Мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, ки соҳибкорони маҳаллӣ дар анҷоми иқдомҳои хайри худ камҳавсала шудаанд.
Ба унвони далел гуфта мешавад, ки мизони баргузории маросимҳои хатнасур ва тӯйи арӯсии ҷавонон аз оилаҳои нодору ниёзманд дар вилояти Хатлон имсол 50 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои мақомоти шуъбаи умури дини вилояти Хатлон, соҳибкорону саховатпешаҳо дар вилояти Хатлон имсол дар тӯли 11 моҳ хатнасури 5 ҳазору 953 нафар кӯдак ва тӯйи арӯсии 286 ҷуфт ҷавони оилаҳои ниёзмандро ба таври хайрия оростаанд.
Аммо дар соли 2011-ум бамаротиб бештар – қариб 12 ҳазор кӯдакро хатнасур ва 384 ҷуфт ҷавонро тӯйи арӯсӣ намуда буданд. Аз ҷиҳати миқдори аз ҳама фузуни маъракаҳо соҳибкорони ноҳияи Бохтар, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ қарор доранд, ки маросими хатнасури беш аз 500-нафарӣ кӯдакон аз оилаҳои дастнигару муҳтоҷро барпо кардаанд. Ба гуфтаи манбаъ, аммо соҳибкорони навоҳии Қубодиёну Шаҳритус имсол ҳамагӣ 30-нафарӣ атфолро хатнасур намуда, дар барпо кардани тӯйи арӯсӣ ҳеҷ кӯшише накардаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳар сол дар остонаи идҳои мусалмонӣ ва ҷашнҳои муҳими кишвар раисиҷумҳури Тоҷикистон аз сарватмандон ва тавонмандон даъват мекунад, ки барои дастгирии афроди камбизоат кӯмак кунанд. Вале далели камтар корҳои саховатмандӣ кардани соҳибкорони минтақаи Хатлон чист?
Кибриё Сафарова, муовини раиси ноҳияи Бохтар, дар ин иртибот мегӯяд: «Дар ҳақиқат, тибқи мушоҳидаҳои мо, ниёзмандон кам шуда истодаанд. Мо ба сармутахассисони ҳукумат супориш медиҳем, ки оилаҳои муҳтоҷро муайян кунед, омӯзед, ки чӣ теъдод ба хатнасур ва ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ба дастгирии мо барои барпо кардани маросимҳояшон ниёз доранд. Ба мо гузориш медиҳанд, ки дар ҷамоатҳо одамони камбизоат ёфтан душвор шуда истодааст, баъзеҳо номус мекунанду оҷиз бошанд ҳам, мегӯянд, ки аз кӯмаки соҳибкорон намехоҳанд истифода кунанд…»
Хонум Сафарова афзуд, дар баъзе мавридҳо сарварони оилаҳо, сарфи назар аз ниёзманду дасткӯтоҳ буданашон, розӣ намешаванд, ки писари онҳоро нафари дигаре дар маросими оммавии хайрия тӯй кунад.
Аммо Фариштамо Зоидова, муовини раиси ноҳияи Вахш, бо ин иддао, ки иқдомҳои хайри соҳибкорони маҳаллӣ коҳиш ёфтааст, мувофиқ нест.
«Ҳеҷ коҳиш наёфтааст. Ба қарибӣ мо нақша дорем, ки 150 кӯдакро дар маркази
ноҳия хатнасур кунем. Боз дар ҷамоатҳо ин кори хайр анҷом дода мешавад. Ҳам бо мусоидати одамони соҳибвазифа ва ҳам соҳибкорони маҳаллӣ доир мекунем - гуфт Ф. Зоидова.
Ба ақидаи коршиносони соҳа, чун соли гузашта раисиҷумҳур ба ин масъала сахт мутаваҷҷеҳ гашта буд, баъзеи онҳо ин амалро фаровон анҷом доданд, то шуҳратёр ва ба қавле соҳибимтиёз гарданд. Ва камшавии иқдоми хайри соҳибкоронро сабаб он аст, ки чунин «даъватҳо»-и «боло» ба «амалҳои хайр»-и соҳибкорони ватанӣ коҳиш ёфтааст.
Зиёда Ашӯрова, раиси созмони ҷамъиятии «Моҳи мунир» аз ноҳияи Қумсангир, мегӯяд, соҳибкорон аксаран талош мекунанд, чунин маросимҳоро дар рӯзи иду ҷашнҳо ва дар ҳузури раисони ҳукуматҳо барпо намуда, иқдоми худро тавассути телевизион таблиғ кунанд, то иртиботашон бо мақомоти давлатӣ зичтар шавад.
Аммо мақомоти вилояти Хатлон ҳаҷми маблағҳои сарфшудаи афроди саховатпеша дар чунин маросимҳои хайриявиро махфӣ нигоҳ медоранд. Соҳибкор Саидқул Султонов, роҳбари хоҷагии «Файзобод», аз ноҳияи Бохтар, ки имсол хатнасури 10 кӯдаки оилаҳои нодор ва як ҷуфти навҷавононро барпо намудааст, низ ошкор накард, ки чӣ миқдор маблағ барои анҷоми ин иқдоми хайраш сарф кардааст. Вале вай воқеияти ин ҳарфро, ки маблағи дар чунин маросимҳои хайриявӣ сарфшудаи соҳибкорон ба ҷойи пардохти молиёт пазируфта мешавад, рад кард.
«Маблағе, ки сарф мекунанд соҳибкорон, аз ҳисоби андоз тарҳ мешавад? Не, не, не. Боз, мебахшед, моро мегӯянд, ки андоз аз чунин маросимҳои хайривиро ҳам супоред. Ҳар кори хайре, ки анҷом медиҳем, дигаронро-ку намедонам, аммо мо дар роҳи ризои Худо мекунем ҳар сол. Дар оянда низ ният дорем, ки идома диҳем», - гуфт С. Султонов.
Бо ин вуҷуд, ҷомеашиносон таъкид мекунанд, ки ҳанӯз дар музофотҳо оилаҳои бисёре дар ҳоли фақру муҳтоҷӣ ба сар мебаранд ва ниёз ба кӯмаки саховатмандон доранд. Зеро барпо намудани як маросими хатнасур, ба ҳисоби миёна аз 1,5 то 3 ҳазор доллари амрикоиро тақозо мекунад, ки шумораи қобили мулоҳизаи оилаҳо чунин ҳаҷми маблағро дар ихтиёр надоранд.