Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Амрико аз такрори хатоҳои Муборак дар Миср


Виктория Нуланд, сухангӯи департаменти давлатии Амрико
Виктория Нуланд, сухангӯи департаменти давлатии Амрико

Амрико аз вазъияти мавҷуда дар Миср изҳори ташвиш карда, аз такрори хатоҳои раисиҷумҳури пешини ин кишвар, Ҳуснӣ Муборак, ҳушдор медиҳад.

Виктория Нуланд, сухангӯи департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида, мегӯяд, вазъият дар Миср ҳар рӯз тағйир меёбад ва Амрико хоҳони он аст, ки мардуми Миср қарорҳоро тавассути муколама ва ба таври осоишта қабул ва амалӣ кунанд.

Нуланд гуфтааст, Амрико мехоҳад, нерӯҳои амниятии Миср аз таҳаммул кор гирифта, ҳаққи эътирози осоиштаро эҳтиром кунанд ва ҳамчунон хоҳони он аст, ки хатоҳои даврони президенти пешин Ҳуснӣ Муборак такрор нашаванд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи душанбе,10-уми декабр, додрасҳои мисрӣ ризоят додаанд, ки назархоҳии умумихалқии қабули Сарқонуни нави ин кишварро назорат кунанд. Ҳамзамон додрасҳои Шӯрои маъмурии давлатӣ аз тарафдорони президент, Муҳаммад Мурсӣ даъват кардаанд, ки гирдиҳамоии эътирозӣ дар рӯ ба рӯи Додгоҳи олии ин кишварро хотима бахшанд.

Рӯзи якшанбе Мурсӣ ба артиш дастур дод, ки дар арафаи назархоҳии 15-уми декабр ниҳодҳои давлатиро зери ҳимояти худ гирад. Дар бархӯрдҳои миёни тарафдорон ва мухолифини президенти Миср камаш 5 нафар кушта шудаанд.

Мухолифини Мурсӣ мегӯянд, онҳо назархоҳиро бойкот ва тарафдорони худро ба эътироз даъват хоҳанд кард. Ҳамин гуна, тарафдорони исломии президенти Миср низ тасмим доранд, ки гирдиҳамоӣ ташкил кунанд.
XS
SM
MD
LG