Ин қарор баъд аз он эълон шуд, ки президенти Миср аз таъхири назархоҳии умумимардумӣ барои қабули сарқонуни нав, худдорӣ кард.
Бо ҳадафи коҳиши фишори мардумӣ, Мурсӣ қарори моҳи ноябрро, ки ба ӯ салоҳиятҳои зиёд тақдим намуда, боиси мавҷи эътирозҳои хушунатбор гардида буд, лағв кард. Аммо дар айни замон раисҷумҳури Миср таъкид кард, ки референдуми сарқонун бидуни таъхир 15-уми декабр доир хоҳад шуд. Мухолифини Мурсӣ мегӯянд, лоиҳаи сарқонун бо шитоб таҳия шуда, онро фақат ҳаводорони исломии президент дастгирӣ мекунанд.
Эълони Мурсӣ баъди ба истилоҳ “муколамаи миллӣ”-и рӯзи ҳаштуми декабр пахш шуд. Ба ин восита Мурсӣ мехост рақибони сиёсиашро сари мизи музокирот ҷамъ намуда, эътирозҳои рӯзҳои ахирро хотима бахшад. Вале ҳизбҳои асосии мухолифи президенти Миср аз ширкат дар музокирот даст кашиданд ва ҷангҳои лафзии миёни онҳо низ ба поён нарасиданд.
Рӯзи якшанбе Ҷабҳаи наҷоти миллӣ-бузургтарин эътилофи мухолифини ҳукумати Миср даъват кард, ки рӯзи сешанбе эътирози дастаҷамъӣ бар зидди лоиҳаи сарқонун барпо шавад, зеро ба гуфти онҳо “ин санад аз мардуми Миср намояндагӣ намекунад.”
Гурӯҳи дигари мухолифон бо номи Ҷунбиши шашуми апрели ҷавонон, қарор Мурсӣ дар бораи лавғи дастури 22-уми ноябр “маневри сиёсӣ мебошад, ки ҳадаф аз он фиреби мардум асту бас.”
Яке аз эътирозкунандагон дар кӯчаҳои Қоҳира, ки худро Ҳермас номид, мегӯяд:
“Президенти Миср Мурсӣ дастури моҳи ноябрро хеле дер лағв кард. Он баъди хунрезӣ лағв шуд. Дувум ин аст, ки эъломияи нави сарқонун аввалиро аз эътибор соқит намуда, бошад ҳам таъсири он ба чашм мехӯрад. Мо онро қабул надорем. Мо мехоҳем вазъ ба ҳолати қабл аз қабули дастури моҳи ноябр баргардад.”
Эътирозгарон, ки се рӯз инҷониб дар канори қасри президентии Миср хайма задаанд, таъкид мекунанд, ки Мурсӣ ҳамчун диктатор амал мекунад.
Президент Мурсӣ, ки дар пайи интихоботи моҳи июн сари қудрат омадааст, худро ҳомии инқилоби араб мешуморад. Ин инқилоб дар моҳи феврали соли 2011-ум президенти пешин Ҳуснӣ Муборакро барканор намуд.
Сарвазири Миср Ҳишом Қандил аз баргузории референдум пуштибонӣ намуда, гуфтааст, ки беҳтарин имтиҳони омӯзиши афкори мардуми Миср аст. Ӯ мегӯяд, то замоне, ки мардум имкон дорад, дар овоздиҳии демократӣ, озод ва одилона назари худро иброз намояд, ояндаи кишвар ба дасти мардумаш мебошад.