Имрӯз, 15-уми декабр, дар Миср раъйпурсӣ дар мавриди тарҳи Қонуни асосии ин кишвар шурӯъ шуд.
Ин раъйпурсӣ ба эътиқоди раисиҷумҳур, Муҳаммад Мурсӣ ва исломгароёни ҳаводори ӯ Мисрро ба демократия наздиктар хоҳад кард.
Амир, як сокини шаҳри Қоҳира, пойтахти Миср, тарафдори қабули ин тарҳ будааст ва мегӯяд, ки бояд мисриҳо баҳсу даъво бар сари матни Қонуни асосиро хотима бахшанд. Ӯ мегӯяд, 90 дарсади матни Қонуни асосӣ хуб аст ва агар 10 дар сади дигар мушкил дошта бошад, онро дертар метавон ислоҳ кард. Барои ҳамин Аҳмад лағви ин тарҳ ва таъхири раъйпурсиро талафи беҳудаи вақт медонад.
Аммо мухолифони давлати Миср, аз ҷумла ҳалқаҳои озодандеш, дунёявӣ ва масеҳиёни Миср мегӯянд, ки тарҳи мазкур беш аз ҳад исломист ва ҳуқуқи баробарро барои ҳама кафолат надодааст.
Солеҳ, яке дигар аз сокинони шаҳри Қоҳира, аз ҳамин гуруҳ аст ва дар раъйпурсии рӯзи шанбе мухолифи қабули тарҳи Қонуни асосӣ раъй додааст. Ӯ мегӯяд, тарҳи Қонуни асосӣ бо шитоб таҳия шуда, комил нест. Дар ҳамин ҳол татбиқи Қонуни асосиро Солеҳ барои ояндаи Миср зараровар медонад.
Ҳам тарафдорон ва ҳам мухолифони Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср, аз ҷонибдорони худ хостаанд, ки дастаҷамъона ба раъйпурсӣ биёянд, то натиҷаи дилхоҳашон ба даст биёяд.
Дар даври аввали раъйпурсӣ, қарор аст, 26 миллион нафар раъй диҳанд ва 25 миллион мисрии дигар дар даври дуввуми раъйпурсӣ, ҳафтаи оянда бояд ба пойи сандуқҳои раъйдиҳӣ биёянд. Раъйпурсии умумӣ дар Миср рӯзи шанбе дар 10 вилоят, аз ҷумла шаҳрҳои Қоҳираву Искандария баргузор мешавад.
Тарҳи Қонуни Асосӣ ва дастури Муҳаммад Мурсӣ барои таммаркузи қудрат дар дасташ, дар Миср буҳрони сиёсиеро барангехт, ки баъди суқути ҳукумати Ҳуснӣ Муборак то кунун мушоҳида нашуда буд. То кунун кохи раисиҷумҳури Мисрро тонкҳо печонидаанд, ки аввали моҳ дар муноқишаи тарафдорону мухолифони Муҳаммад Мурсӣ дар назди ҳамин кох дасти кам 8 нафар кушта шуданд.