Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13 соли зиндон барои ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ


Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини Кӯлобро барои ҷалби ду ҷавондухтар ба танфурӯшӣ ба қочоқчиёни афғон барои 13 сол равонаи зиндон кард.

Ин шахс бо моддаҳои «одамфурӯшӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ бо нияти шаҳвонӣ» айбдор дониста мешавад.

Аскаралӣ Амонов, додраси додгоҳи вилояти Хатлон мегӯяд, «Рамазон Назаров соли гузашта ду ҷавондухтарро бо роҳи фиреб ба ноҳияи Шӯрообод бурда, бо маслиҳати пешакӣ онҳоро ба қочоқчиён ба маблағи 500 доллари амрикоӣ мефурӯшад».

Духтарон ҳангоми амалиёти нерӯҳои интизомӣ аз дасти қочоқчиён озод карда мешаванд ва дар бораи чӣ тавр «фурӯхта» шуданашон маълумот медиҳанд. Ҷаноби Амонов мегӯяд, маҳкумшуда ба ин гуноҳаш иқрор шуда, бо гузашти даҳ рӯз аз содир шудани ҳукм дигар ба зинаҳои болои додгоҳ шикоят набурд.

Ӯ гуфт: «Муҳокимаи парванда нишон дод, ки Назаров бо шаҳрвандони давлати исломии Афғонистон, ки ғайриқонунӣ вориди хоки Тоҷикистон мешуданд, робита доштааст. Ӯ бо маслиҳати пешакӣ як ҷавондухтарро аз шаҳри Душанбе ва як нафари дигарро аз ноҳияи Данғара бо роҳи фиреб ба Шӯрообод мебарад. Дар пайи як амалиёт духтарон озод шуда, Назаров боздошт мегардад. Додгоҳ ӯро барои ин ҷинояти содиркардааш 13 сол аз озодӣ маҳрум кард».

Наздикону пайвандони Назаров дар робита ба ҳукми ӯ изҳори назар накарданд.
Ҳодисаи рабуда шудани духтарон ба Афғонистон ва ҷалби онҳо ба танфурӯши бо қочоқчиёни афғон, дар навоҳии наздимарзӣ ҳодисаи камназир нест. Аммо барои аввалин бор аст, ки додгоҳи Хатлон як нафарро бо ҷурми «ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ ба қочоқчиён» маҳкум мекунад.

Соли гузашта низ мақомот 8 духтарро бо ҷурми танфурӯшӣ ба қочоқчиён дар Шӯрообод боздошт карда буданд, вале додгоҳ худи онҳоро ба ин амал гунаҳкор дониста ҷазо дод, ки баъдан дар пайи татбиқи «Қонун дар бораи авф» аз зиндон раҳо гаштанд.

Гулчеҳра Муродова, коршиноси созмони ҷамъиятии «Шаҳрванд» мегӯяд, дар ҳамкорӣ бо созмони байналмилалии муҳоҷират талош карданд, то як нафаре аз инҳоро қурбонии хариду фурӯш нишон диҳанд, аммо шаҳодати ду ҷониба монеи ин кор шуд. Ӯ гуфт: «Вақте, ки бо мақомот сӯҳбат кардем, гуфтанд, ки худаш ба сарҳад рафтааст. Аммо аз рӯи нақли модараш, ӯро дугонааш фиреб карда, ба Шӯрообод бурдааст. Мақомот он духтарро гунаҳкор медонист, вале модари духтар духтарашро қурбонии хариду фурӯш медонист. Аммо мо, ки ба ҳамаи маълумотҳо дастрасӣ надоштем, аз баҳри қурбонии хариду фурӯш шинохтани он духтар гузаштем».

Ҳоло низ тибқи иттилои расмӣ ду ҷавондухтари тоҷик дар Афғонистон ба сар мебаранд ва бо гузашти як сол аз сарнавишти онҳо дар ин кишвар хабаре нест. Онҳо бо чӣ роҳе ба Афғонистон рафтаанд ва ё бурда шудаанд, маълум нест. Модари яке аз ин духтарҳо, ки нахост номашро зикр кунем, ба «Озодӣ» гуфт, «пас аз ҳафтае нопайдо шудан фақат марде аз Афғонистон занг зада, аз убури духтараш ба ин кишвар хабар дод».

"Марде занг зад ва гуфт, ки зани ман ба наздам расид. Сиҳату саломат аст. Дигар аз ӯ ҳеҷ хабаре нест. Ҳайронам, ки барои чӣ ва чӣ тавр ба Афғонистон рафт. Хоҳиши ман ин аст, ки духтарам баргардад. Як зани бешавҳари танҳоям ва ӯро бо азоб бузург кардаам. Агар маро шунавад, баргардад".

Ин ду духтар тирамоҳи соли гузашта ба Афғонистон гузаштаанд, ки то ҳанӯз аз онҳо нишон нест.

Аммо дар ҳоле, ки ҳукми Рамазон Назаров барои ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ ба қочоқчиён афғон содир шудааст, ки дар ноҳияи Шӯрообод амалиёти васеъ зидди қочоқчиён идома дорад.

Ҳоло мақомот мегӯянд, марзро пурра зери назорат доранд ва дар шаш моҳи соли равон ягон ҳодисаи рабуда шудани духтарон аз ҷониби қочоқчиён сабт нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи марзбонон талошҳо барои баргардонии ду духтари тоҷик аз Афғонистон идома дорад.

Танҳо дар сурати бозгашти ин ду ҷавондухтар маълум хоҳад шуд, ки онҳо мисли ду духтари дигар фурӯхта шудаанд ва ё ихтиёрӣ ба Афғонистон рафтаанд.
XS
SM
MD
LG