Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду парванда ва чаҳор муттаҳами як "тӯйи исломӣ"


Додгоҳи ноҳияи Ашт бозбинии парвандаи чаҳор нафар, аз ҷумла ду масъули ҲНИТ дар ин ноҳияро ба таъхир гузошт.

Додситонӣ Мирзо Ҳоҷиматов, масъули бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломӣ, Собит Мадалиев, раҳбари бахши ин ҳизб дар ноҳияи Ашт,
Дар бораи тӯйҳои исломӣ дар Тоҷикистон бештар бихонед:
Аз тӯйҳои "комсомолӣ" ба тӯйҳои "исломӣ"?

соҳибтӯй ва як сокини маҳаллиро барои он ки дар тӯйи арӯсӣ таблиғи дин ва "мавлудхонӣ" кардаанд, муттаҳам мешуморад.

Ба гуфтаи мақомоти додгоҳ, додситонии Ашт гурӯҳи чаҳорнафариро бар асоси бандҳои 23 ва 13-и Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ ва Қонун дар бораи танзими анъана ва маросимҳои Тоҷикистон айбдор кардааст.

Ин гурӯҳи чаҳорнафарӣ расман тақозо кардаанд, ки бинобар дар амалҳои онҳо мавҷуд набудани қонунвайрокунӣ парвандаашон қатъ карда шавад.

"МАВЛУДХОНӢ ДАР МАСҶИД ИҶОЗА АСТ"

Собит Мадалиев, намояндаи ҲНИТ дар ноҳияи Ашт
Баҳси аслӣ миёни мақомот ва масъулони ҲНИТ дар ноҳияи Ашт сари иштироки онҳо дар тӯйи, ба ислтиоҳи мардум, исломӣ аст, ки дар он мавъизахонӣ ва панду насиҳатгӯӣ мекунанду рақсу таронасароӣ не.

Дар ҳоле ки ба қавли Мазбут Воҳидов, масъули умури динӣ дар шуъбаи дини ҳукумати вилояти Суғд, "дар қонуни танзими маросимҳо танҳо истилоҳи "тӯй" зикр ёфтааст. Тӯй - ин ҷойи рақсу суруд ва хурсандӣ. Домуллоҳо ҳам метавонанд қатори дигарон иштирок кунанд, касе манъ накардааст, табрик гӯянд, тӯҳфаашон бошад, супоранд, аммо маъракаи амри маъруфу мавъизаю мавлудхонӣ барпо кардан, дар қонун гуфта шудааст, ки мавлудхонӣ бояд дар масҷидҳо баргузор шавад."

ТӮЙ ИСЛОМИВУ ЗАМОНАВӢ МЕШАВАД?

Аммо Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, дар ҳоле ки Қонуни асосии Тоҷикистон ташкилоти диниро аз давлат ҷудо медонад ва аз сӯи дигар, озодии суханро ба шаҳрвандон кафолат медиҳад, норӯшаниҳое дар мавриди иштироки рӯҳониён ва мавъизахонии онҳо дар тӯйу мотам ва маросимҳои дигари сокинон дар қонунгузории кишвар ба назар мерасад.

Хонум Воҳидова афзуд: "Дар ягон ҷойи қонуни танзими маросимҳо гуфта нашудааст, ки ду навъи тӯй ҳаст, яъне тӯйи ба истилоҳ шаръӣ ва замонавӣ. Дар он "хатнасур" ва "тӯйи издивоҷ" зикр шудааст. Пас, аз ин бармеояд, ки қонун баргузор кардани тӯйҳои шаръиро низ манъ накардааст."

НАМОЯНДАИ МАҚОМОТ Ё "МЕҲМОНИ НОХОНДА"?

Мирзо Ҳоҷиматов, масъули бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
Аммо махфӣ нест, ки мақомоти Тоҷикистон бо ҳар роҳу восита ба барпо кардани тӯйҳои шаръӣ мухолифат нишон медиҳанд. Ба унвони мисол, тӯйи пурсарусадои издивоҷи Наимҷон Холмирзоев, сокини шаҳраки Шайдон, маркази ноҳия Аштро мисол овард, ки дар пайи он ду парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Ба гуфтаи бархе аз иштирокдорони он, рӯзи 30-юми апрел ба он тӯй чанд намояндаи мақомот бо дастаи ҳофизон ба ҳайси нозир ҳозир шудаанд ва як сухангӯ онҳоро "меҳмони нохонда" номида, ба оташи хашмашон равған рехтаааст.

Дар пайи он додситонӣ алайҳи соҳибтӯй – Нӯъмон Холмирзоев ва се нафари дигар, ки ду нафари онҳо аз масъулони ҲНИТ дар шимоли кишваранд, парвандаи маъмурӣ боз кардаст. Зиёда аз ин тавре шоҳидони ҳол мегӯянд, домод – Наим Холмирзоевро, ки бинобар доштани санади беморӣ аз хидмати ҳарбӣ озод будааст, дубора мавриди ташхиси тиббӣ қарор дода, пас аз се рӯзи хонадоршавиаш ба хидмати ҳарбӣ равон кардаанд.

НАВОРБАРДОР. 5 РӮЗ ПУШТИ ПАНҶАРА

Ин дар ҳолест, ки қаблан додгоҳи ноҳияи Ашт наворбардори тӯйи мазкур – Ҳуснидин Шарофовро бо ҷурми итоат накардан ба мақомот аввали моҳи май барои панҷ рӯз паси панҷара фиристод.

Мақомот аз вай фиттаи навори тӯйро талаб карда буданд.
Дар ҳамин ҳол додгоҳи ноҳияи Ашт мегӯяд, рӯзи 7- уми июн ба бозбинии парвандаи гурӯҳи чаҳорнафарии дигари ёдшуда аз иштирокдорони ин тӯйи пуровоза шурӯъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG