Таблиғи "хайр" дар масоҷиди Хатлон

Масҷидҳои ҷомеи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо ҷамъоварии садақот аз сокинони маҳаллӣ, барои бемористони марказии ноҳия ду мошини «Ёрии таъҷилӣ» харидаанд.
Намозгузорони масҷидҳои ин ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистон барои харидани ду мошини сохти куриёии «STAREX» наздики 70 ҳазор сомонӣ ҷамъ овардаанд.

Насриддин Қудратов, имом-хатиби масҷиди марказии ноҳияи Панҷ, гуфт, бемористони марказии ноҳияи Панҷ то ин замон ҳамагӣ ду мошини «Тангем»-ро барои ҳамлу нақли беморон дар ихтиёр дошт, ки моҳҳо дар таъмир ва корношоям буд.

Насриддин Қудратов афзуд, ки «ба мо шикоятҳо мерасиданд, ки кай ҳамин духтурхонаҳо обод мешаванд? Кай мардум кӯмаки саривақтии тиббӣ мегиранд? Ҳоло мардум беморонро ночор тавассути таксӣ ба бемористон мерасонанд, ҳар дафъа 20-30 сомонӣ сарф мекунанд. Аммо мошини «Ёрии таъҷилӣ» нест. Аз худи намозгузорон даъват кардем, ки худамон дар харидани ҳамин мошинҳо саҳм гузорем. Ин пешниҳод пазируфта шуд.»

Имом-хатиби масҷиди маркази ноҳияи Панҷ ҳамчунин гуфт, маблағе, ки дар сандуқи хайрияи масҷид ҷамъ мешавад, ҳамчунин ба хотири беҳбуд бахшидан ба мушкилоти иҷтимоии сокинони маҳаллӣ ва кӯмак ба оилаҳои нодору ниёзманд масраф мегардад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Камолиддин, ҷавони намозгузор дар масҷиди ҷомеи ноҳияи Панҷ, гуфт, руҳониён дар тамоми масоҷиди маҳаллӣ тайи як ҳафта ба таблиғи кори хайр машғул буда, аз одамон даъват мекарданд, ки бо дастури ҳукумат барои харидани мошинҳои «Ёрии таъҷилӣ» барои бемористон кӯмак расонанд.

Ба гуфтаи вай, «дар рӯзҳои ид маблағи бештар ҷамъ мешавад. Вале бо даъвати имомон то 5-10 ҳазор сомонӣ ҳам ҷамъ мешавад. Ин маблағҳоро асосан барои маросимҳои дафни одамони камбағал, таъмири кӯпрукҳо, роҳҳо, масҷидҳои куҳна, мактабҳои ҳамагонӣ ва мисли ин корҳои хайр сарф мекунанд. Супурдани маблағ ихтиёрист. Ҳар кас ба андозаи қудраташ ба сандуқи хайриявӣ пул мепартояд …»

Вале баъзе аз имомони масоҷиди Қӯрғонтеппаю Бохтар мегӯянд, маблағҳои ҷамъмешуда дар сандуқҳои хайрия ночиз буда, имкон надорад, ки танҳо бо пули садақоти намозгузорон мошинҳои гароннархи тиббӣ харид. Қорӣ-Абдулло, имом-хатиби яке аз масҷидҳои ҷомеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд: «Ман ҳеҷ бовар надорам, ки масҷидҳои ҷумҳурии мо бо сарфи 10 ҳазор сомонӣ ё 10 ҳазор доллар мошин харида тавонанд. Масҷидҳои мо ягонтоашон ин қувваю тавоноиро надоранд. Дар масҷидҳои ҷомеи мо аз 100-150 сомонӣ маблағи бештаре ҷамъ намешавад. Вале саргузаштҳое дорем, назири офатҳои табиӣ дар Кӯлоб, ки дастур мешавад, таблиғ мешавад, аммо бовар надорам, ки ин корҳо ихтиёран анҷом шаванд…»

Ҳикматулло Шарифов, имом-хатиби масҷиди ҷомеи «Шоҳ Низом» аз ноҳияи Бохтар, низ мегӯяд, дар сандуқҳои хайрия одатан маблағи ночиз ҷамъ ва аксаран барои нигоҳдорӣ ва таъмири худи масҷид сарф мешаванд. Аммо вай афзуд, дар гузашта бо дастури мақомоти давлатӣ имомонхатибон аз намозгузорон даъват мекарданд, ки дар бунёди манозили зист ба хонаводаҳои аз сел зарардидаи Кӯлобу ноҳияи Хуросон, ҳамчунин дар харидани саҳмияҳои неругоҳи Роғун ва мисли ин саҳм гузоранд.

Аммо Саидмалик Холиқов, намояндаи шуъбаи умури дини ҳукумати ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, гуфт, ки ҷамъоварии маблағ барои хариди мошинҳои «Ёрии таъҷилӣ» амри иҷборӣ барои намозгузорони масоҷиди ноҳия набуд.

Ба таъкиди вай, «ин иқдом бо ташаббуси раиси ноҳия анҷом шуд. Вай аз масҷидҳои ҷомеъ ва имомони масҷидҳои панҷвақта дар маҳалҳо даъват кард, ки дастгирӣ кунед, то ки беморхонаи марказиро бо як-ду мошин, агар илоҷаш бошад, таъмин кунед. Зеро беморхона то ин вақт ҳамагӣ ду мошини «Тангем» дошт, ки куҳнаю фарсуда буд. Тамоман ягон маҷбуркунӣ набуд, ҳама ихтиёрӣ буд. Ҳатто аз маблағи ҷамъовардаи мардум 7-8 ҳазор сомониаш боқӣ монд ва ҳоло комиссияи мардумӣ баррасӣ дорад, ки ин маблағро ба кадом кори хайр сарф кунанд.»

Дар ҳамин ҳол, имоми масҷиди марказии ноҳияи Панҷ мегӯяд, аз ҳисоби маблағҳои сандуқи хайрияи масҷид қарор шудааст, ба донишҷӯёни фаъоли донишгоҳҳо, ки аз оилаҳои камбизоати сокинони ноҳия ҳастанд, идрорпулӣ таъин гардад. Масҷидҳои ин ноҳияи марзӣ ҳамчунин қасд доранд, маблағгузории нашри моҳномаеро бо номи «Чароғи маърифат», ки вобаста ба шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ аст, ба зимма бигиранд.

Гуфта мешавад, феълан дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон беш аз 70 масҷид, аз он миён 7-тоаш масҷиди ҷомеъ, арзи ҳастӣ мекунанд. Ба иддаои масъулони Шӯрои уламои ин ноҳия, анҷоми амалҳои хайр яке аз арзишҳои аслии ислом аст, ки бо таъкид ба ин нукта ҳукумати маҳаллӣ ва имомон аз намозгузорон даъват ба садақот мекунанд.