Дар Кӯлоб алайҳи нашъамандӣ аз муллоҳо кӯмак хостанд

Мақомот дар минтақаи Кӯлоб аз имомхатибони масоҷид хостаанд, ки барои коҳиши нашъамандӣ, ин мавзӯъро дар мавъизаҳои худ бештар матраҳ кунанд.
Абдуҷаббор Ҳазратов, директори Маркази мубориза зидди бемории нашъамандӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, барои коҳиш додани нашъамандӣ, аз ҳама роҳҳои қонунӣ истифода мекунанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло барои коҳиши нашъамандӣ аз имомхатибон хоҳиш кардаанд, то ин мавзӯъро дар мавъизаҳои хеш бештар тарғиб кунанд.

Вай гуфт: «Дини ислом нашъамандиро маҳкум мекунад. Мардуми мо ҳама мусалмонанд. Масҷид ҷои омма ҳаст ва аз имомхатибон хоҳиш кардем, ки ин чизҳоро хубтару бештар гӯянд. Таҷрибаҳо нишон дод, ки мавъизаи имомхатибон таъсиргузор ҳаст.»

Ин дар ҳолест, ки аксари муътодони маводи мухаддир дар Кӯлоб, аз табобат дар ҷои зисти хеш худдорӣ мекунанд. Бад ин хотир, созмони ҷамъиятии «Судманд» беш аз 30 тан нашъамандони маҳаллиро барои табобат ба Душанбе фиристодааст.

Толибшоҳ Саидалиев, раҳбари ин созмон мегӯяд, ин гурӯҳ муътодонеанд, ки бояд таъҷилан табобат мегирифтанд, аммо онҳо барои бистарӣ шудан дар беморхонаи маҳаллӣ розӣ нашуданд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо нашъамандии худро аз атрофиён пинҳон дошта, бим доранд, ки бо бистарӣ шудан дар беморхонаи маҳаллӣ, назди ҳаммаҳалагон фош мешаванд.

Толибшоҳ Сайдалиев афзуд, аз ин рӯ, онҳоро барои табобат ба Душанбе фиристодем. Он ҷо ҳам табобати хуб мегиранд ва ҳам касе дар ин бора намедонад. Ин ҷо онҳо аз доғгузорӣ, дар назди ҳаммаҳалагон фош шудан метарсанд. Мо ба онҳо кафолат додем, ки кору табобати шумо махфиёна сурат мегирад ва дар ин бора касе намедонад.

То ба шаҳри Душанбе рафтан мӯътодон дар Кӯлоб дар утоқи вижаи ин созмон ташхису фаҳмондадиҳӣ мешаванд. Як тан аз мӯътодон, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, як сол зери назорати кормандони ин созмон қарор дорад ва истеъмоли маводи мухаддиро кам кардааст. Ӯ мегӯяд, ҳоло барои комилан даст кашидан аз маводи мухаддир, ӯро ба Душанбе барои табобат бояд бифиристанд. Ин ҷавон мегӯяд, ӯ аз фош шуданаш наметарсад, аммо мехоҳад, аз дигар рафиқонаш дуртар табобат бигирад, ки ӯро то анҷоми табобат ба нашъамандӣ ташвиқ накунанд.

Ӯ гуфт: «Ин ҷо сахтат мегиранд, дигар намешавад. Рости гап, хокаи сафеди ҳероин истифода мекардем. Бо кӯмаки ҳаминҳо ҳоло хеле хубтар шудаам. Чанд бор афтида, ҳама ҷоямро маъюб кардам. Дар табобат ҳастам. Ҳозир инҳо ният доранд, ки барои «сухой лечений» маро ба Душанбе равон мекунанд.»

Дар ҳамин ҳол, масъулини созмони ҷамъиятии «Судманд» мегӯянд, сар аз соли 2005 шумораи муътодон дар Кӯлоб коҳиш ёфта буд, аммо ғайриинтизор давоми ду соли ахир ин раванд дар миёни ҷавонон рӯ ба афзоиш овардааст. Тайи як соли ахир беш аз 400 нашъаманд барои табобат муроҷиат кардаанд.