Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 сомонӣ барои Наврӯз. Хайрия ё "налог"?


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки масъули баргузории иди Наврӯз аст, ҷамъоварии пул аз мардум барои ин ҷашнро иштибоҳи бархе аз ҳукуматҳои маҳаллӣ хонд.

Раҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Абдуғаффор Абдуҷаббор ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ гуна дастури мақомоти ҳукумати марказӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ, ки бояд барои баргузории иди Наврӯз аз мардум пул ҷамъ кард, вуҷуд надорад: "Агар касе ин корро карда бошад, худсарии беҷо кардааст. Чунки аз сӯи мақомоти давлатӣ ҳатто супориши шифоҳӣ низ нашудааст.»

Аммо ба гуфтаи Саъдулло Сайфуллоев, як сокини ноҳияи Қубодиён, барои то таҷлили Наврӯз омода кардани Боғи фарҳангиву фароғатӣ аз мардуми ноҳия пул ҷамъ карданд ва ин раванд идома дорад: “Аз ҳар сари ҷон як сомонӣ ва аз масҷидҳо 500 сомонӣ супурдем. Ҳоло барои ҷашни Наврӯз аз муаллимҳо ва духтурон ва корхонаҳои давлатӣ пул ҷамъ мекунанд. Хулоса, кор фақат бо баҳонае аз мардум пул ҷамъ кардан аст.”

Вай афзуд, ҳеҷ як ниҳоди ноҳия фикр намекунад, ки оё мардум имкони пул додан доранд ё не. Ҳамин гуна пулҷамъкуниҳои муғоййир ба қонун дар Тоҷикистон на танҳо дар Қубодиён, балки дар бархе аз навоҳии ҷумҳурӣ арзи вуҷуд кардааст ва гӯё бо супориши ҳукумат аз тамоми корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои ҷашни Наврӯз пул ҷамъоварӣ мешавад. Ин дар ҳолест, ки тамоми раҳбарони ноҳияҳо ин корро бо истифода аз номи “Ҷаноби Олӣ”, яъне президенти ҷумҳурӣ анҷом медиҳанд. Дар ҳоле, ки ахиран раисиҷумҳур дар иҷлоси ҳукуматӣ аз ин рафтори раҳбарони маҳаллӣ интиқоди шадид кард ва гуфт, ки аз мардум барои маросимҳои ҳукуматӣ ва ё сафари президент ба навоҳӣ пул ҷамъ накунанд.

Маҳмад Боқиев, сокини ноҳияи Рашт, мегӯяд, “имсол соли сахт омад. Ҳосили мева хуб набуд. Бар замми ин зимистон сард омаду ҳоло баландии барф ду метр аст. Мардум пул надорад, ки барои чорво ғизо бихарад. Аммо барои таҷлили Наврӯз идораҳои ҷамоат мактабҳоро то 200 сомонӣ “налог” бастааст. Ҳар як муаллим бояд аз 15 то 20 сомонӣ бидиҳад. Шароити зиндагии мо муаллимон хуб нест. Ба ҳамин як моҳонаи ночиз зиндагӣ мекунем. Бар замми ин камбизоатиямон, аз мо пул ҷамъ мекунанд.”

Аммо Сайидшоҳ Акрамов, сокини ноҳияи Масчо мегӯяд, ки дар ҷашни Наврӯз, ки ба қавли вай аз имрӯз, чоршанбеи сурӣ оғоз мешавад, хайр кардан маҷбурӣ нест. Ва идораҳои ҷамоати маҳаллӣ низ ба ин кор машғул нестанд. Ҷаноби Акрамов афзуд, “бузургтарин рӯзи иди Наврӯз чоршанбеи сурӣ аст ва мардуми мо онро имрӯз, бо
тамоми шаҳоматаш ҷашн мегиранд. Дар деҳот вақти ҷашн одамони сарватманд гӯсфанд, буз ва пули калон хайр мекунанд, то ҷашн бошукӯҳтар шавад. Ин ҳама хайр ихтиёрист, на маҷбурӣ ва бо дастуру фармон.”

Бисёриҳо бар инанд, ки хайр кардан дар идҳои Рамазону Қурбон ва ҳамчунин Наврӯз аз таомули суннатии мардуми тоҷик аст, вале бархе зоҳиран, зимни пулҷамъкуниҳои марбут ба сафари президент ё тармиму бозсохти мактабу иншооти умумӣ бархе аз раҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ омодагиҳо ба идеро, ки бештар тобиши давлатӣ гирифтааст, бо шеваҳои ошно анҷом медиҳанд. Ё мумкин дастуре шудааст, аммо хеле пинҳонӣ. Ба ҳар сурат гумон меравад, ки ин фишор ва такия ба иҷбор зарбае ба шаъни Наврӯзи бостонӣ хоҳад буд.

Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон дар соли гузашта:

Паёму орзуҳи наврӯзӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG