Созмони Милал ҳукуматҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистонро барои муборизаи ҷиддитар бо хариду фурӯши инсон даъват намудааст.
Зумрад Асимова, як бонуи тоҷик, ки забони арабиро хуб медонад, гуфт, ахиран ӯ ва дугонааш аз як ширкат дар шаҳри Дубай пешниҳод гирифтанд, ки ба ҳайси мураббии кӯдакон ба он ҷо рафта, кор кунанд. Асимова мегӯяд, ба онҳо якуним ҳазор доллари амрикоӣ маош ваъда доданд, вале хабарҳои зиёд дар мавриди истисмори духтарон дар ин шаҳр боис шудааст, то ин пешниҳодро рад намоянд.
Аммо дар Тоҷикистон ҳамаи занону духтарон, мисли Зумрад кунҷкобу эҳтиёткор нестанд ва аз пайи даромади зиёд шуда, ба доми одамфурӯшон меафтанду зиндагии худро бо шикасти бузурге рӯбарӯ месозанд. Созмони Милал ҳам дар гузориши нави худ, ки ба хариду фурӯши одамон дар ҷаҳон тайи соли 2012 марбут аст, гуфт, "60 дарсади онҳое, ки дар Осиёи Миёна мавриди хариду фурӯш қарор мегиранд, занонанд ва онҳо асосан барои амалҳои шаҳвонӣ додугирифт мешаванд."
Бино ба ин гузориши Созмони Милал, дар Тоҷикистон низ асосан занон "тӯъма"-и одамфурӯшон мешаванд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, соли гузаштаи 2011 шаш мавриди хариду фурӯши одамон ва соли ҷорӣ 4 мавридро ошкор ва омилонашонро муҷозот кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, талоши ҷиддӣ мекунанд, ки шаҳрвандон, махсусан занону духтаронро аз одамфурӯшон ҳифз кунанд. Созмонҳои зиёди ғайридавлатӣ низ дар ин мубориза ширкат доранд. Саноат Солиева, роҳбари созмони “Фемида”, ки сар аз соли 2005 ба қурбониёни одамфурӯшон ёрии ҳуқуқӣ расонидааст, мегӯяд, дар Тоҷикистон ба фарқ аз солҳои қаблӣ ҳодисаҳои қочоқи инсон то андозае камтар шудаанд. Ба қавли ӯ, солҳои қаблӣ мубориза бо ин ҷиноят дар сатҳи зарурӣ набуд ва миёнаравҳо умдатан беҷазо мемонданд. "Вале ҳоло мақомот ҷиддан ба ин ҷиноят таваҷҷӯҳ кардаанд ва нафароне, ки дар одамфурушӣ даст доштаанд баъди чанд сол ҳам бошад, ёфт ва муҷозот мешаванд",-гуфт хонум Солиева.
Ин ҳамсӯҳбати мо дар идома гуфт, як андоза беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ва густариши огоҳии мардум аз падидаҳои қочоқи инсон, омилҳои дигари коҳиши ин ҷиноят ба шумор мераванд. Тоҷикистон соли 2003 дар Кодекси ҷиноиаш бори аввал моддаи 130, яъне қочоқи инсонро ворид карда, соли 2005 дар ин кишвар ба манзури ҷилавгирӣ аз ин ҷиноят Комиссияи байниидоравии мубориза бо харидуфурӯши инсон ташкил шуда буд.
Дар панҷ соли гузашта 101 қурбонии қочоқи инсон ба Ватан баргардонида шуданд. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Маркази ахбори Созмони Милал, тайи соли 2012 кӯдакфурӯшӣ ҳам дар Осиёи Миёна афзудааст ва 16 дарсади ҷабрдидагони хариду фурӯши одам дар минтақа, кӯдакон будаанд. Созмони Милал мегӯяд, кӯдакон бештар барои амалҳои шаҳвонӣ, кори маҷбурӣ ва гирифтани узвҳои бадан фурӯхта мешаванд.
Дар Тоҷикистон ҳам моҳе қабл сару садоҳои мухталиф атрофи пайдо шудани афроде, ки гӯиё бо мошинҳои сиёҳшиша дар кӯчаҳо гаштаву бо роҳи фиреб ва бо истифода аз ҷонварон ё бозичаҳо кӯдаконро ба худ ҷалб карда медузданд, паҳн шуд. Ин овозаҳо аз ноҳияи Ҳисор, пас аз ғайб задани тифли 3-солае сар зад, ки баъд аз 18 рӯз ҷисми беҷони ӯ аз дохили рӯдхона пайдо шуд. Аммо мақомоти дохилии кишвар сару садоҳоро атрофи кӯдакдӯздӣ беасос хонданд.
Дар ҳамин ҳол, Созмони Милал талоши кишварҳои минтақаро барои ҷилавгирӣ аз одамфурӯшӣ нокифоя хонда, ҳукуматҳои Осиёи Миёнаро барои чораандешиҳои бештар дар ин самт даъват кардааст.