Бархе аз вакилони парлумони Қирғизистон иддао доранд Тоҷикистон аз иҷрои созишнома ва дар ихтиёри қирғизҳо гузоштани 3.5 киламетр замини қаламраваш дар Исфара худдорӣ меварзад. Дар ҳоле ки қирғизҳо мутобиқи созишнома дар соли 2005, ба Тоҷикистон иҷоза доданд аз қаламрави ин кишвар хати барқи Конибодом - Бодкандро бунёд кунад.
Ба иттилои расонаҳои қирғиз, Исмоил Исаков, вакили парлумони қирғиз зимни ҷаласаи Кумитаи мудофиа ва амнияти парлумон гуфтааст, ба ин хотир Қирғизистон дар аҳди сарварии Қурмонбек Боқиев ҳудуди 100 гектар замини худро дар ихтиёри Тоҷикистон гузошт. Ин вакили қирғиз тақозо дорад, он мансабдорони кишвараш, ки замини вилояти Боткандро ба Тоҷикистон додаанд, муҷозот шаванд.
Созишнома дар бораи додугирифти қитъаҳои замин миёни Тоҷикистону ирғизистон моҳи майи соли 2005 дар шаҳри Душанбе имзо шуда буд. Тибқи он 90 гектари заминҳои вилояти Ботканд ба ҳудуди Тоҷикистон гузаштаанд. Тоҷикистон дар навбати худ уҳдадор шудаст, 5 гектар заминро барои сохтмони роҳи автомобилгарди Ӯш-Исфана ба Қирғизистон диҳад.
Амирқул Азимов, собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар як мусоҳибаи қаблиаш бо Озодӣ дар мавриди ҷузъиёти ин додугирифт чунин гуфта буд: “Тибқи созишномаи байни давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи майи соли 2005, Қирғизистон барои кашидани хати барқи 220 и Конибодом - Бодканд барои 49 сол замин ба иҷора медиҳад, дар навбати худ Тоҷикистон низ пораи замини худро барои сохтани роҳи мошингард барои ҳамин муддат дар ихтиёри қирғизҳо мегузорад.”
Соли 2006 Тоҷикистон хати барқи ЛЭП - 220 – ро бунёд кард ва дертар Қирғизистон низ аз қаламрави Исфара роҳ сохт ва ду қисмати аз ҳам ҷудои қаламравашро бо ҳам васл кард. Аммо ҳамакнун парлумони Қирғизистон даъво дорад Тоҷикистон барои сохтани 3.5 киламетри роҳи Исфана – Ӯш аз қаламраваш дар Исфара иҷоза намедиҳад. Ин роҳ барои Қирғизистон хеле муҳим арзёбӣ мешавад, зеро ду қисмати аз ҳам ҷудоафтодаи ин кишвар, Ушу Бокандро ҳам мепайвандад.
Мақомоти Суғд ва Исфара ба Озодӣ гуфтанд, ки назари худро доир ба ин мушкил баъд аз таҳқиқи санадҳо баён хоҳанд дошт.
Вале Абдухалил Шаҳидов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, ки ба ҳайси мақоми маҳаллӣ дар барномаи раҳсозии қирғизҳо дар ин маҳал иштирок доштааст, ба “Озодӣ” гуфт, созишномаи додугирифти заминро худи қирғизҳо вайрон карданд: “Роҳи Ӯш - Исфанаро, ки ду қисмати аз ҳам ҷудои Бодканди Қирғизистонро ба ҳам пайваст, қирғизҳо аз ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ бунёд карданд. Аммо ба ин қаноат накарданд ва роҳро аз ғарб ба самти шарқ, сӯи деҳаи Оқсой, наздикии Ворух, лаб - лаби наҳри Торкӯл давом доданд. Бар замми ин соли гузаштаи 2011 дар канори он хати баландшиддати барқ низ кашиданд. Ва садҳо гектар заминҳои аз қадим моли исфарагиҳоро аз худ карданд. Акнун марзбонҳои қирғиз моро ҳатто ба он роҳи навбунёду наҳр наздик шудан намегузоранд.”
Зимнан, соле пеш қирғизҳо боғи навбунёд дар замини сокинони деҳаи Чоркӯҳ дар канори роҳи навбунёди Ӯш – Исфанаро хароб карданд, ки баҳсу муноқишаҳои доманадореро ба думбол оварда буд. Абдухалил Шаҳидов афзуд, ҳамин тавр, аз додугирифти замин Тоҷикистон зиён дидааст ва баъди бунёди роҳ марзбонҳои қирғиз намегузоранд исфарагиҳо ба заминҳои он сӯи он, ки аз қадим моли онҳо буд, қадам гузоранд.
Ин дар ҳолест, ки Кумитаиҳои амният ва мудофиаи парлумони Қирғизистон созишномаи мазкурро баррасӣ карда, зидди манфиатҳои Қирғизистон арзёбӣ кардаст. Токон Мамитов, сардори Кумитаи мудофиа ва амнияти парлумони Қирғизистон барои омӯзиши ин масъала, ба ҳукумати кишвараш як моҳ муҳлат додааст.