиси вилояти Суғд, Қоҳир Расулзода, барои баҳсу баррасии ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ба вилояти Бодканди Қирғизистон сафар кардааст. Аз дафтари матбуоти раиси вилоят ба мо гуфтанд, ки ҷаноби Расулзода бо губернатор ё волии Бодканд дидору мулоқот анҷом хоҳад дод.

Вале то кунун аз ҷузъиёти дидору гуфтугӯҳои ӯ иттилое дар даст нест. Ҳамчунин рӯшан нест, ки дар ҷараёни сафари Қоҳир Расулзода ба Бодканд баҳсҳои марзӣ, ки гоҳо боис ба кашмакашҳои миёни сокинони Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон мешаванд, баррасӣ хоҳад гардид, ё на. Муноқишаи хунин барои манобеи табиӣ дар миёни тоҷику қирғизҳо дар ноҳияи Исфара ҳатто дар замони Шӯравӣ дар соли 1989-ум ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар он замон се нафар кушта шуда буданд.

Солҳои охир муноқишаҳои кӯчаке байни сокинони ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон ба вуқӯъ пайвастааст, аммо мардуми ду тараф то кунун аз низоъҳои оммавӣ эмин мондаанд. Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 900 километр марз доранд ва бо вуҷуди музокироти тӯлонӣ дар мавриди тақсиму аломатгузории марз ба мувофиқа нарасидаанд. Қирғизистон бар асоси нақшаҳои дигаре мехоҳад, марз тақсиму аломатгузорӣ шавад ва Тоҷикистон бар асоси нақшаи дигаре. Шӯравии собиқ ҳам аз ин нақшаҳо ба ду кишвар зиёд мерос гузоштааст, ки яке аз солҳои 30-юм асту дигаре аз солҳои 60-ум.

Бо ин ҳол, ин сафари раиси вилояти Суғд ба Бодканд дар ҳоле анҷом мегирад, ки қаблан вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз расонаҳо хоста буд, то дар баррасии равобити Қирғизистону Тоҷикистон аз эҳтиёт кор гиранд. Дар ин мактуб, ки таҳти он вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ имзо гузоштааст, аз ҷумла омадааст: "Дар таҳлили муносибатҳои ду кишвари ба ҳамдигар дӯсту бародар Қирғизистон ва Тоҷикистон аз инъикоси якҷониба даст кашида, масоилро аз дидгоҳи воқеият ва дӯстиву созандагӣ баррасӣ намоед."

Дар баррасии масоили Осиёи Марказӣ Тоҷикистону Қирғизистон ҳамтақдир ва гоҳо шарик номида мешаванд. Ин ду кишвар, ки дар қисмати болооби минтақа қарор доранд, бо мухолифатҳои шадиди кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистон рӯбарӯянд. Агар Қирғизистон мехоҳад нерӯгоҳи Қамбаротаро бисозад, Тоҷикистон нияти бунёди Роғунро дорад, ки Тошкандро ба хашм овардааст. Узбакистон мегӯяд, дар сурати сохта шудани ин нерӯгоҳҳо контроли об ба дасти Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад ва дар ин сурат ҳазорҳо гектар замини кишти ин кишвар ташналаб хоҳанд монд. Иддаое, ки ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон борҳо онро рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG