Ҷаноби Нуралиев ин иқдомро дар чаҳорчӯби иқдомоти шаҳрвандии худ арзёбӣ кард.
Вай гуфт, "кӯмак ба ятимону фарзандони бесарпараст маҳсули сиёсати хирадмандона, оқилона ва инсонпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон аст ва мо кӯшиш мекунем, то ин кӯдакон худро танҳо ҳис накунанд. Зеро онҳо фарзандони ин ҷамъият ҳастанд ва ба кумаку ғамхорӣ ниёз доранд."
Хонаводаи Нуралиевҳо дар канори баргузории хатнасури тарбиятгирандагони мактаб-интернати рақами 1-и шаҳри Душанбе, ҳамчунин ба онҳо ва ин муассисаи таълимӣ ва парваришӣ тӯҳфаҳои наврӯзӣ эҳдо карданд.
Ин иқдоми хайрияи домод ва духтари президент Раҳмон, тавассути шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон низ намоиш дода шуд.
Ҷамолиддин Нуралиев, домоди президент Раҳмон, дар ҳоле ба мактаб-интернати шумораи 1-и шаҳри Душанбе кӯмак кард, ки номи ӯро ба фаъолияти ширкати бритониёии "IRS" рат медиҳанд.
"IRS" дар роҳи мошингарди "Душанбе-Чаноқ" масъулияти пулчиниро ба ӯҳда дорад ва муддати фаъолияташ борҳо нигаронӣ ва этирозоти сокинони канори роҳро ба бор овардааст.
Ин дар ҳолест, ки Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи иди Наврӯз хатнасури писарон аз хонаводаҳои фақирро баргузор кардааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи ҳар ҷашн дар кишвар мақомотро барои баргузории маросимҳои дастаҷамъии хатнасуру арӯсӣ ва пешниҳоди кӯмакҳо ба афроди камбизоат даъват мекунад.