Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйини андоз барои кормандони масоҷид


Кумитаи дини Тоҷикистон ба масоҷиди кишвар дастур додааст, ки феҳрасти кормандони маошгири худро таҳия намоянд.

Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфт, ки ин иқдом ба хотири тартибу низом дар масъалаи молияи масҷидҳо сурат гирифтааст. Ҷаноби Мухторов афзуд, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дорад.

Шӯрои Уламои Тоҷикистон ин пешниҳодро зарур шуморида таъкид кардаааст, ки аллакай рӯйхати кормандони маошгири ин Шӯроро таҳия кардааст.

Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳадаф аз ин иқдом, пардохти молиёт ба буҷаи кишвар мебошад.

То кунун имомхатибон ва кормандони масоҷиди кишвар андоз намепардохтанд ва манбаи аслии даромади масҷидҳо аз ҳисоби хайрия таъмин мешуд.

Ҳамакунун афроде, ки дар рӯйхати маошгирони масҷидҳо шомил мешаванд, ба таври ҳатмӣ шароити молиётро риоя хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG